Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Наход халқи тоҷик аз саг ҳам пасттар бошад!"


Боздоштгоҳи шумораи 1-и Маскав барои муҳоҷирон.
Боздоштгоҳи шумораи 1-и Маскав барои муҳоҷирон.

Хонандаи торнамо бо номи Шаъбон аз Макскав менависад:

«Салом Озодӣ. Рости гап, дар Москва вазъият каму беш хуб шуда истодааст, аммо дар бораи он ки ба коркунони пулис фарқ надорад тоҷик, узбек ё қирғизу дигару дигарро боздошт кунанд, гапи нодуруст аст. Ба онҳо фарқ дорад!

Онҳо шиносномаҳоро мебинанд ва агар шаҳрванди Тоҷикистон бошӣ «капаат дуд кард!» туро мебаранд ба спетсприёмник... агар шаҳрванди Узбакистон ё Қирғизистон бошӣ, бе ягон регистратсияву дигар баду бало, сар медиҳанд, инро ман бо чашми худам дидам.

Баъдан дар бораи хӯрду хӯроки боздоштшудагон дар боздоштгохи шумораи 1 шаҳри Москва. Моҳи августи ҳамин сол дар ин боздоштгоҳ филми урусии "Побег-2" ро ба навор гирифтанд. Ман ҳам ҳамроҳи гурӯҳи кории ин филм дар он ҷо ҳузур доштам. Бо муҳоҷирони тоҷик, ки дар он ҷо буданд, ҳамсӯҳбат шудам. Бо чашмони худ дидам ки ин боздоштгоҳ аз ҳабсхона ҳам бадтар аст. Бо онҳо ба мисли туремшикҳо муомила мекунанд.

Дар як рӯз як соат онҳоро ба берун мебароранд ва онҳо дар майдони назди боздоштгоҳ зери конвой мешинанду баъд боз ба камераҳо бармегарданд. Болишту таксарии онҳо сип - сиёҳу чиркин. Хӯрду хӯрокашон тамоман мисли ғуломони давраи қадим. Бачаҳо гуфтанд, ки дар як рӯз 3 порча хлеб мехӯрему тамом, чой нест. Бо ҳамдигар аз тирезаҳо дод зада, гап мезананд. Хуллас, баъди рафтан аз он ҷо дӯзахи 7-ум дар назарам биҳишт метофт!

Хӯрокеро, ки аз гурӯҳи филмбардорӣ боқӣ монд, мо нисфашро ба сардори ин "ҳабсхона" додем... вай кас гуфтанд, ки мо ин хӯрокро ба боздоштшудагон медиҳем ва бурд куҷое... нисфашро мо ба 4 бачаи Тоҷикистонӣ тариқи тирезаҳо, ки онҳо пакетҳои салафаниро бо ҳам баста, аз ошёнаҳои болоӣ ба поён фароварданд, дар он пакетҳо баста, ба онҳо додем.

Шумораи телефони як-ду касро гирифтем. Занг зада аҳволпурсӣ мекунем. Агар ягон илоҷ бошад, аз шумо илтимос, Худо насиб накунад ба ягон каси мо дар чунин ҳолат афтидан, лекин як арзе кунед ба президенту ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонед, то ягон комиссияи давлатиро ташкил дода, тафтиш кунанд. Ҳамаи мухоҷирони бечора дар ҳамон ҷойҳо ба касалиҳои тюберкулёзу дигару дигар гирифтор мешаванд... Он ҷо антисанитария аст. Наход халқи тоҷик аз саг ҳам пасттар бошад! Ба Худо, ҳар гоҳе ки ҳамон ҳолу аҳволи муҳоҷирони бечораро пеши назар меорам, мегирям бар ҳоли халқи ҷабрдидаи худ!!!»
XS
SM
MD
LG