Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон дар Қатар. Афғонистон сафирашро фаро хонд


Кобул дар ҳоле сафирашро аз Қатар фаро хонд, ки Толибон нияти таъсиси намояндагии худро доштанд.

Вазорати умури хориҷии Афғонистон бо нашри баёнияе гуфт, Холид Аҳмад Закариё, сафири ин кишвар дар Қатар, ба манзури машварат ба Кобул фаро хонда шуд.

Дар баёния омадааст, “Афғонистон бо ҳукумати Қатар равобити бародарона доштааст ва аз ҳамкории он барои бозсозии Афғонистон сипосгузор аст.” Аммо гуфтааст вазорат, “бо назардошти таҳаввулоти ахир дар Афғонистон ва минтақа, ба шумули равобити Афғонистон бо Қатар, ҳукумат тасмим гирифтааст, сафираш Холид Аҳмад Закариёро ба манзури машварат ба Кобул фаро хонад.”

Як мақоми афғон, ки нахост, номаш бурда шавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Қатар дар заминаи таъсиси намояндагии Толибон дар Доҳа бидуни машварат бо ҳукумати Афғонистон, вале бо ҳамоҳангӣ бо Амрикову Олмон иқдомотеро анҷом додааст ва ба гуфтаи он мақом шояд Афғонистон дар эътироз ба ин масъала сафирашро фаро хонда бошад.

Иқдоми Қатар барои таъсиси дафтари Толибонро роҳе барои оғози музокироти расмии сулҳ бо Толибон ва хотима додан ба ҷанги тақрибан даҳсола дар Афғонистон медонанд. Дар сурати ифтитоҳи дафтари Толибон, ин гурӯҳ баъди суқуташ дар Афғонистон дар соли 2001 соҳиби нахустин дафтари эътирофшуда дар як кишвари хориҷӣ хоҳад дошт.

Баъди кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон талошҳо барои суол бо намояндагони Толибон зери суол рафтааст
Баъди кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон талошҳо барои суол бо намояндагони Толибон зери суол рафтааст
Бархе аз мақомҳои афғон ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтаанд, ҳукумати Кобул медонист, ки Қатар бо Амрикову Олмон барои ифтитоҳи дафтари Толибон дар машварат кардааст ва аз ин амр ҳимоят мекард. Вале гуфтаанд онҳоӯ, чаро Қатар намояндагони Афғонисторо ба ин музокирот даъват накардааст. Ба гуфтаи ин мақом, ифтитоҳи дафтари Толибон набояд ба ҳайси гузаште барои ин гурӯҳ пазируфта шавад.

Давлати Афғонистон қаблан дар нишасти шаҳри Бонн аз ҷомеаи байнулмилалӣ хоста буд, ки раванди мусолиҳа бо мухолифини мусаллаҳ, аз ҷумла Толибонро бояд худи афғонҳо раҳбарӣ кунанд. Эмин Файзӣ, сухангӯи раисиҷумҳур Ҳомид Карзай, дар яке аз мусоҳибаҳояш дар остонаи нишасти Бонн ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ҳукумати Афғонистон мухолифи ҳар навъ музокироте аст, ки ба раҳбарии ин кишвар сурат нагирад.

Амрикову кишварҳои дигари ғарбӣ ҷӯёи роҳи ҳалли сиёсӣ барои поён додан ба ҷанги пурҳазинаи даҳсолаи Афғонистон ҳастанд ва раисиҷумҳур Ҳомиди Карзай низ борҳо Толибонро ба музокироти сулҳ даъват кардааст. Аммо баъди кушта шудани Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии Сулҳи Афғонистон аз тарафи як нафар, ки худро қосиди сулҳи Толибон муаррифӣ карда буд, ин ҳама талошҳо зери суол рафт.
XS
SM
MD
LG