Ин дар ҳолест, ки омилҳои таърифу тавсифи густарда асосан маълуманд. Яке аз онҳо ҳатто воқеист, зеро ин парастиш аз қудрати номаҳдуди шахси Раҳмон маншаъ мегирад. Қудрати фарогир ва мутамарказе, ки ба гуфтаи коршиносон, метавонад, шохаҳои дигари давлатро дучори таназзул кунад.
Ба назари таҳлилгарон, таблиғи шабонарӯзии расонаҳои давлатӣ, лавҳааксу шиорҳои бузурги сари роҳҳо, нашри китобу пахши таронаҳои сиотишӣ -- ба сурати умум идеалсозӣ аз шахси раисҷумҳур дар зеҳни мардум чизе бештар аз манёври стратегҳои давлат нест. Ҳукуматдорон мехоҳанд, ақидаро дар зеҳни мардум ҷой кунанд, ки бе президент Раҳмон Тоҷикистон дар вартаи нобудӣ қарор хоҳад гирифт.
Кеши шахспарастӣ дар Тоҷикистон аз соли 2000, дар ҳоле шурӯъ шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дубора президент интихоб гардид ва пояии қудрати худро мустаҳкам кард. Дар тӯли солҳои баъдӣ вай яккатози саҳнаи сиёсӣ шуд ва касе ҷуръат накард, ки бо ӯ вориди сабқати сиёсӣ шавад. Унвони “Ҷаноби Олӣ” низ ҳамон солҳо пайдо шуд.
Дӯсти содиқи Эмомалӣ Раҳмон- Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба мақомот пешниҳод кард, ки аз ин ба баъд ба президент бо шеваи вежа муроҷиат кунанд. Аз он замон калимаи «президент» тақрибан аз байн рафт ва Эмомалӣ Раҳмон «Ҷаноби Олӣ» шуд.
Муссолинӣ, Сталин, Брежнев, Туркманбошӣ... ин рӯйхатро боз ҳам метавон идома дод. Ҳамаи ин номҳо як вақтҳо ситоиш мешуданд ва арҷи онҳо то осмонҳо мерасид. Аммо анҷоми сарнавишти онҳо якранг буд.
Бисёре аз таҳлилгарон бо ишора ба тағйири тафаккури мардуми тоҷик дар асри 21 мегӯянд, мардум ҳамеша суол мегузоранд, ки муалифони ин стратегияи ғалат ва бунбастӣ киҳо ҳастанд ва чаро худи раиси ҷумҳур, ки вазъи душвори кишварро беҳтар аз ҳама мешиносад, ин ҳама таърифу тавсифро зери суол намебарад?