Дар посух ба дархости Афғонистон ширкаткунандагони ҳамоиши байнулмилалии Бонн гуфтанд, ёрии молӣ ва амалии хешро ба ин кишвар то соли 2024 идома хоҳанд дод. Аммо дар иваз ҳукумат ва ҷомеаи Афғонистон бояд зидди фасод муборизаи густарда оғоз кунад, интихоботҳои шаффоф ва одилона баргузор намояд, ҳукумати амалгаро ва коромад таъсис диҳад. Ин даъватҳо аз ҷониби намояндагони зиёда аз 90 кишвар ва созмони байналмиллалӣ садо дод.
Ҳамзамон ин паём низ садо дод, ки бе ҷорӣ шудани суботу амният дар Афғонистон иҷрои барномаҳои бозсозӣ ва рушди иқтисодии ин кишвар номумкин хоҳанд буд. Вале ду тарафи муҳими марбут ба сулҳ ва амният дар Афғонистон -- Толибон ва Покистон дар ин ҳамоиш ширкат надоштанд.
Вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ишора кард, ки "ширкати Покистон дар конфаронс хеле ба манфиати ҳамаи мо буда метавонист ва ҳеҷ кас дар ин толор ба мисли Иёлоти Муттаҳида нигарони он нест, дақиқан рӯшан кунад, ки дар моҷарои охири марзӣ чӣ чиз иттифоқ афтод."
Покистон баъд аз ҳалокати 24 сарбозаш дар ду посгоҳи марзӣ, ки гуфта мешавад, дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО ба вуқӯъ пайваст, аз ширкат дар ҳамоиши Бонн худдорӣ кард. НАТО инро як тасодуфи ғамангез унвон кардааст. Бовари умум бар ин аст, ки бидуни ҳамкории Покистон масъалаи амният дар Афғонистон ғайри қобили ҳал аст. Ноиби вазири умури хориҷии Афғонистон, Ҷовид Лудин ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ҳимояти Покистон мутлақан ҳалкунанда аст ва мо бо онҳо дар заминаи равобити дуҷониба ҳамкорӣ хоҳем кард. Ин раванд идома дорад, аммо ширкат накардани онҳо дар ин ҳамоииш ба равобити дуҷонибаи мо таъсир нахоҳад дошт."
Ҷаноби Лудин дар айни ҳол иқрор кард, ки мадади Покистон дар таъмини суботи Афғонистон дар марҳалаи феълӣ кофӣ набудааст. Намояндагони давлати Афғонистонро инро ҳам тасдиқ карданд, ки Толибон дар ҳамоиши Бонн ҳузур надоранд.
Аз як сӯ ҳузур надоштани Покистон ва таъкидҳо сари ҳамсоягони Афғонистон ва аз сӯи дигар омодагиҳои Ғарб ба хуруҷ аз Афғонистон дар соли 2014 аҳамияти ҳамкориҳои минтақаиро барои кӯмак ба субот ва рушд дар Афғонистон бештар кард. Вазири молияи Афғонистон Умар Захивол ба Радиои Озодӣ гуфт, Кобул хостори равобити хуби иқтисодӣ бо ҳамсояҳои худ аст, ҳатто бо Эрон, ки имрӯз ҳомиёни ғарбии Афғонистонро нигарон кардааст. Вай афзуд: "Афғонистон воқеан мехоҳад ба тарафи эътидол равад ва бахши фаъоли минтақае шавад, ки Эрон, Покистон, Чин ва дигаронро дар бар мегирад."
Бино бар мавқеи ҷуғрофияш, Афғонистон метавонад гузаргоҳи ҳамлу нақл ва равобит дар минтақа гардад. Роҳҳои Афғонистон метавонанд барои Осиёи Марказӣ пайванди мустақимеро бо бозорҳои Ҳиндустон ё захираҳои, фаразан газу нафти Туркманистон ташкил диҳад. Дар ҳамоиши, ба истилоҳ дувуми Бонн ваъдаҳои пуштибонӣ аз Афғонистон дар шакли доллару евро зикр нагардид ва танҳо инро нишон дод, ки чунин ҳимоят коста нахоҳад гашт.
Дуруст даҳ сол пеш баъд аз чанд ҳафтаи ҳамлаи нируҳои Амрико ба Толибон ва суқути ҳукумати онҳо дар Кобул дар соли 2001 дар Бонн чунин конфронс баргузор шуда ва он вақт ширкаткунандагон ташкили ҳукумати Афғонистонро баррасӣ карда буданд. Дар ин даҳ соли гузашта давлату ҳукумати Афғонистон ташкил ва фаъолияти худро дар минтақаҳои он густариш дод. Ду интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ду интихоботи порламонӣ баргузор шуд. Вале бо вуҷуди пешрафтҳо ниёзи Афғонистон ба кӯмакҳои байналмиллалӣ кам нагашт.