Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави зидди Эрон бо Тоҷикистон чӣ хоҳанд кард?


Фишорҳои Ғарб алайҳи Эрон дар ҳоле шиддат меёбад, ки ин кишвар аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон айни замон дар ҳоли равнақёбист ва мақомоти ин ду кишвар талош доранд алоқаҳои мавҷуда ҳарчи бештар густариш пайдо кунад.

Эрон дар ин авохир сатҳи алоқа ва ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар арсаҳои дигар, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва низомӣ низ боло бурда ва гоҳо ба унвони як кишвари муҳимми минтақа ва шарики мӯътамад дар ҳаллу фасли баъзе аз баҳсҳои минтақаӣ, аз ҷумла баҳси миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари истифодаи Роҳи оҳан Тоҷикистонро ҷонибдорӣ кард.

Ҳамакнун, ки Эрон бо таҳримоти шадиди кишварҳои аврупоӣ дучор шудааст, сармоягузорӣ ба барномаҳои худ дар Тоҷикистон аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” ва нақби “ Истиқлол”-ро коҳиш ва ё қатъ нахоҳад кард?

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик
Бархе аз коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки Эрон тарҳҳои иқтисодии худ дар Тоҷикистонро ба иҷро мерасонад, зеро фишорҳои воридшаванда аз сӯи кишварҳои ғарбӣ тавони иқтисодии Эронро ба он ҳадде пойин нахоҳад бурд, ки аз сармоягузорӣ ба Тоҷикистон даст кашад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик, бар ин назар аст, ки дар сурати печидатар шудани равобити миёни Эрон бо Иттиҳоди Аврупо, Эрон боз ҳам талоши худро барои анҷоми корҳои оғозкардааш дар Тоҷикистон идома хоҳад дод. Чун, ба гуфтаи ӯ, дигар дар миқёси ҷаҳонӣ ба пуштибонии кишварҳои дигар ниёз хоҳад дошт.

Вале бархе дигар аз коршиносони тоҷик паёмади иқдомоти шадиди кишварҳои урупоӣ алайҳи Эронро рӯи равобити ин кишвар бо Тоҷикистон манфӣ арзёбӣ мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини мудири Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, агар фишор ва таҳримҳои мамолики ғарбӣ муқобили Эрон аз ин бештар бишавад ва ин кишварҳо битавонанд таъйиди дурустии мавқеи худро тавассути Созмони Милал ба даст оваранд, дар равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон таъсири номатлуб расонида мешавад.

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик
Дар ҳамин ҳол бархе дигар аз таҳлилгарони тоҷик бар ин андешаанд, ки дар ҳолати ҳассос шудани муносибати Эрон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, имкон дорад болои мақомоти Тоҷикистон фишор ворид шавад, то ки дар муносибат бо Эрон таҷдиди назар кунад. Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари мустақили тоҷик, мегӯяд, он чи ки Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунад, барои ин кишвар маблағи зиёд ба ҳисоб намеравад. Аз ин хотир, Эрон сармоягузориаш ба Тоҷикистонро қатъ нахоҳад кард.

Бо ин ҳама, коршиносон ва таҳлилгарони тоҷик ба дунболи таҳримҳо шурӯъ шудани амалиёти низомӣ алайҳи Эронро баъид медонанд. Вале агар ин иттифоқ сурат гирифт, ба бовари коршиносон табиист, ки сармоягузории Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон дар марҳилаи таълиқ ва рукуд ворид хоҳад шуд. Зимнан Эрон баъд аз Русия, Чин, Туркия, Қазоқистон сармоягузор ва шарики муҳимми тиҷоратии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, тайи даҳ моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи 165-уним миллион доллар молу маҳсулот ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG