Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пфеффер: «Ҳавопаймои дар Кобул боздоштшуда аз мост»


Фурудгоҳи байналмилалии Кобул
Фурудгоҳи байналмилалии Кобул

Намояндаи ширкати "Rolkan" Валерий Пфеффер тайид кард, ки ҳавопаймои ахиран дар фурудгоҳи Кобул боздоштшуда муттаалиқ ба ин ширкат аст.

Дар сӯҳбат бо хабаргузории Интерфакс ӯ гуфтааст, ки ҳавопаймои АН-74 чун ду ҳавопаймои АН-72-и дар Тоҷикистон мусодирашуда аз сӯи ширкати «Аэроспейс» ба иҷора гирифта шуда буд.

Валерий Пфеффер ин иттилоъро дар ташреҳи як матлаби сомонаи интернетии бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ироа кардааст, ки дар он бо ишора ба Яъқубуллоҳ Расулӣ, раиси майдони ҳавоии Кобул, дар бораи боздошти боз як ҳавопаймои русӣ дар Афғонистон хабар дода шудааст.
Оғои Расулӣ дар бораи далелҳои боздошти ин ҳавопаймо ба мо гуфта буд, ки «амри таваққуф додани ҳавопаймои ширкати «Суприм» аз сӯи вазорати ҳамлу нақл ба далели мукаммал набудани асноди ин ширкат содир шудааст».

Намояндаи Rolkan Investment Ltd. ташреҳ кардааст, ки таваққуф додани ҳавопаймо бо 2,5 миллион доллар қарзи ширкати «Аэроспейс» аз фурудгоҳи Кобул марбут аст. Ӯ афзудааст, ки нафаре аз халабонҳои ширкат боздошт нашудааст. Валерий Пфеффер изҳори умедворӣ кардааст, ки мақомоти Кобул ҳавопайморо ба зудӣ дар ихтиёри «Ролкан» мегузоранд.

Нангалай Қлатвол, сухангӯи вазорати ҳамлу нақли Афғонистон низ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари таваққуф додани боз як ҳавопаймои русӣ дар майдони ҳавоии Кобулро тайид кард ва афзуд, қаблан ду ҳавопаймое, ки ғайриқонунӣ дар Афғонистон фаъолият мекарданд, забт шуданд.

Аз ин пештар Саид Меҳдӣ, муовини вазири ҳамлу нақли Афғонистон, дар сӯҳбат бо хабаргузориҳо бидуни иҷоза аз фурудгоҳи Кобул ба шаҳри Қӯрғонтеппа парвоз кардани ҳавопаймоҳои ширкати "Ролкан"-ро тайид кард ва гуфт, ки айни ҳол ду ҳавопаймои дигари ин ширкат дар майдони ҳавоии пойтахтанд. Ва аммо дар мавриди таҳти боздошт қарор доштан ё надоштани ин ҳавопаймоҳову халабонҳои онҳо ӯ чизе нагуфтааст.

Ҳарчанд масъулини ниҳодҳои ҳавопаймоии Афғонистон дар робита ба қазияи ҳавопаймоҳои ширкати "Rolkan Investment Ltd" ва ҳукми ҳабси онҳо дар додгоҳи Тоҷикистон изҳори камиттилоӣ мекунанд, як корманди вазорати ҳамлу нақли ин кишвар дар сӯҳбати бидуни микрофон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзҳои ахир тафтиши ҳавопаймоҳо ва муҷаввизи онҳо шадидтар шудааст ва бештар тайёраҳои тафтиш мешаванд, ки мансуб ба ширкатҳои хориҷиянд ва барои кашондани борҳои НАТО сафарбар шудаанд.

Ҳафтаи гузашта бахши русии Би-Би-Си хабар дод, ки мақомоти Афғонистон иттилои бо дархости онҳо дар Тоҷикистон боздошт шудани ҳавопаймоҳои ширкати Rolkan Investment Ltd. ва халабонҳои онҳоро тайид карданд. Як манбаъ ба хабарнигори Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфтааст, дар робита ба ин қазия ҳафт корманди ширкати давлатии ҳавопаймоии «Ориёно» дастгир шудаанд, ки ҳамагӣ шаҳрвандони Афғонистонанд. Ва аммо Муъинхон Вардак, раиси ширкати «Ориёно», дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари боздошти кормандонашро рад кард: «Ин иттилоъ сиҳат надорад, ҳеҷ корманди мо дар ин тайёраҳо ғараз надорад, мо ин хабарро рад мекунем», - изҳор намуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол аз як мурофиаи додгоҳии дигари ширкати Rolkan Investment Ltd хабар расид, ки панҷ сол пеш сурат гирифта буд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, моҳи марти соли 2006-ум ҳамкори ин ширкат мавсум ба Astral Aviation Ltd. ба додгоҳи Найроби шикоят бурда, иброз дошт, ки сар аз моҳи январи соли 2005-ум бо ширкати Rolkan Investment Ltd созиши ҳамкорӣ ба имзо расонида, барои се халабони он - капитан Сергей Полуянов, капитан Владимир Садовничий ва капитан Валерий Морозов иҷозати иқомату кор дар Кенияро фароҳам овардааст.

Ва аммо, ба қавли Astral Aviation Ltd, халабонҳои Rolkan Investment Ltd бидуни огаҳии пешакӣ, худсарона ҳамкорӣ бо ин ширкатро қатъ намуда, 7 марти соли 2006-ум ҳавопаймоҳояшонро дар фурудгоҳи Jomo Kenyatta International Airport партофта, дар самти номаълум ғайб задаанд. Ширкат аз додгоҳ дархост намуд, ки то анҷоми баҳс ҳавопаймоҳо ба ҳабс гирифта шаванд.

Аммо дар додгоҳ капитан Полуянов аз имзояш даст кашида, гуфтааст, ки имзои санад имзо ӯ нест. Ба думболи ин, додгустар ҳукм содир кард, ки ширкати Astral Aviation Ltd. далелҳои идомаи ҳамкориро дар ихтиёри додгоҳ гузорад ва ё қазия лағв хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, як ҳафта пеш додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳои ширкати Rolkan Investment LTD - шаҳрванди Русия Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония Алексей Руденкоро барои қочоқ, марзшиканӣ ва нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз барои ҳашту ним солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Ин ҳукм боиси хашму ғазаби Маскав ва таниши ҷиддӣ дар равобити миёни Русияву Тоҷикистон шуд. Ва аммо Кобул, ки низ дахил ба ин қазия маҳсуб мешавад, то ҳанӯз дар ин бора ягон изҳороти расмӣ пахш накардааст.
XS
SM
MD
LG