Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Демократия"-и тоҷик соҳиби ҷоиза шуд


Асари карикатурии Фаррух Аҳроров, ки соҳиби ҷоиза шуд
Асари карикатурии Фаррух Аҳроров, ки соҳиби ҷоиза шуд

Рассом ва хабарнигори тоҷик -- Фаррух Аҳроров дар озмуни ҷаҳонии карикатуранигорӣ пирӯз шуд.

Ин карикатураи рассоми тоҷик моҳе қабл дар қатори 30 асари беҳтарин аз сӯи ҳайати доварони озмун интихоб гардида ва барои раъйдиҳии мардум дар шабакаи Интернет гузошта шуд.

Дар пайи раъйдиҳии корбарони интернет дар ҷаҳон асари карикатурии намояндаи Тоҷикистон дар бахши "Демократия" ҷоизаи дуюмро соҳиб гашт. Фаррух Аҳроров аз миёни намояндагони кишварҳои Шӯравии пешин, ки дар ин озмун довталабӣ мекарданд, танҳо нафарест, ки соҳиби ҷоиза шудааст.

Пирӯзии Фаррух Аҳроров, рассом ва рӯзноманигори тоҷик, касро ба ёди гузаштаи начандон дур мебарад, ки дар Тоҷикистон бозори карикатуранигорӣ гарм буд ва ҳар шумораи маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” даст ба даст мегашт. То тақрибан ду даҳсола пеш расмҳои ҳаҷвӣ саҳифаҳои дигар маҷаллаву нашрияҳо ва ҳатто рӯзномаҳои девории мактабҳои Тоҷикистонро ҳам зеб медод.


"Хорпуштак"-и мо куҷост?


Фаррух Аҳроров, рассом ва рӯзноманигори тоҷик
Фаррух Аҳроров, рассом ва рӯзноманигори тоҷик
Ҳоло карикатуранигорӣ дар Тоҷикистон аз равнақ мондааст. Аммо ба ҳар сурат, ҷоизаи карикатурнигори тоҷик, Фаррух Аҳроров ва зимнан ягона аз миёни намояндагони кишварҳои Шӯравии пешин, баёнгари он аст, ки ҷомеаи тоҷик имрӯз ҳам аз карикатурнигорони хубу хушсалиқа холӣ нест.

Аммо ба гуфтаи Фаррух Аҳроров, дар рӯзҳои мо маҳсули қалами карикатуранигорони тоҷик дар ватан харидор надорад. Ӯ мегӯяд, “карикатуранигорӣ як кори мушкил аст ва вақти зиёд ҳам талаб мекунад. Ва на ҳар нашрияи Тоҷикистон имкони молӣ дорад, ки карикатурнигори худро дошта бошад ё асарҳои дигаронро харидорӣ кунад. Аз ин рӯ, нашрияҳо бештар моли Интернетро бознашр мекунанд.”

Ба гуфтаи мусоҳиби мо, бархе аз рассомон ва карикатурнигорони тоҷик шурӯъ аз солҳои навади асри гузашта дар ҷустуҷӯи майдони беҳтари фаъолият ба хориҷ аз ватан, кишварҳои Олмону Русия, Амрико ва Лаҳистону Исроил кӯч бастанд, бархе ҳам ба хотири пайдо кардани дастмузди хуб ба ороишгарии манзилҳову коргоҳҳо табдили касб кардаанд.


Бозори беравнақи карикатураи тоҷикӣ


Додохони Эгамзод, адиб ва ҳаҷвнигори тоҷик, муассиси ягона нашрияи ҳаҷвӣ, бо номи “Лаку Пак” мегӯяд, ба сабаби набуди карикатуранигорони ҳирфаӣ чопи нашрияаш дер напоид.

Бархе коршиносон мегӯянд, аксар нашрияҳои давлативу хусусӣ ба роҳи осон рафта, саҳифаҳои худро бо маводу ҳисоботи расмӣ ва мақолаву навиштаҳои фармоишӣ дар бораи “корномаҳо”-и афроди мансабдор пур кардаанд ва аз нашри матолиби танқидӣ ва карикатураҳо дар мавзӯъҳои доғи рӯз ба истилоҳ “мегурезанд”.

Бештари мансабдорони давлатӣ низ дидани карикатура дар бораи камбуду нуқсонҳои худу ҷомеаро хуш надоранд. Баръакси он ки давлати Шӯравӣ карикатураро ба ҳайси як силоҳи муассири идеологӣ дар тарғиби ақидаву барномаҳои худ ва мубориза бо камбудиву нуқсонҳои ҷомеа, вале дар сатҳи то танқиди мансабдорони ҳукумативу ҳизбӣ, кор мебурд.


Мақомот аз карикатура метарсанд?


Салимбой Ҳасанов, устоди фанни таърихи санъат дар факултаи рассомӣ ва нақшакашии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд мегӯяд, дар ҳоли кунунӣ ба шогирдони факултааш танҳо таърихи карикатуранигории тоҷикро меомӯзанд. Вале факултааш чун дар дигар факултаву омӯзишгоҳҳои рассомии кишвар бахши ҷудогонаи карикатуранигорӣ надорад.

Ҷаноби Ҳасанов мегӯяд, “карикатура, ки мавзӯъаш ҳаҷвию танқидӣ аст, на ба ҳама писанд меояд. Ва гоҳе ба рассомон асари офаридаашон пушаймонӣ меорад. Ман як мисол меорам. Мо ду-се сол пеш дар арт-галереяи намоиши асарҳои рассомӣ баргузор кардем, дар мавзӯъҳои доғи зиндагӣ аз нигоҳи онҳо. Он ҷо як карикатура ба намоиш гузошта шуд, ки дар он рассом ба ҷойи лампаи барқӣ дар хонаи ҳозирзамон шамъро тасвир кардааст. Ин боиси норизоии бархе аз мақомот гашт, ки чаро аҳолӣ бо барқ таъмин асту Шумо танқид мекунед. Ин хел назарҳо ҳам ҳаст.”
XS
SM
MD
LG