Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон: "Ҳавопаймои бесарнишинро ба Амрико намедиҳем"


Ҳусейн Саломӣ, муовини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон
Ҳусейн Саломӣ, муовини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон

Мақомоти Эрон мегӯянд, ҷумҳурии исломӣ ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрикоро пас нахоҳад дод.

Ҳусейн Саломӣ, муовини фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, рӯзи якшанбе дар телевизиони Эрон гуфт, ҷумҳурии исломӣ ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико, ки дар шарқи кишвар сарнагун шудааст, ба Иёлоти Муттаҳида пас намедиҳад. Вай инчунин таҳдид кард, ки “душманон осори посухҳои Эронро хоҳанд дид.”

Аз ин пеш, телевизиони давлатии Эрон рӯзи панҷшанбе аксҳои “ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ”-ро пахш кард. Фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Сипоҳи посдорони Эрон мегӯяд, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар тавонистаанд ин ҳавопаймои навъи RQ-170–ро бо “камтарин хисорот” дар шарқи Эрон ба замин бинишонанд

Фармондеҳи Сипоҳи посдорон дар гуфтугӯ бо расонаҳои давлатии Эрон гуфт, ки “ахиран бо маълумоти ҷамъоваришуда ва таҳқиқоти дақиқи электоронӣ мушаххас шуд, ки ин ҳавопаймо қасди нуфуз ва ҷосусӣ бар фарози кишварро дорад. Пас аз ворид шудани ин ҳавопаймо ба фазои Эрон, ин ҳавопаймо дар камингоҳи электронии нерӯҳои мусаллаҳ қарор гирифт ва бо камтарин хисорот дар Эрон ба замин нишонда шуд.”

Вай дар идома гуфтааст, “коршиносон ва мутахассисони низомӣ ба хубӣ медонанд, ки ин ҳавопаймо чӣ маълумоти технологии гаронқиматро бо худ дорад.”

Тибқи ин гузориш, дарозии ду боли ин ҳавопаймо ҳудуди 26 метр, дарозии баданаи он чаҳоруним метр ва баландии он як метру 84 сантиметр аст ва дорои системаҳои пешрафтаи ҷамъоварии маълумоти электронӣ, тасвирӣ, мухобиротӣ ва сомонаҳои родории гуногун аст.

Дар ҳамин замина вазорати умури хориҷии Эрон рузи панҷшанбе бо эҳзори сафири Суис, эътирози худро баён намуда, ва хостори тавзеҳоти фаврӣ ва иқдомоти ҷубронии давлати Амрико дар ин замина шудааст. Аммо расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, сарнагунии ин ҳавопаймои ҷосусӣ бинобар мушкилоти фаннӣ ва техникӣ сар задааст.

Расонаҳои амрикоӣ ба ин бовар ҳастанд, ки сарнагунии ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ нишонгари он аст, ки Вошингтон амалиёти ҷосусӣ ва ҳамчунин фишорҳо бар Эронро афзоиш додааст.

НАТО, ки раҳбари нерӯҳои эътилофро бар ӯҳда дорад, пештар дар вокуниш ба изҳороти мақомоти Эрон дар хусуси сарнагунии ин ҳавопаймои бидуни сарнишини амрикоӣ эълом карда буд, ки ҳавопаймои мавриди ишораи Эрон дар як маъмурият бар фарози Афғонистон парвоз мекард.
XS
SM
MD
LG