Дмитрий Медведев дар сӯҳбате бо хабарнигорон дар минтақаи Приволжский гуфт, муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд суннату одоби кишварашро бипазиранд, вагарна бояд Русияро тарк кунанд, ё ғайриқонунӣ омада бошанд, ихроҷ хоҳанд шуд.
Дмитрий Медведев, аз раҳбарони тамоми минтақаҳои Русия хостааст, бо муҳоҷироне, ки қонунро риоят намекунанд, сахтгир бошанд. Агарчӣ Дмитрий Медведев ба муҳоҷирони тоҷик ишорае накардааст, аммо дар чанд рӯзи гузашта бинобар зиндонӣ кардани ду халабони рус дар Тоҷикистон, садҳо нафар аз муҳоҷиронии кории тоҷикро дар Русия боздошт карданд ва қисмеро ҳам аз онҷо ронданд.
Додгоҳи Қӯрғонтеппа шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро, ки дар Афғонистон барои ширкати «Ролкан» кор мекарданд, рӯзи 8 ноябр бо ҷароими убури ғайриқонунии марз, нақзи ҳарими ҳавоии Тоҷикистон ва қасди қочоқ 8,5-солӣ ҳукми зиндон дод.
Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд.
Бино ба маълумоти расмӣ, танҳо баъди судури ҳукми ин ду халабон, додгоҳҳои Русия ҳукми ихроҷи беш аз 300 муҳоҷири тоҷикро баровардаанд. Як созмони муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ҷамъи тоҷикони аз 11 ноябр ба ин сӯ дастгиршударо ҳатто то 1500 нафар баршумурдааст.