Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эрон. Сафири Бритониё дар остонаи "ихроҷ"


Бинои сафорати Бритониё дар Теҳрон
Бинои сафорати Бритониё дар Теҳрон

Порлумони Эрон тарҳи коҳиши равобити дипломатӣ ва иқтисодии ин кишвар бо Бритониёро ба тасвиб расонд.

Ин тарҳ дар посух ба тасмими Бритониё дар афзоиши таҳримҳои зидди Эрон ба миён омад.

Пас аз қатъномаи ахири Бунгоҳи ҳастаии Созмони Милал бо хулосаи ин ки Теҳрон бархе аз озмоишҳои марбут ба тасҳлиҳот баргузор кардааст, Бритониё ва Канада Эронро ҳадафи таҳримҳои нав қарор доданд.

Теҳрон пойфишорӣ дорад, ки барномаи ҳастаии он комилан осоишта аст. Тарҳи тасвибшударо ҳоло бояд Шӯрои нигаҳбони Эрон тасдиқ кунад. Бар асоси ин тарҳ, вазорати умури хориҷии Эрон муваззаф шудааст, ки дар чаҳорчӯби ҳифзи манофеи миллӣ ва дифоъ аз ҳуқуқи миллати ин кишвар зарфи ду ҳафта равобити сиёсиро бо Бритониё ба сатҳи "кордор" поин биоварад.

Яъне, намояндагони Маҷлиси Эрон, ки аз таҳримҳои ахири Бритониё алайҳи Бонки марказии ҷумҳурии исломӣ хашмгин ҳастанд, хостори ихроҷи сафири Бритониё дар Эрон шудаанд.

Раиси Кумиссиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷи порлумони Эрон рӯзи якшанбе гуфтааст, "мардум ва масъулон наметавонанд иқдоми ахири Бритониё таҳаммул кунанд."

Сафири ҳозираи Бритониё дар Эрон, ки моҳи октябр ба ин мақом расид, сӣ сол собиқаи хидмат дар Туркия, Португалия, намояндагии доимии Бритониё дар Иттиҳодияи Аврупо, Шри-Ланка ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дорад. Ӯ ҳангоми ба ин мақом таъйин шуданаш гуфта буд, ки “аз сафар ба Эрон бисёр хурсанд ҳастам.”

Вай афзуда буд, “ман муштоқона ба дунболи ҳалли масоили равобити дуҷонибаи Эрону Бритониё бар пояи гуфтугӯ, дарки эҳтироми мутақобил ва дар интизори ошноии бештар бо мардуми Эрон, ҷомеаи печида ва пуртаровати муосир ва фарҳангу суннатҳои онҳо ҳастам.”

Муносибати дипломатии миёни Эрону Бритониё дар тӯли се даҳаи гузашта аз фарозу нишебиҳои бисёре бархӯрдор будааст.
XS
SM
MD
LG