«Узбекистон темир йӯлларӣ» гуфт, ин вагонҳо роҳҳоро банд карда, барои худи ширкати Узбакистон низ мушкили фаровон эҷод мекунанд. Ширкати роҳи оҳани Узбакистон ҷамъи вагонҳои бандшудаи Тоҷикистонро 270 адад баршумурда гуфтааст, ки бо ирсоли чанд барқия ба Душанбе, истифодаи роҳи Қудуқлӣ ба манзури интиқоли ин вагонҳоро пешниҳод кардаанд, вале аз ҷониби Тоҷикистон ба ягон барқия посух нагирифтаанд.
"МАСИРИ ҚУДУҚЛӢ ПУРҲАЗИНА ХОҲАД БУД"
Аммо Саидҷон Ёдгорӣ, намояндаи хадамоти боркашонии ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳи Қудуқлӣ ба Душанбе мебарад, ки бар ҳазинаи ҳамлу нақли борҳо хоҳад афзуд ва гумон аст, ки соҳибони бор ин пешниҳодро бипазиранд. Ӯ афзуд, ки Тоҷикистон ҳамчунон ба боз кардани роҳи Тирмиз –Қӯрғонтеппа исрор меварзад.
Владимир Собкалов, муовини раиси ширкати роҳи оҳани Тоҷикистон теъдоди вагонҳои роҳии вилояти Хатлонро, ки дар Узбакистон банд мондаанд, 342 вагон ҳисоб карда, гуфтааст, ки онҳо омодаанд қитъаи харобшудаи роҳи оҳани Тирмиз –Қӯрғонтеппа дар мавзеъи байни Амӯзанг – Ғалабаро аз ҳисоби худ тармим кунанд, вале ин Тошканд аст, ки дархостҳои мукаррари онҳо ҷиҳати эъзоми як ҳайъат барои омӯзиши вазъ дар ин қитъаро ношунида мегирад.
Ҳаракати қаторҳо тавассути роҳи оҳане, ки аз Узбакистон ба ҷануби Тоҷикистон меравад, аз 16 ноябр ба ин сӯ қатъ шудааст. Ҷониби Узбакистон мегӯяд, дар қитъаи Амӯзанг –Ғалаба пояҳои як пули роҳи оҳан дар натиҷаи «ҳамлаи террористӣ» тахриб шуда, ҳаракати қаторҳоро аз ин тариқ ғайримумкин кардааст.
Дар Душанбе ин иддаои «Узбекистон темир йӯлларӣ»-ро баҳонасозӣ меноманд ва бар ин боваранд, ки Узбакистон зоҳиран мисли баҳори соли 2010 дар пайи муҳосираи роҳҳои оҳани Тоҷикистон аст. Дар он рӯзҳо бар асари масдуд шудани роҳи оҳани Тирмиз-Қӯрғонтеппа дар ҳудуди Узбакистон беш аз 2000 вагони Тоҷикистон банд монда, Душанбе барои ҳалли ин қазия аз ниҳодҳои мӯътабари байналмилалие, чун СММ ва САҲА, кумак ва мусоидат хоста буд.
МУШКИЛОТИ УЗБАКИСТОН ТАНҲО БО ТОҶИКИСТОН НЕСТ...
Аммо маълум мешавад, Узбакистон дар масъалаи ҳамлу нақли молу коло тавассути роҳҳои оҳанаш бо кишварҳои дигари минтақа – Қазоқистону Қирғизистон ҳам мушкил доштааст.
Қирғизистон бахши аъзами борҳояшро аз роҳи шимолие, ки бидуни убури ҳудуди Узбакистон мустақим аз Қазоқистон меояд, мекашонад, вале таъминоти вилоёти ҷанубиаш –Ӯшу Ҷалолобод тавассути хаттест, ки аз Узбакистон мегузарад. Бақит Тӯрабоев, тоҷири маъруф ва феълан муовини раиси парлумони Қирғизистон рӯзи 8 декабр дар иҷлосияи Ҷогорку Кенеш гуфт, мавридҳои фаровони дар Узбакистон банд мондани вагонҳои роҳии Ӯшу Ҷалолобод метавонад камбуди молу колоҳо дар бозорҳои ин кишварро дар пай оварда, мунҷар ба ҳатто таркишҳои иҷтимоӣ шавад:
Оқои Тӯрабоев гуфт «Интиқоли орду гандум, чӯбу тахта ва молҳои дигар қатъ шудааст. Ин як кори хатарнок аст. Ин иттилоъ бояд ба ҳукумат ироа шавад ва масъаларо дар сатҳи ҳукуматҳо ҳалл кунанд. Чунки қатъ шудани интиқоли молу коло метавонад дар ҷануби Қирғизистон боиси таркиши иҷтимоӣ шавад.»
Дар ҳамин ҳол, ширкати роҳи оҳани Қазоқистон хабар дод, ки ба иллати партофтани 20 вагон дар қитъаи Сариоғоши Узбакистон интиқоли тамоми борҳо, ба истиснои ордро тавассути ин масир ба Узбакистон қатъ кардааст. Ба ҳамин иллат, ин ширкат аз 3 ноябр то 12 декабр интиқоли тамоми борҳо ба Афғонистон тавассути истгоҳи Сарҳадободи Туркманистон ва Тоҷикистонро низ қатъ кардааст. Қазоқистон, ки имсол ҳосили фаровони ғалла ҷамъ овардааст, акнун дар пайи омӯзиши роҳҳои алтернативӣ, аз ҷумла истифодаи қаламрави Эрон барои содироти орду гандумаш ба Афғонистон шудааст.