Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон -- муаррих, публисист...


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар тӯли тақрибан бист соли ҳукуматдорияш беш аз бист китоб таълиф намудааст.

Агар Шумо вориди торнамои раисиҷумҳури Тоҷикистон шавед ва бахши "китобҳо"-ро нохун занед, даҳҳо номгӯи китобҳои мухталифи таърихию сиёсиро мебинед, ки ба қалами Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар муддати тақрибан 20 соли ҳукуматдории худ бештар аз 20 китоб таълиф кардааст.

Аксар раисони ҷумҳур баъди нишастан ба курсии раёсат ба даст қалам мегиранд ва то охири раёсат аз панҷ то даҳ китоб менависанд. Ин асарҳо, ки бо коғази навъи аъло ва ному муқоваи ҷалбкунанда ба нашр мерасанд, маълум нест, ки чӣ қадар харидору хонанда доранд.

Дар кишварҳое мисли Узбакистону Туркманистон мутолеаи китоби раисиҷуҳмур маҷбурист. Барои намуна, дар имтинҳонҳои дохилшавӣ дар Узбакистон як суол ба китобҳои раисиҷумҳур марбут мешавад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:03 0:00
Линки мустақим


Китобҳои таълифкардаи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Китобҳои таълифкардаи Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон
Дар Туркманистон "Руҳнома"-и Туркманбошӣ, раисиҷумҳури пешини он кишвар, ба барномаи таълимии мактабҳои ҳамагонӣ шомил буд. Аммо президенти кунунӣ ва ҷавони Туркманистон аз раҳбари пешин ҳам фаротар рафта ва то се китоб таҳия кардааст. Вақте мо аз журналистҳои туркман пурсидем, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар чӣ бора китоб навиштааст, посух ин буд ки “дар ҳамаи мавзӯъҳо”. Охирин китоби навиштаи ӯ дар бораи гулу гиёҳҳои Туркманистон будааст.

Хондани китобҳои президент дар Тоҷикистон маҷбурӣ нест ва шояд бисёриҳо китобҳои ӯро нахонда бошанд. Асарҳои таҳиякардаи президенти Тоҷикистон асосан таърихиянд ва аз тамоюлҳои сиёсии гузаштаву имрӯза, ки ба сарнавишти миллат таъсир доштаанд, ҳикоят мекунанд. "Аз Ориён то Сомониён", "Тоҷикистон дар оинаи таърих" аз намунаҳои ин навиштаҳост.

Усмон Солеҳ, раиси бахши таблиғоти Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳар сатреро, ки дар китобҳои президент мехонед, бо қалами худи Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд. Вай гуфт, "касе барои президенти мо китоб наменависад ва ҳар китоб ба қалами худи эшон тааллуқ дорад. Ҳадафи китобҳои президент ошно намудани насли ҷавон ба таърихи гузаштаи халқи тоҷик аст." Ин масъули ҲХДТ мегӯяд, агар китобҳои президент дар мактабҳо ва донишгоҳҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд, ба нафъи ҷавонон хоҳад буд.

Ин дар ҳолест, ки донишҷӯёни факултаи таърихи донишгоҳҳои Тоҷикистон, мегӯянд, ҳангоми навиштани рисолаҳои дипломию рефератҳо аз китобҳои президент ҳамчун сарчашмаи илмӣ истифода мекунанд. Аммо онҳо мегӯянд, ин китобҳо бештар такрори китоби “Тоҷикон” ва асарҳои таърихии дигар буда, бархӯрди тозаи муаллиф ба мавзӯъ дида намешавад.

Як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, "китобҳои "10 соли итиқлолият", "Аз Ориён то Сомониён"-ро мо истифода мекунем. Дар китобхонаҳо китобҳои президент бисёранд, лекин агар хоҳем, ки аз фурӯшгоҳҳо барои худ бигирем, хеле гаронанд ва дастрас кардани онҳо барои донишҷӯ имконнопазир аст."

Дар ҳоле ки раҳбарони кишварҳои ғарбӣ пас аз рафтан аз мақом ба навиштани китоби хотироти худ шурӯъ мекунанд ва аз фурӯши он пул ба даст меоранд, раҳбарони Шӯравии собиқ ва раисони ҷумҳури кишварҳои пасошӯравӣ ҳамагӣ дар замони ҳукмронии худ китоб таҳия мекунанд.

Мӯъмин Қаноат, шоири тоҷик
Мӯъмин Қаноат, шоири тоҷик
Шоири тоҷик Мӯъмин Қаноат мегӯяд, ки Ленину Маркс азбаски сиёсатмадору олим буданд, афкори худро дар шакли китобу брошюраҳо ба мардум пешинҳод мекарданд. Вале баъдтар ин китобнависиҳо мазмуни дигар гирифт ва ба қавли ӯ ҳоло маълум нест, ки барои чӣ китобҳои бешумор аз тарафи президентҳо навишта мешавад: "Ленин ҳамаи асарҳояшро худаш навиштааст, чунки вай олим буд. Аз ин ба баъд роҳбарони минбаъда бо шахсиятҳои бузурги таърихӣ пайравӣ мекарданду китоб менавиштанд, вале китобҳои ҳозир маълум аст, ки аз тарафи як нафар навишта намешаванд. Ва ин чӣ падида аст, маълум нест. Яъне, оё ин худхоҳӣ аст ё худманишӣ?"

Аксар хонандагони китобҳои таълифнамудаи президентҳои пасошӯравӣ мегӯянд, ин навиштаҳои онҳо чандон умри тӯлонӣ надоранд ва баробари ба поён расидани ҳукуматҳояшон хондану намоиши китобҳояшон низ ба охир мерасад.

Рӯзноманигори тоҷик Абдуазими Абдуваҳҳоб мегӯяд, пӯшида нест, ки китобҳои президентҳои кишварҳои пасошӯравиро як гурӯҳи журналистҳои фармоишӣ ва мушовирони махсус менависанд: "Сарнавишти Туркманбошӣ нишон дод, ки китобҳои сершумори таълифнамудаи онҳо баробари ба поён расидани султаашон, ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад. Фикр намекунам, ки мисли китобҳои навиштаи Ленин аҳамияти худро барои солҳои тӯлонӣ ҳифз кунанд. Ин китобҳои бисёр умри кӯтоҳ доранд."

Ба қавли рӯзноманигори тоҷик бар ивази ин ки президентҳои имрӯз китобҳои зиёд таълиф мекунанд, боз нависандаҳои махсус аз ҳисоби журналистҳову идораҳои давлатӣ ҳастанд, ки дар васфи президент китоб менависанд ва ҳаққи қалами хубро низ дарёфт мекунанд.
XS
SM
MD
LG