"ФАРАЖ"
Дар пасманзари шиддат гирифтани ин баҳс мусоҳибаеро бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, мунташир кардааст. Ҷаноби Абдулқодирзода гуфтааст, "мо ба мазҳаби шиа муомилаи нек ва эҳтиром дорем. Агар Тӯраҷонзодаҳо мазҳаби шиаро қабул кардаанд, марҳамат биёянд дар назди мақомоти ваколатдор ҳамчун масҷиди ҷомеи шиа ба қайд гиранд. Дар ин сурат, Шӯрои уламоамали онҳоро маҳкум намекунад."
"ИМРӮЗ-НЮС"
Дар ин робита суханони Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро овардааст, ки гуфтааст, "мо ӯро (Сайидмукаррам Абдулқодирзода) ба додгоҳ медиҳем, ҳамчун касе, ки иғво меангезад, ҳамчун нафаре, ки ҳуҷҷатро қалбакӣ кардааст... Ин масъаларо ба раисиҷумҳур мерасонем, то охир судбозӣ мекунем ва шиа набудани худро исбот мекунем."
"НАҶОТ"
Роҳи ҳалли баҳси ба вуҷудомадаро ҷӯё шуда ва пешниҳод кардааст, ки "Абдулқодирзода ва Тӯраҷонзода бояд ҳамдигарро ба оғӯш гиранд". Нашрия аз қавли Абдувоҳид Шамолов, донишманди тоҷик навиштааст, "тарафҳо бояд дасти ваҳдат кушоянд. Зеро дар заминаи афкори маҳдуди инсонӣ исбот кардан ва ҳақ шуморидани тарафе имкон надорад."
"СССР"
Дар матлаби "Мусибат аз муфтиёт аст, ё қозӣ, ё ҳар ду?" навиштаст, "ин баҳси илмист ва бигузор Акбар Тӯраҷонзода ва Сайидмукаррам Абдуқодирзода дар мурофиаи судӣ ҷанҷолашонро ҳаллу фасл намоянд." Муаллифи матлаби хитоб ба ин ҳарду навиштааст, "мутмаин бошед, агар пӯсти ҳамдигарро ба хотири тозагии мазҳаб ва ҳадафи дигар биканед ҳам, мардум ба ин гуна дасисаҳо дигар бовар надорад ва аз пушти касе намеравад, хоҳ он нафар Тӯраҷонзода аст ва ё хоҳ Абдуқодирзода."
"МИЛЛАТ"
Назари чанд тан аз коршиносону мутахасисонро дар бораи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон пурсидааст. Генерали мустаъфӣ Нуралишоҳ Назаров дар миён гузоштани ин масъаларо барои Тоҷикистон муҳим медонад. Сайфуллоҳ Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди дафтари раёсати ҷумҳурӣ бар ин назар аст, ки "ин масъаларо мо бояд бо амалӣ шудани як қатор манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ пайваст намоем. Ё онро бар ивази маблағе иҷора бидиҳем ва ё мӯҳлати онро кам намоем". Аммо таҳлилгар Нуралӣ Давлат мегӯяд, "агар мӯҳлати ҳузури пойгоҳи низоми Русия тамдид бишавад, бояд ба ҳамон мӯҳлате тамдид шавад, ки президенти вақт сари қудрат аст."
"НИГОҲ"
Таҳаввулоти ахир дар Русияро ба чолиш кашида ва дар матлаби "Зимистони русӣ ва ларзаҳои ҳосил аз он" навиштааст, "Тоҷикистон метавонад аз ин рӯйдодҳои Русия дарси фаровон бигирад, чун ҳар он чи дар Маскав иттифоқ меуфтад, баногоҳ дар Душанбе ҳам бозтоб меёбад. Муҳимтарин нуктае, ки тахтдорони Душанбе бояд аз бар бидонанд, ҳақиқатест, ки акнун Путин ҳам медонад: ҳар касе бештар аз муддати муқаррари раёсати ҷумҳурӣ ва бо ҳар ҳилаву найранге сари қудрат мемонад, саранҷом сияҳрӯю бадном хоҳад шуд ва бо хорию хиффат аз курсиаш ронда хоҳад шуд."
"АЗИЯ-ПЛЮС"
Бори дигар мавзӯи сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"-ро матраҳ кардааст. Дар матлаби "Нам нужен Рогун!" (Ба мо Роғун даркор аст!) навиштааст, "дар ҳоле ки сиёсатмадорони Тоҷикистону Узбакистон баёнияҳои шадидуллаҳн дар мавриди сохтмони Роғунро табодул мекунанд ва Бонки Ҷаҳонӣ ба кундӣ ташхиси нерӯгоҳро анҷом медиҳад, одамон дар Тоҷикистон аз бӯҳрони энержӣ мемиранд". Нашрия бо такя ба таҳлили коршиносон менависад, имкон дорад Бонки Ҷаҳонӣ бо ба дарозо кашондани масъалаи ташхис зидди сохтмони ин нерӯгоҳ қарор бигирад