Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назари мардум ба фаъолияти ҳукумат пас аз таниш бо Маскав


Қасри "Миллат"
Қасри "Миллат"

Бӯҳроне, ки дар равобити Душанбеву Маскав сар задаааст, ба назар мерасад, ки амиқтар мешавад.

Ҳарчанд, гузашти мақомоти Душанбе дар мавриди нармтар кардани ҷазои халабони рус эҳсос мешавад, аммо ба назар мерасад, ки Русия аз «аспи ҷаҳл» поин шуданӣ нест ва ҳама дастгоҳҳои фишори худ ба Тоҷикистонро истифода бурдани аст. Акнун ҷанги лафзӣ миёни мақомдорони алоҳидаи ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар ҳоли идома аст. Таври маълум чунин посухдиҳии мақомоти Тоҷикистон мақомдорони Русияро хуш намеояд ва ба Тоҷикистон таҳдидҳои нав доранд.

Барои мисол сарпизишки беҳдошти Русия Генадий Онишенко таҳдид кардааст, ки ба ҳамтои тоҷики худ Самариддин Алиев, роҳи фаҳмонидани масъаларо пайдо хоҳад кард. «Роспетребнадзор» аз вазорати кишоварзии Тоҷикистон тақозо кардааст, ки маҳсулоти воридотии кишоварзии Тоҷикистон ба Русияро ба меъёрҳои байналмилалӣ ва Русия мувофиқ созанд. Ин ҳама иллатҳое, дар равобити Тоҷикистон то кунун нуҳуфта буданд, ки боздошти халабони рус «омили» кашфи дубораи он шудааст.

Аммо ба ҳар сурат мақомот ва ҳукумати Тоҷикистон то ин замон дар ҳалли буҳрони пешомада миёни Маскаву Душанбе чӣ кореро анҷом додаанд, ки боиси нармиши вазъ шавад? Ва мардуме, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд, ба фаъолияти ҳукумат дар ҳалли ин буҳрон чӣ назар доранд ва чи баҳое медиҳанд?

Посухи ин суол дар навори видеоии «Озодӣ»:

Амалкарди ҳукумат ҳангоми таниш бо Русия
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00
XS
SM
MD
LG