Маросими таҳвили ин кӯмакҳо дар бемористони бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки 7 миллион доллар аз ин кӯмакҳоро дарёфт кардааст.
Кен Гросс, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Душанбе дар ин маросим гуфт: “Тақдими лавозимоти тиббӣ ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллар шоҳиди хизматрасонии тиббии босамар ба мардуми ин ҷумҳурист. Ва мо умедворем, ки ин доруҳои ҳаётбахш ба шахсони муҳтоҷ мерасанд.”
Сафир дар ҳоле ба мавзӯи расонидани ин доруҳои ҳаётбахш ба беморони муҳтоҷ таъкид кард, ки дар бархе аз маворид ин доруҳо ройгон ба ба дасти беморони гирифтори гепотит намерасанд. Як бемори ҳамин бемористон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, “барои кати хоб пул намедиҳем, вале барои хизмати ҳамшираи шафқат 3-5 сомонӣ медиҳем. Аммо доруро худам мехарам. То 700 сомонӣ. Баъзе доруҳо, аз ҷумла деклопарро бепул медиҳанд.”
Аммо Сайида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, вуҷуди мавориди фурӯши доруҳои тақдимкарда аз сӯи кишварҳои хориҷиро ғайримумкин хонд. Вай гуфт, “дар тӯли се сол ҳодисаеро ёд надорам, ки доруи пегитрон, ки кӯмаки башардӯстона аст, фурӯхта шуда бошад. Ин дору хеле камёфт аст ва бар асоси шумораи муҳтоҷон ба мо ирсол мешавад.”
Аммо на муовини вазири тандурустӣ, на раҳбари Хадамоти беҳдоштӣ, на сарпизишки бемористони бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе дар бораи теъдоди мубталоён ба бемории гепотит дар Тоҷикистон иттилоъ надоданд. Зеро гуфтанд, ки дар ин бора иттилои дақиқ дар даст надоранд.
Иёлоти Муттаҳида на танҳо ба Тоҷикистон кӯмакҳои тиббӣ мерасонад, балки маводи ғизоӣ, либос ва ғайра низ ироа мекунад. Тоҷикистон дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳудуди 83 миллион доллар кӯмакҳои башардӯстонаро дарёфт кардааст, ки ҳудуди 72 дарсади он аз Амрико аст. Боқии ин кӯмакҳо аз Русия, Дания, Чин ва Эрон ба даст омадааст. Ин кӯмакҳои молӣ шомили либос, пойафзол, маводи ғизоӣ ва дастгоҳҳои барқиву электроникӣ ҳастанд.
Олия Ҳамидова, сокини шаҳри Душанбе, ки як фарзанд дораду аз шавҳараш талоқ гирифтааст, дар ин бора гуфт: “Ман аз бунёди кӯмаки Имом Хумайнӣ шакар, биринҷ, равған ва хокаи ҷомашӯӣ мегирифтам. Ҳоло намегирам. Низоми ин раванд ин хел аст, ки як сол мегирӣ ва боз чанд соли дигар намегирӣ.”
Эрон аз ҷумлаи 38 кишварест, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона ироа мекнад. Агарчӣ кӯмакҳои Эрон дар қиёс бо Амрико ва Русия ночизанд, аммо бо вуҷуди бо суроға ироа шудани он назаррасанд. Даврон Валиев, раиси раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Радиои Озодӣ гуфт, кӯмакҳои башардӯстона аз сӯи ҳукуматҳои маҳаллӣ ба мардум расонида мешавад.
Аммо ба гуфтаи як сокини ноҳия Рӯдакӣ, ки худро Ҷаҳонгул муариффӣ кард, гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳеҷ кас аз мардуми камбизоат дар ин авохир кӯмак намегиранд ва барои дарёфти кӯмакҳои башардӯстона бояд ба дастандаркорон ришват бидиҳӣ, то туро номнавис кунанд.
Ба гуфтаи коршиносон, фасод дар ҷумҳурӣ мояи сарпӯш кардани теъдоди мардуми камбизоат дар ин ҷумҳурӣ шудааст. Дар ҳоле ки давлат теъдоди мардуми камбизоатро ҳудуди 48 дарсад ва камбизоатии шадидро ҳудуди 14 дарсад эътироф мекунад. Аз сӯи дигар мегӯянд, ки пасандози мардум ва вазъи молӣ рӯзафзун меафзояд ва рушди иқтисод дар ин ҷумҳурӣ ҳудуди 7 дарсади солона аст.
Ба гуфтаи коршиносон дар ҳоле, ки рушд 7 дарсад бошад, табъан теъдоди мардуми камбизоат низ бояд коҳиш ёфта бошад. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар феҳристи кишварҳои камбизоати Созмони Милал қарор дорад ва гуфта мешавад, ки ин кишвари аз лиҳози иқтисодӣ заиф осебпазир ба ҳар навъ буҳронҳо аст.