Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози додситонии Хатлон ба ҳукми халабонҳо


Додситонии Хатлон нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа дар мавриди Садовничий ва Руденко эътироз кард.

Рӯзи 8-уми ноябри соли ҷорӣ додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа баҳси парвандаи ду халабони ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД"-ро ба поён бурда, онҳоро ба ҳаштуним соли зиндон маҳкум кард.

Аммо Додситонии вилояти Хатлон ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппаро "ниҳоят сангин" хонда, хостори бознигарии ҳукми шаҳрванди Русия -- Владимир Садовничий ва шаҳрванди Эстония -- Алексей Руденко шудааст.

Афзалалӣ Иззатов, муовини додситони вилояти Хатлон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, додситонӣ нисбат ба ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа эътирози расмӣ оварда, аз додгоҳи вилояти Хатлон хостааст, ки ҳукми зиндони Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро нармтар кунад.

Афзалалӣ Иззатов, муовини додситони вилояти Хатлон
Афзалалӣ Иззатов, муовини додситони вилояти Хатлон
Муовини додситони Хатлон афзуд, дар назар аст, ки то поёни ҳафта эътирози додситонӣ ва маҳкумшудаҳо ба дасти додгоҳи вилояти Хатлон бирасад. Вай истисно накард, ки додгоҳи вилояти Хатлон метавонад халабонҳои маҳкумшударо ба пардохти ҷарима маҳкум намуда, барояшон ҷазои ғайриҳабсӣ таъйин кунад.

Вай гуфт, “асосан барои он эътироз овардем, ки шахсони маҳкумшуда бори якум ҷиноят содир кардаанд, яъне пештар суд нашудаанд. Ҳамчунин ин ду халабон ягон хел зарари моддӣ ба давлати Тоҷикистон ё ба ягон нафари алоҳида нарасонидаанд. Дигар ин ки суд вақти баҳо додан ба парванда ва таъйин кардани ҷазо ин масъаларо ҳам он қадар ба назар нагирифтааст, ки Русия кишвари иттифоқчии мо мебошад.”

Ғулом Бобоев, вакили мудофеи афроди маҳкумшуда, гуфт, дар бораи эътирози додситонӣ бори аввал мешунавад, биноан, аз шарҳи ин мавзӯъ худдорӣ мекунад.

Додситонии Хатлон дар ҳоле пиромуни эътирози овардаи худ иттилоъ медиҳад, ки мақомоти расмии Русия, аз ҷумла раисиҷумҳури он кишвар хостори бозбинии ҳукми додгоҳ алайҳи Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия, шудаанд. Аммо Афзалалӣ Иззатов гуфт, “эътирози додситонии вилояти Хатлон расо баъд аз як рӯзи элони ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа оварда шуда, ба изҳороти президент ё дигар мақомоти и Русия рабте надорад.”

Ду халабони ширкати русӣ ҳангоми баҳси парвандаашон дар додгоҳи Қӯрғонтеппа
Ду халабони ширкати русӣ ҳангоми баҳси парвандаашон дар додгоҳи Қӯрғонтеппа

“Мо хаста шудем аз такрори ин нукта, ки қазияи халабонҳо ягон тобиши сиёсӣ надорад. Ба прокуратура ягон хел шикоят аз ягон ҷониб нарасидааст, ки гӯиё ин ду халабон ба истилоҳ, “воситаи кадом як доду гирифтҳои ғайрирасмӣ” шуда бошанд. Онҳо ҷиноят содир кардаанд ва ҷазо гирифтанд”,-илова кард ӯ.

Радиои Озодӣ: Агар эътироз баъд аз як рӯзи эълони ҳукми додгоҳ оварда шуда бошад, чаро дар ин бора танҳо ҳамин рӯз хабар додед? Чаро дар нишасти хабарии прокурори генералӣ, ки чанд рӯз баъд аз ҳукм баргузор шуд, ин нукта зикр нагардид?

Афзалалӣ Иззатов: “Ростӣ, дар мавриди нишасти матбуотии прокурори генералӣ чизе гуфта наметавонам. Ин масъала ба ваколати ман намедарояд ва баҳо дода наметавонам. Аммо эътирозро барвақт ба додгоҳ бурдаем.”

Ин ҳам дар ҳолест, ки Темур Боев, қозии парвандаи халабонҳои рус аз додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ҳукми додгоҳ нисбат ба маҳкумшудаҳо одилона ва дар чаҳорчӯби қонун содир шудааст. Ба иддаои ӯ, “ҳукми додгоҳ бо назардошти айбҳои эълоншуда алайҳи Садовничий ва Руденко хеле нарму сабуктар аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ содир шудааст.”

Вале додситон Файзулло Холов, ки айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи Садовничий ва Руденко буд, гуфт, ҳадафи аслии Русия аз сарусадоҳо ва вокунишҳои шадидуллаҳн марбут ба ҳимояи ҳуқуқи танҳо шаҳрванди он кишвар нест. Ба гуфтаи Холов, Русия пайти муносиб меҷуст, ки барои “дикта” кардани шартҳои худ ба Тоҷикистон сабаб ва воситаи фишор пайдо кунад ва қазияи халабонҳо ба Русия барои ихроҷи муҳоҷирони кори тоҷик баҳона пеш овард.

Вале намояндаҳои ширкати «Ролкан», ки соҳибмулки ду ҳавопаймои навъи АН-72 хонда мешавад, иддао доранд, ки Тоҷикистон то ин замон ягон адад аз ин навъи ҳавопаймои борбар надошт ва қазияи халабонҳо маҳз марбути ҳавопаймоҳост, ки мехост онҳоро аз худ намояд.

Мақомоти додситонӣ ин иддаоҳоро рад мекунанд, аммо ба гуфтаи Афзалалӣ Иззатов, муовини додситони Хатлон, дар эътирози овардаи додситонӣ дар робита ба ҳавопаймоҳое, ки бо ҳукми додгоҳи Қӯрғонтеппа ба фоидаи давлати Тоҷикистон мусодира гардидаанд, чизе гуфта намешавад. Яъне ба гуфтаи ӯ, пас аз нерӯи қонунӣ гирифтани ҳукм, давлат ҳавопаймоҳоро ихтиёрдорӣ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG