Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: Ҳиҷоб, миниюбка ё либоси ягонаи мактабӣ?


Бештари нашрияҳо аз тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди марҳилаи аввали сохтмони Роғун интиқод кардаанд.

"Имрӯз нюс" сарлавҳаи матлаберо, ки ба ин мавзӯъ ихтисос дорад, чунин ном гузоштааст: "Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро фиреб дод?" Ин нашрия гуфтааст, "ба назар чунин мерасад, ки Бонки Ҷаҳонӣ бар сари тааҳҳуди худ бо Тоҷикистон дар хусуси сохтмони нерӯгоҳи Роғун
Роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ чанд соли ахир аст, ки мушкилоти гуногунро ба бор овардаву то кунун сари тарҳ ва пазириши он масъулон ба қарори қатъӣ наомадаанд...

қоим нест. Вагарна ин бонк чаро роҳҳои алтернативии бо барқ таъмин намудани Тоҷикистонро меҷӯяд ва сармоягузорӣ ба соҳаҳои алтернативиро афзалтар медонад?" Дар идомаи матлаб мехонем: "Изҳори назари масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар ҳолест, ки ҳанӯз марҳалаи ниҳоии экспертизаи Роғун ба анҷом нарасидааст ва он то моҳи марти соли оянда идома мекунад".

АМБИТСИЯИ ЯК ШАХС Ё МИЛЛАТ?

"Тоҷикистон" низ дар матлабе бо номи "Бонки Ҷаҳонӣ мухолифи Роғун?" навиштааст, ки "тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ чӣ маънӣ дорад? Агар "деҳқонфаҳм" карда гӯем, онҳо ҳушдор дода истодаанд, ки мо метавонем муқобили сохтмони Роғун бошем. Бале, ҷанобон. Ба умеди амма тушбера хом монда истодааст ва маълум, ки ин амма ҳам он қадар аммаи дилпур нест." Нашрия бо таваҷҷӯҳ ба пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ ин суолро мегузорад, ки "Акнун чӣ мешавад? ва посухи онро ҳам медиҳад: "Аввалин коре, ки баъд аз ин суханон бояд анҷом гирад, барканории онҳое бояд бошад, ки тарҳи Роғунро дар арсаи байналмилалӣ ҳимоя мекарданду аз ӯҳдааш набаромадаанд... Баъдан бо он захираи маблағе, ки барои сохтмони ин иншоот ҷамъ шудааст, суръати сохтмонро баландтар бояд кард. Зеро Аврупо бояд эҳсос кунад, ки сохтмони Роғун амбитсияи як роҳбар нест, балки ҳаёту мамоти як миллат ва наслҳои ояндаи он мебошад".


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:11 0:00
Линки мустақим



КАБИРИИ ЯККАТОЗ?

"Нигоҳ" бо таваҷҷӯҳ ба Анҷумани қарибулвуқӯи ҲНИТ, ки ба таърихи 24-уми сентябр дар назар дошта шудааст, мавзӯи дар мансаби раҳбари ин ҳизб мондан ва ё намондани Муҳиддин Кабириро ба баррасӣ гирифтааст. Нашрия дар матлаби "Раиси нав: Муҳиддин Кабирӣ ё кӣ?" навиштааст, ки "мавқеи тақвиятёфтаи Кабирӣ баъд аз интихоботи порлумонии 2010-ро танҳо ин фикр, ки ӯ ба раҳбари беалтернатива дар ҲНИТ табдил ёфт, тақвият медиҳад. Акнун рафтани ӯ аз ин мақом дур аз тасаввур менамояд. Ин вазъ рақибони ӯро низ наметавонад ором гузорад. Сару садоҳо дар бораи Муҳаммадҷони Нурӣ, писари асосгузори ҲНИТ, ҳоло сарвари раёсати ин ҳизб дар шаҳри Душанбе, ки шояд яке аз муддаиёни мақоми раҳбарӣ бошад, кӯшишест, барои заъиф кардани яккатозии Кабирӣ. Ин кӯшишҳо хоҳ аз дохил ва хоҳ аз хориҷ ҳастанд, коҳише дар обрӯи ҲНИТ нахоҳанд овард, зеро он чӣ ҳизб бо Кабирӣ ва Кабирӣ бо ҳизб ба даст овард, муваффақиятест, ки бидуни ҳазинаҳои зиёд ва заъфи рақибон ба даст омад".

"НОЗ" ДАР СИЁСАТ

"Озодагон" низ дар ин робита матлаберо зери сарлавҳаи "Ноз"-и Кабирӣ мунташир карда ва ба нақл аз Марат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи "Азия-Плюс" навиштааст, ки "дар вазъияти имрӯзаи кишвар ва дохилиҳизбии ҲНИТ чизеро дар мавриди интихоби раҳбар пешгӯи кардан имконнопазир аст. Ба эҳтимоли зиёд Муҳиддин Кабирӣ аз идораи ҳизб хаста шуда бошад. Чунки барои нигоҳ доштани тавозун миёни ҳукумат ва ҷонибдоронаш талоши зиёд меварзад. Аммо чун дид, ки ин кор натиҷаи мусбатро нишон намедиҳад, пас дар мавриди маҳдуд намудани мӯҳлати раҳбарии ҳизб ва эҳтимоли истеъфои мустақилона тасмим гирифт. Зеро Кабирӣ ба хубӣ огоҳӣ дорад, ки ҳеҷ гоҳ аъзои ҲНИТ иҷозаи тарки ин вазифаро ба вай нахоҳанд дод". Ҷаноби Мамадшоев гуфтааст, ки "аъзои ҲНИТ, ҳукумат ва ҳам дар дигар доираҳои сиёсӣ Кабирӣ ба унвони як сиёсатмадори муваффақ дониста мешавад. Ҳатто дар сурати интихоби ҷонибдорон ҳукумат ба Кабирӣ иҷозаи истеъфо рафтанро намедиҳад. Зеро истеъфои Кабирӣ аз симмати раҳбари ҲНИТ ба манфиати ҳукумат ва ҳизб набуда, беҳтар аст агар вай дар идома низ ин тавозунро нигаҳ дорад".

ВАЗИРЗОДА ВАЗИР МЕШАВАД, ЧӮПОНЗОДА ЧӮПОН

"Имрӯз нюс" дар матлабе дигар таҳти унвони "Мансаб ба фарзанди мансабдорон" мавзӯи фаъолияти фарзандони афроди мансабдор дар вазифаҳои мухталифи давлатиро ба чолиш кашида ва навиштааст, ки "ба мансаб расидани фарзандони мансабдорон наметавонад ба нуфузи Тоҷикистон бетаъсир бошад. Дар ҳоле, ки дар сари вазифа будани баъзе аз вазирҳои мо қариб баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон аст, дигар мансабҳо низ кунун дар доираи оилаҳояшон давр мезанад. Ин ҳам дар ҳолест, ки яке аз омилҳое, ки дар кишварҳои арабиву дар Қирғизистон боис ба кӯчаҳо рехтани мардум гардид, маҳз ба вазифаҳо бештар расидани пайвандони «чиновник»- ҳо буд." Нашрия хулоса мекунад, ки «дар Тоҷикистон чунин ба назар мерасад, ки суннати фарзанди мансабдор будан ин аст, ки бояд ӯ ҳам мансабдор бошад. Ин падида равандеро ба миён овардан дорад, ки дар оянда фарзанди вазир бояд вазир шавад, фарзанди чӯпон бояд чӯпон бошад".

ЧИРО МУАРРИФӢ МЕКУНЕМ?

"Наҷот" дар гушаи «Минбари коршинос» дар пасманзари хабари сармоягузории ширкати «Талко» барои муаррифии Тоҷикистон тариқи шабакаи телевизионии «Евронюс» суоли «Тоҷикистон чӣ чизро ба ҷаҳониён таблиғ намояд?» матраҳ кардааст. Дар посух ба ин суол Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ гуфтааст, «сулҳи тоҷикон ягона дастоварди нодирест, ки ҷаҳон онро эътироф кардааст, аммо дар навори таблиғотӣ ҷой пайдо кардани воқеияти он дар гумон аст». Барзу Абдураззоқов, коргардони театр ва ҷеҳраи фарҳангии ҷомеа гуфтааст, ки «албатта, пахши ин навор зарур аст, вале заруртар аз ҳама пахши мушкилоти печидаест, ки кишвар мувоҷеҳи он қарор дорад». Аммо Шамсиддин Ҷалолов, раиси бахши душанбегии Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бар ин назар аст, ки «агар Тоҷикистон ба коргузориҳои ҷаҳонӣ ҷавоб гуфта тавонад, бояд ба таблиғи оби тозае таваҷҷӯҳ зоҳир намояд, ки миёни кишварҳо ҳамчун як мушкили собит аст. Инчунин соҳаи таъминоти энергетикии минтақаро низ бояд пешкаши ҷаҳониён гардонем. Агарчӣ дар ин самт муваффақият надорем, аммо аз бартарӣ бояд гуфт».

IRS ВА ХАЙРУ САХО

"Фараж"
мавзӯи хайру сахо дар моҳи Рамазонро ба чолиш кашида ва дар матлаби «IRS ва Хайр» навиштааст, ки «аҷиб аст, ки ҳатто даъватҳои Президент барои дар моҳи Рамазон хайру сахое кардан ба мардум, ба гӯши ин ширкати мистер ИКС, ки бе супоридани ягон намуди андоз сомониро ба Вирҷиния мебарад, то ҳол нарасидааст». Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи нашрия «аз пайдо шудани дидбонгоҳҳои пулчинӣ фақат мардуми қашшоқ, ононе, ки мусофири роҳ ҳастанд ва ононе, ки аз бозор маҳсулот мехаранд, зарар дидаанду бас! Бо оғози ҷамъоварии пул, ронандагони роҳ ҷамъи маблағи IRS мегирифтаро ба сари мусофирону қимати кашондани бор заданд. Ин ба якбора баланд шудани нархи маҳсулоти роҳкиро оварда расонид».

ҲИҶОБ, МИНИЮБКА Ё...

"Миллат" дар остонаи фарорасии соли нави хониш мавзӯи либоси мактабиро ба баррасӣ гирфта ва дар матлаби "Аз баҳси ҳиҷоб ва миниюбка то либоси ягонаи мактабӣ" навиштаст, ки "роҳандозии либоси ягонаи мактабӣ чанд соли ахир аст, ки мушкилоти гуногунро ба бор овардаву то кунун сари тарҳ ва пазириши он масъулон ба қарори қатъӣ наомадаанд. Ин мушкил имсол аз солҳои собиқ бештар боис ба пайдо гаштани овозаву дағдаҳои зиёд шуд. Ба назар мерасад, ки ин тарҳ аз як иқдоми шоиставу қобили дастгирӣ, бештар ба кори номуваффақ ва сиёсатҳои косметикӣ дар соҳаи маориф бадал мешавад».
XS
SM
MD
LG