Зимни суханронӣ дар нишасти дурӯзаи вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Вилнюс-пойтахти Литва, ӯ аз қонуншиканҳо дар интихоботи Думаи давлатии Русия, ки дар он ҳизби ҳокими “Русия воҳид” бештари курсиҳоро соҳиб шудааст, интиқод кард ва изҳор намуд, ки Маскав бояд ба тавсияҳои нозирони САҲА гӯш бидиҳад: “Он гуна, ки мо дидаем, дар бисёр ҷойҳо ва ахиран дар интихоботи Думаи Давлатии Русия интихобот озод ва одилона набуд. Мо аз тарзи баргузории чунин интихобот сахт нигаронем”.
Ҳилларӣ Клинтон афзуд, ки аҳзоби сиёсии мустақилеро чун "Парнас" сабти ном накарданд ва дар гузориши муқаддамотии САҲА далелҳои талоши пур кардани cандуқҳои раъйдиҳӣ, тақаллуб дар рӯйхатҳои интихобкунандагон ва дигар қонуншиканиҳо сабт шудааст.
Хонум Клинтон тайи ду рӯзи ахир бори дуввум аст, ки аз интихоботи Думаи давлатии Русия интиқод мекунад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, низ дар нишасти Вилнюс суханронӣ кард ва аммо аз посухи билофосила ба интиқоди хонум Клинтон худдорӣ намуд.
Ҳилларӣ Клинтон ба мушкилот дар раванди демократия ва нақзи ҳуқуқи башар дар кишварҳои собиқ шӯравӣ таъкид кард ва афзуд, ки баъд аз нишасти Вилнюс бо фаъолони мухолифини Белорус мулоқот мекунад.
Як сол қабл ҳукумати Александр Лукашенко мухолифинро, ки баъд аз интихоботи баҳсбарангези президентӣ дар ҳамоишҳои эътирозӣ ҷамъ омада буданд, саркӯб кард. Хонум Клинтон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба нақзи ҳуқуқи башар дар Белорус, ба шумули мӯҳлатҳои тулонии ҳабси номзадҳо ба мақоми президентӣ, ки алайҳи Лукашенко садо баланд карданд ва ҳукми додгоҳии яке аз фаъолони ҳуқуқи башари Белорус дар охири моҳи гузашта ҷалб намуд.
Ӯ гуфт, “дар Белорус, ки ҳамагӣ 40 километр дуртар аз ин ҷо воқеъ аст, ҳомиёни ҳуқуқи башар ба таъқиби шадид мувоҷеҳанд. Аз ҷумла афроде чун Алес Белятский, ки бо иттиҳоми сарпечӣ аз пардохти андоз барои чаҳору ним сол маҳкум ба зиндон шудааст ва аммо ҷинояти воқеии ӯ дар чашми ҳукумат он аст, ки ба қурбониёни таъқибу фишори ҳукумат кӯмак мекард. Собиқ номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳури Белорус Андрей Санников ва Михаил Статкевич баъд аз як соли таъқибу фишори ҳукумат ҳамроҳ бо дигар маҳбусони сиёсӣ ҳанӯз дар зиндонанд.”
Вазири умури хориҷии ИМА афзуд, ба назар мерасад, ки Украина, дигар аз кишварҳои собиқ шӯравӣ, аз роҳи демократия канор меравад. Ӯ ба ҳукми додгоҳии Юлия Тимошенко, нахуствазири пешин ва рақиби Виктор Янукович дар интихоботи ахири президентӣ ишора намуд, ки ангезаи сиёсӣ дорад.
Ҳилларӣ Клинтон ба зарурати арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар ва ислоҳоти демократӣ дар кишварҳои собиқ шӯравии Осиёи Марказӣ ҳам таъкид намуд ва гуфт, ки ИМА роҳҳои ҳамкорӣ бо ҳукуматиҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар робита ба масоили тиҷорату энерҷӣ ва дигар масъалаҳо бо Афғонистонро меҷӯяд ва ҳамзамон аз ҳукумату ҷомеъаи шаҳрвандии кишварҳои минтақа талаб дорад, ки аз ислоҳоти демократӣ кор бигиранд ва ҳуқуқҳои аслии инсонро бештар муроот кунанд.
Раҳбари идораи сиёсати берунаи ИМА ҳамчунин аз аҳзоби исломии Миср, ки дар марҳалаи аввали интихоботи парлумонӣ пирӯз шудаанд, бори дигар хостори арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занон ва риояи меъёрҳои демократӣ шуд. Ӯ гуфт, ки пирӯзии аҳзоби исломӣ дар интихоботи парлумонӣ набояд дар роҳи Миср сӯи демократия монеъа шавад.
Дар ҳамин ҳол ИМА, Ҳоланд, Шветсия, Канада ва чанд кишвари дигар талош доранд, ки САҲА бо пазируфтани санади вижа аз озодиҳои аслии хабарнигорони расонаҳои электронӣ пуштибонӣ кунад. Масъулини вазорати умури хориҷии Амрико мегӯянд, онҳо аз таъқиби блогнависон ва хабарнигороне, ки дар сомонаҳои интернетӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, Белорус, Русия ва Туркия кор мекунанд, ошуфтаву нигаронанд.