Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони тоҷик: "Даъвои Узбакистон беасос аст"


Мақомоти тоҷик иддаои Узбакистонро дар мавриди даст доштани марзбонони тоҷик дар қочоқи маводи мухаддир беасос хонданд.

Нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) рӯзи чаҳоршанбе бо пахши як баёния ин иддаоро, ки гуё марзбонони тоҷик дар ҳамлу нақли маводи мухаддир афроди қочоқбарро таҳти ҳимоят қарор медиҳанд, як тӯҳмат дониста онро иддаои беасос шумориданд.

ҚАТЛИ ЯК МАРЗБОНИ УЗБАК

Ба қавли мақомоти марзбонии Тоҷикистон, шаби якшанбе ба душанбеи ҳамин ҳафта як қочоқбар дар гузаргоҳи марзии Бекободи Узбакистон, бо истифода аз торикии шаб кӯшиш мекунад, ки ба хоки Узбакистон убур кунад. Аммо марзбонони дидбонгоҳи «Бекобод» огоҳ шуда ба тарафи ин қочоқбар оташ мекушоянд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:00 0:00
Линки мустақим


Ба қавли марзбонони Узбакистон, ки ба расонаҳои хабарӣ иттилоъ додаанд, гурӯҳи марзбонони тоҷики ҷузву томи «Истаравшан» дар гузаргоҳи марзии «Ҳаштияк» ҷониби марзбонони узбак ба хотири кӯмак ба қочоқбар оташ кушодаанд, ки дар натиҷа сержанти марзбонии Узбакистон Тоҷиев кушта шуда дар ҷои ҳодиса як миқдор моли гаронбаҳо ва ҳудуди 4 кило ҳероин ёфт шудааст.

Сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Хушнуд Раҳматуллоев мегӯяд, ки дар ҳақиқат аз тири марзбонони тоҷик марзбони узбак кушта шудааст. Зеро сарҳадбонони Узбакистон барои таъқиби қочоқбар аз хатти марзи Тоҷикистон дарунтар меояд ва ба ҳушдори марзбонони тоҷик эътибор намедиҳад. Ба қавли ҷаноби Раҳматулоев, дар чунин сурат бар асоси Оинномаи марзбонии Тоҷикистон чораҷӯӣ карда мешавад.

"ДАЪВОИ МАҚОМОТИ УЗБАК БЕАСОС АСТ"

Вай меафзояд, ки дар ҷойи ҳодиса ягон намуди маводи мухаддир ёфт нашудааст: «Якум, дар ҷойи ҳодиса ягона намуди маводи мухаддир ёфт нашудааст, дар асл қочоқчиён қасд доштанд, ки аз Тоҷикистон ба Узбакистон техникаи маишӣ интиқол диҳанд, ки дар ин амал ба онҳо марзбонони узбек мусоидат мекарданд. Дуввум, марзбонони узбек дидбонгоҳи «Ҳаштяк»-ро дағалон вайрон намуда ба ҳушдорҳои марзбонони тоҷик ба забони узбекӣ ва русӣ аҳамият надоданд. Марзбонони тоҷик маҷбур шуданд, ки ба силоҳ даст баранд, ки ин амали онҳо пурра ба Оиномаи сарҳадии Тоҷикистон ҷавоб медиҳад.»

Аз баёнияи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯшан мешавад, ки дар ин ҳодиса қочоқи маводи мухаддир ҷой надошта, дар натиҷаи таҳқиқи намояндагони додситонии ҳарду кишвар, гурӯҳи шаҳрвандони Узбакистону Тоҷикистон кӯшиш кардаанд, ки аз Тоҷикистон ба Узбакистон печкаҳо ё худ бухориҳои барқиро интиқол диҳанд. Вале аз тарафи марзбонон боздошт шудаанд.

Ҳоло ба қавли Хушнуд Раҳматулоев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гурӯҳи корие, ки таъсис дода шудааст, сабабу омилҳои рух додани ҳодисаи мазкурро таҳқиқ дорад.

Сафорати Узбакистон дар Тоҷикистон мегӯяд, ҷараёни воқеаи мазкурро пайгирӣ доранд, вале аз изҳороти сарраёсати марзбононии Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон иттилоъ надоранд.

ҲОДИСАИ НАХУСТИН НЕСТ...

Ба ин монанд даргириҳо ва оташкушоиҳои марзбонони Узбакистон ва Тоҷикистон дар хати марзи муштараки ҳарду кишвар дар соли равон ҳодисаи нахустин нест. Дар моҳи июни ҳамин сол ҳангоми интиқоли 23 кило маводи мухаддир аз қаламрави Тоҷикистон ба воситаи гузаргоҳи самти Самарқанд, марзбонони узбак як қочоқбарро кушта ва дуввумиро захмӣ кардаанд.

Марзбонони Узбакистон ба расонаҳои хабарӣ мегӯянд, ки дар ин ҳодиса ҳам марзбонони тоҷик гурӯҳҳои қочобарро ҳангоми убур таҳти пӯшиш қарор додаанд. Аммо Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ин иддаои марзбонии Узбакистонро рад мекунанд ва онро беасос мешуморанд.

Дар ҳамин ҳол сухангӯи Оҷонсии мубориза бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, ки сабаби аслии ин даъваоҳо, ҳамкории амалӣ надоштани ниҳодҳои қудратии Узбакистону Тоҷикистон дар роҳи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир мебошад.
XS
SM
MD
LG