Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Депортатсия”-шудаҳо бекор нахоҳанд монд?


Мӯҳри ихроҷ аз қаламрави Русия дар шиносномаи яке аз муҳоҷирони бозгашта
Мӯҳри ихроҷ аз қаламрави Русия дар шиносномаи яке аз муҳоҷирони бозгашта

Оҷонси кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон гуфт, муҳоҷиронеро, ки аз Русия ихроҷ шудаанд, бекор намегузорад.

Масъулони ин Оҷонс мегӯянд, барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирони кории тоҷик, ки аз қаламрави Русия бо далоили мухталиф ихроҷ шудаанд, барномаеро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳамакнун ба гуфтаи онҳо, дар шаҳри Душанбе ва вилоёти Суғду Хатлон марказҳои реинтегратсияи муҳоҷирони корӣ таъсис ёфтааст, ки ба муҳоҷирон дар заминаи омӯзиши касб ва ё дарёфти ҷои кор кӯмак хоҳад кард.

“Ин марказҳо ба тариқи фаврӣ ба муҳоҷирони кории ба Ватан баргашта барои дарёфти ҷои кор ва касбомӯзӣ хизматҳои равонию касбӣ ва машваратию ҳуқуқӣ мерасонанд”,-гуфта шудааст дар изҳороти Оҷонсии кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Назари мардум: "Муҳоҷирон саргардон шуданд..."
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00
Линки мустақим

Ин дар ҳолест, ки танҳо баъди як ҳафтаи эълони ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ дар Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа маъмурони Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳудуди шаст муҳоҷири тоҷикро аз қаламрави ин кишвар ихроҷ кардаанд. Ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар Русия то кунун каме бештар аз 200 нафар муҳоҷири тоҷик боздошт шудаанд, вале ахиран хабарнигори “Озодӣ” дар пойтахти Русия гуфт, ки феълан наздики 400-450 муҳоҷири тоҷик боздошт ва нигаҳдорӣ мешаванд.

Бино бар қавонини Русия афроде, ки аз қаламрави ин кишвар ихроҷ мешаванд, ҳадди ақал аз се то панҷ сол иҷозаи сафар ба он кишварро нахоҳанд дошт. Аз ин рӯ, бештари муҳоҷироне, ки “депортатсия” шудаанд, мегӯянд, ки дар сурати ба Русия нарафтан, онҳо имкони таъмини зиндагии хонаводаашон дар кишварро нахоҳанд дошт.

Дар ҳамин ҳол, раиси Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев низ эълом кардааст, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро барои кор ба Белорусия хоҳанд фиристод. Аммо соҳибназарон мегӯянд, Белорусия ба он ҳадде, ки Русия барои муҳоҷирони тоҷик манфиатовар асту ба онҳо кор медиҳад, тавон надорад.

Ҳоло дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик зиндагӣ ва кор мекунанд, ки дар сол ба Тоҷикистон беш аз 2 миллиард доллар маблағ интиқол медиҳанд.

Бештар бихонед: БАРОИ ЧӢ?

XS
SM
MD
LG