Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баландпарвозӣ"-ҳои нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон


Қимати маводи сӯхт, аз ҷумла бензин дар рӯзҳои ахири моҳи ноябр дар Тоҷикистон боз боло рафтааст.

Тибқи иттилои Хадамоти зиддинҳисории ҷумҳурӣ, айни замон нархи як литр бензини навъи АИ- 92 7 сомонию 20 дирам буда, навъи АИ-95 бо қимати 7 сомонию 50 ва дар баъзе нуқтаҳои фурӯш бо нархи 7 сомонию 60 дирам фурӯхта мешавад.

Ин манбаъ мегӯяд, қимати маводи сӯзишворӣ бояд сар аз 1-уми ноябр боло мерафт, вале "бо сабаби баргузории ҷашну чорабиниҳои ҷумҳурӣ, боло бурдани нархи сӯзишворӣ муваққатан нигоҳ дошта шуд, то ки дар ин рӯзҳо нархи маводи ғизоӣ боло наравад."

Аз ҷониби дигар, мақомот афзоиши қимати сӯзишвориро ба қатъи фаъолияти роҳи оҳан миёни Тирмиз ва Қӯрғонтеппа рабт додаанд, ки интиқоли маводи сӯзишворӣ ба ҷануби Тоҷикистонро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Ба манзури пурра намудани талаботи манотиқи ҷанубии кишвар, ҳоло маводи сӯхт аз пойтахт ба онҷо интиқол дода мешавад.

Навори зер аз бойгонист. Оғози болоравиҳои нархи бензин дар Тоҷикистон



Нархи маводи сӯхт дар бозори Тоҷикистон аз 1 апрел, дар пайи якбора 44 дарсад боло рафтани боҷи гумрукие, ки Русия болои содироти маводи нафтиаш ба Тоҷикистон эъмол кард, ба "парвоз" даромад.

Тоҷикистон ҳамсола барои таъмини эҳтиёҷоташ то ним миллион тонна маводи сӯхт ворид мекунад. Таъминкунандаи асосии бозори маводи сӯхти Тоҷикистон Русия маҳсуб шуда, тақрибан 90 дарсади ин бозорро низ таҳти назорат дорад. "Газпромнефт-Тоҷикистон" назорати 42 дарсади ин бозорро дар ихтиёри худ дароварда, дар ҳоли ҳозир бузургтарин воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон дониста мешавад.

Эъмоли боҷу хироҷи гумрукӣ боис шуд, ки воридоти маводи нафтӣ ба Тоҷикистон дар нимаи аввали соли равон 11 дарсад коҳиш биёбад.
Тоҷикистон феълан роҳҳои алтернативии таъмини бозори маводи сӯхташро низ ҷустуҷӯ дошта, дар ин роҳ бештар ба Туркманистону Эрон меандешад. Вале Душанбе дар ин талошҳо барои коҳиши вобастагиаш аз воридоти маводи нафтии Русия ба муваффақияти чандоне даст наёфтааст.

Душанбе умедвор буд, ки дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар авоили моҳи сентябр масъалаи лағви боҷи содиротии маводи нафтии он кишвар ҳал хоҳад шуд, вале ваъдаи мушаххасе дар ин мавзӯъ нагирифт. Ин дар ҳолест, ки Русия маводи нафтиашро ба Қирғизистони ҳамсояи Тоҷикистон бидуни чунин боҷ мефурӯшад.
XS
SM
MD
LG