Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози тоҷирон аз тахриби дӯконҳои бозори "Сомон"


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Беш аз 100 тоҷири "Сомон", бузургтарин бозори Чкаловск аз тахриби дӯконҳои худ изҳори нигаронӣ доранд.

Раҳимҷон, яке аз онҳо дар тамос бо Радиои Озодӣ гуфт, намояндагони ширкати "Качулан" бо иттифоқи иҷрочии додгоҳ ва мақомоти дигар ба бозор омада, аз онҳо тақозо карданд, ки дар муддати як шабонарӯз молу колои худро берун оранд.

Ӯ гуфт, "инҳо принсип ба принсип кор карданду дар мобайн мо мондем. Ҳамаи колоҳои худро ҷамъ кардаанд ва мунтазирем, ки чӣ мешавад. Оқибати кор ба мо маълум нест."

Ахиран дар пайи қарори Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон як қисмати бузурги бозори "Сомон", ки ширкати "Азиз-компания" ба иҷора гирифта буд, ба ширкати "Качулан"-и марбут ба шаҳрванди уйғуртабори Чин таслим шуд. Ин баҳси додгоҳӣ аз соли 2010 шурӯъ шуда, инак, ба итмом расидааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим


Мавзӯи баҳс созишномаи миёни Фирӯз Даминов, соҳиби замини бозор бо "Азиз-компания" аз моҳи майи соли 2010 будааст, ки бар пояи он, ахирӣ ҳуқуқ пайдо мекунад, ин қисмати бозорро тариқи иҷора то соли 2015 истифода кунад. Аммо додгоҳ ин муомиларо ғайриқонунӣ хонда, "Азиз- компания"-ро аз ҳаққи истифодаи замин маҳрум кардааст ва ҳоло 110 дӯкондоре, ки дар ин ҳудуд фаъолият доштанд, дар вазъи номуайян қарор доранд. Ба гуфтаи Раҳимҷон, ширкати "Качулан" контейнерҳоеро, ки ба ҳайси дӯкон истифода мешаванд ва ба "Азиз-компания" тааллуқ доранд, бармеканад.

Ҳоҷӣ Карим, сарвари ширкати "Качулан" мегӯяд, кӯшишҳои ӯ барои харидории контейнерҳо аз сарвари Ҷамол Тоҷибоев, сарвари "Азиз-компания" натиҷа надодаанд. Вай мегӯяд, "ман ба ӯ гуфтам, ки ин контейнерҳоро ба ман деҳ, ман ҳаққи онҳоро медиҳам, то мардум кори худро идома диҳанд. Вай мегӯяд, ки не ман контейнерҳоро ба ту намедиҳам. Ҳоло ки ӯ контейнерҳоро мебаранд, ман контейнерҳои нав мехарам ва ба мардум тақсим мекунам. Бидуни мушкил маҳз ба ҳамин одамоне медиҳам, ки ин ҷо дар гузашта кор мекарданд. 100 фоиз!"

Дар ҳамин ҳол, вакили дифои "Азиз-компания" мегӯяд, маҳрум кардани ин ширкат аз идомаи истифодаи қаламрави бозори "Сомон" бо фишори афроди баландмартабаи Тоҷикистон сурат мегирад. Файзиннисо Воҳидова гуфт, соҳиби расмии замин фарзандони яке аз мансабдорони ҳукумати Тоҷикистон аст, ки бо Ҷамол Тоҷибоев созишнома кардааст ва дар ин тиҷорат пушти ӯ чандин нафари соҳибмақом низ меистанд, ки шахсияташон дар давоми мурофиа додгоҳӣ ошкор шудааст.

Вай гуфт, вақте ин доираҳо диданд, ки "Азиз-компания" бозорро обод кард, зуд дар пайи ба даст овардани тиҷорати ӯ шуданд. Хонум Воҳидова гуфт, ҳоло сарвари ширкат Ҷамол Тоҷибоев дар вазъи ногувори молиявӣ ва равонӣ қарор дорад.

Ба шумули "Азиз-компания" аз ин баҳсҳо мизоҷони он низ зарар хоҳанд дид ва оё кӣ ба имдоди онҳо хоҳад расид? Шавкат Бобоев, раиси шаҳри Чкаловск дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ин қазияро таҳти назорат гирифтааст ва ба мушкили мардум расидагӣ хоҳад кард. раиси шаҳри Чкаловск гуфт, "ҳозир ин ширкат контейнерҳояшро мегирад, ширкати дигарӣ контейнерҳояшро меорад ва аз рӯи рӯйхате, ки мо дорем, ба одамон тақсим карда медиҳад. Ҳозир ман бо намояндааш сӯҳбат карда таъкид кардам, ки ба мардум зиён нарасад. Ниҳоят аз баҳси инҳо мардум халос мешаванд."

Дар ҳамин ҳол, Расулҷон мегӯяд, тоҷирон барои ҳар як контейнер то 1,5 ҳазор доллар пардохт карда буданд, аммо ҳоло ба даст овардани як ҷой дар бозори "Сомон" барои як нафар беш аз 10 ҳазор доллар меафтад. Ҳоҷӣ Карим ҳам гуфт, контейнерҳо барои тоҷирон бепул дода нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG