Доварони ин озмун панҷоҳ нафари босалиқаи пойтахти Тоҷикистонро то рӯзи 20-уми декабр муайян ва эълон хоҳанд кард.
Вера Кулакова, мудири кулли радиои "Ватан" ва масъули тарҳи мазкур мегӯяд, дар ин озмун танҳо зебогии одамон ва либоси шинами онҳо ба назар гирифта нахоҳад шуд. Балки ба гуфтаи ӯ, дар ин озмун рафтори хубу истеъдоди довталабон низ муҳим будааст.
Ӯ гуфт, "Масалан, яке аз иштирокдорони озмуни ТОП-50 Далер Назаров аст. Бубинед аз ҳама ҷиҳат ӯ хушсалиқа аст. Ҳам аз ҷиҳати одобу рафтор ва ҳам либоспӯшӣ, ҳам ҳунар. Чаро мо бо чунин ҳамшаҳрии худ ифтихор накунем? Маро як чиз хушҳол мекунад, ки дар ин озмун ҳатто маъмурони пулис, кормандони БДА ва дигарон ҳам хоҳиши иштирок кардан доранд."
Мудири кулли радиои "Ватан" мегӯяд, солҳои ахир дар пойтахти кишвар ва дигар шаҳрҳои марказӣ, фарҳанги шаҳрнишинӣ, бахусус, тарзи либоспӯшиву одоби сухангӯӣ ва нишасту хез, муошират бо ҳамкорон ва меҳмонӣ дар маҳофил коста гаштааст. Ба бовари ӯ, баргузории чунин озмун ва тадбирҳои ба ин монанд метавонад, то ҳадде завқу салиқаи мардумро тағйир бидиҳад.
АЗ ДЕПУТАТ ТО КОРМАНДИ БДА...
Субҳон Ҷалилов, журналист ва яке аз аъзои доварони озмуни "ТОП-50-2011" мегӯяд, онҳо интизор надоштанд, ки ин озмун дар чунин фурсати кӯтоҳ то 200 нафар довталаб пайдо мекунад.
Ӯ гуфт, "Мо баъд аз он ки ин озмунро эълон кардем, аввал сиёсатмадорон, депутатҳо, муаллимон, овозхонҳо довталабии ширкат дар онро карданд. Баътар, ҳатто уламои дин, яъне рӯҳониён ҳам изҳори омодагии иштирок дар онро карданд. Донишҷӯён, духтурон, қариб намояндагони ҳама касбу кор. Муҳимаш ин аст, ки бархе аз ин иштирокчиён ҳоло худашон намедонанд, ки дар ин озмун номнавис шудааст. Чунки худашон не, балки дигарон, ҳамкорон шиносу дӯстонашон онҳоро пешниҳод ва номнавис кардаанд."
Дар ҳамин ҳол, Беҳрӯз Зеваров, продюсер ва яке аз довталабони озмуни мазкур дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ӯ худро дарвоқеъ одами ба истилоҳ "стилний" ва ё босалиқа мешуморад ва маҳз ҳамин ҷиҳати худро омили муваффақиятҳо ва пешравиҳояш медонад. Оқои Зеваров мегӯяд, "албатта ман, ки ба бисёр кишварҳои ҷаҳон сафар кардаам, медонам, ки барои ин ҷиҳатҳои худро тақвият бахшидан дар кишварҳои аврупоӣ бисёр имконоти зиёд мавҷуд аст. Вале дар кишвари мо ба ин ҷиҳатҳо камтар аҳамият медиҳанд. Шояд ҳам агар ман беҳтарин дониста нашавам, вале ширкат дар ин гуна озмун бароям манфиат дораду зарар не."
"ОЗМУН ШАФФОФ ВА МУНСИФОНА НАХОҲАД БУД"
Аммо мусоҳиби дигари мо журналисти ҷавон Сарвиноз Рӯҳуллоева зимни истиқбол аз чунин як озмун, ки барои нахустин бор дар Тоҷикистон таҷруба мешавад, гуфт, чандон ба шаффофият ва мунсифона доир ва натиҷагирӣ шудани ин озмун итминон надорад.
Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, "хабар дорам аз ин озмун ва шахсан мехоҳам иштирок кунам. Лекин аз озмунҳои дигаре, ки дар кишвари мо хусусан пойтахт доир гаштанд медонам, ки дар онҳо ҳатман аз шиносбозиву тағобозӣ ва ҳатто фасод кор мегиранд. Медонам, ки бисёре аз натиҷаҳои ин озмунҳо боиси шикастадилии ҷавонон низ шудааст."
Дар ҳамин ҳол, Вера Кулакова, масъули озмуни "ТОП-50" таъкид бар он мекунад, ки як вижагии ин озмун ҳам дар ҳамин аст, ки бисёр мунсифона ва воқеъбинона доир ва натиҷагирӣ хоҳад шуд.