Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукме, ки Русияи абарқудратро такон дод


Пурсарусадотарин ҳукми додгоҳе, ки ин ҳафта дар як музофоти Тоҷикистон содир шуд ва Русияи абарқудратро такон дод.

Ин ҳукм, ки ҳалқаҳои мухталифи сиёсӣ аз ҷумла давлатмардони ин кишвар ва ниҳодҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии онро ба по хезонд, ҳукми додгоҳи Қурғонтеппаи Тоҷикистон аст, ки дар нисбати халабонҳои ширкати хусусии “Ролкан Инвестмент ЛТД” эълон кард.

Ҳар ду халабон Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония бо гуноҳи убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва убури ғайриқонунии марз ба 8,5 соли зиндон маҳкум карда шуданд.

Ошуфтагии Русия аз ин ҳукмро метавон тариқи шабакаҳои мухталифи ин кишвар ва расонаҳои хабарии ҷаҳон мушоҳида кард. Рӯзи чоршанбе президенти Русия Дмитрий Медведев доир ба ин қазия таъкид кард, ки онҳо мунтазири посухи расмии мақомоти Тоҷикистон мешаванд ва вобаста ба посухи ин кишвар вокуниш нишон хоҳанд дод.

Дмитрий Рогозин, намояндаи хоси Русия дар НАТО, ба ҳукми зиндони ду халабон гуфтааст ба муҳлати ҳаштуним соли зиндон маҳкум шудани Владимир Садовничий ба обрӯи Русия латма мезанад.

Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, низ дар як гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои тоҷики худ Ҳамроҳхон Зарифӣ, гуфтааст; «ҳукми додгоҳи Тоҷикистон алайҳи ду халабони як ширкати русӣ кишварашро ошуфта кардааст.»

Аммо бо вуҷуди изҳори назарҳои мақомоти мухталифи Русия, ҷониби Тоҷикистон хеле ором ва ҳатто вазорати хориҷаи Тоҷикистон тӯли ин чанд рӯзе, ки мегузарад хомӯш аст ва то ҳол расман вокунише нишон надодааст.

«БА ҚАЗИЯИ ЛИБОСИ СИЁСӢ НАПӮШОНЕД»

Танҳо рӯзи панҷшанбе Додситони кулли Тоҷикистон Шерхон Салимзода дар як нишасти хабарии махсус, ки ба ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа бахшида шуда буд, гуфт, ки ба маҳкама кашида шудани халабонҳои ширкати Русия сирф як парвандаи муқаррарӣ аст ва инро набояд ангезаи сиёсӣ бахшид. Вай аз хабарнигорон тақозо кард, ки ба ин қазия либоси сиёсӣ напӯшонанд.

Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Шерхон Салимзода, Додситони кулли Тоҷикистон
Оқои Салимзода меафзояд: «Мувофиқи талаботи қонун, шахси ҷиноятсодиркарда бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Ҳавопаймоҳои мазкур бошанд, бе иҷозати мақомоти авиатсионӣ ва дигар мақомоти Тоҷикистон вориди қаламрави мо гардидаанд. Ин ҳавопаймоҳо дар ягон давлат дар қайди давлатӣ нестанд. Давоми се сол бар хилофи бехатарии парвоз аз таъмир ва санҷиши техникӣ нагузаштаанд. Дар ҳамин ҳол, дигар давлатҳо чӣ тадбир меандешиданд? Хоҳиш мекунам, ин ҳолат ба ҳисоб гирифта шавад.»

Ҷаноби Салимзода афзуд, ҳафт маротиба ниҳодҳои ҳавонавардии Тоҷикистон тақозои халабонҳои русиро дар хусуси фуруд омадан дар майдони ҳавоии шаҳри Қурғонтеппаи Тоҷикистон рад намуданд, вале сарфи назар аз ин исрор, онҳо яке аз паси дигар дар ҳамин ҷо нишастаанд.

Салимзода номаи идораи ҳавонавардии Афғонистонро, ки ба забони англисӣ ва форсӣ навишта шуда буд нишон доду гуфт, ҷониби Афғонистон ин парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Ролкан Инвестмент ЛТД»- ро ғайриқонунӣ ҳисобида аз ҷониби Тоҷикистон тақозо кардааст, ки ҳавопаймоҳоро мусодира ва халабонҳо ба ҳабс кашида шаванд.

Ҷаноби Салимзода меафзояд: «Мехоҳам ба як масъала таваҷҷуҳ намоед. Ҳавопаймоҳои мазкур дар ягон қайди давлатӣ нестанд, заминаи парвоз ва муҷаввизи парвоз ва коршоямӣ надоранд ва агар дар ин ҳолат мо онҳоро қабул мекардем ва иҷозаи идомаи парвоз ба дигар давлат медодем, онгоҳ дар бораи Тоҷикистон чӣ мегуфтанд оё мо қавонини байналмилалиро вайрон намекардем? Албатта мекардем. Он гоҳ дар бораи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ чӣ ақидаҳо паҳн мешуд?»

ДИПЛОМАТҲОИ РУС АЗ ҲУКМИ ДОДГОҲ РОЗӢ НЕСТАНД...

Дар ҷараёни нишасти хабарии Додситони кулли Тоҷикистон ду нафар аз намояндагони сафорати Русия ширкат доштанд. Ба назар мерасид, ки онҳо аз гузориши Додситони кулли Тоҷикистон хушашон намеомад. Ва бо нороҳатӣ ба ҳарфҳои додситон назар мекарданд.

Дмитрий Кабаев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон
Дмитрий Кабаев, мушовири сафорати Русия дар Тоҷикистон
Игор Лабузов, консули Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки ҳатман шикояти даъвогии ҷониби худро ба додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Аз суҳбати консули Русия рӯшан мешавад, ки онҳо на ба паҳлуи ҳуқуқӣ ва на ба паҳлӯи додгоҳии ин масъала розӣ нестанд.

Консули Русия гуфт, ки феълан гуруҳи ҳуқуқдононҳои сафорат тамоми асноди лозимаро омӯхта истодаанд ва ҳатман ба ҷониби Тоҷикистон пешниҳод хоҳанд кард.

Дар робита ба ин суол, ки даъвои онҳо аз чӣ иборат буда метавонад гуфт: «Бубинед, аз ҳама нуктаи аслӣ, ҳавонавардҳоро бо амали қочоқчигӣ айбдор мекунанд, дар чунин ҳолат, убури ғайриқонунии гумрукии марзӣ мушоҳида намешавад, ку, агар аз ҳар ҳуқуқдон пурсед мегӯяд, ки дар чунин ҳолат аз амали қочоқ ҷои ҳарфе намемонад, чӣ гуна қочоқ метавонад бошад, ки вақте агар ман аз рӯи зарурат дар ин ё он фурӯдгоҳ нишастам ва дар кисаи ман ягон навъи дору, ҳатто маводи мухаддир ҳам бошад маро маҳкум намекунанд, ку аз рӯи қонунҳои ин кишвар.»

Консули Русия, мегӯяд, ки онҳо дар ҳоли ҳозир охирин санадҳоро ҷамъ овардаанд ва бояд гузориши муффасал дар робита ба ин қазия ба мақомоти олии Русия пешниҳод хоҳанд кард. Ва ба қавли Медведев, он вақт тасмим хоҳанд гирифт, ки чуни кунанд ё чунон.

ПОПОВ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ЧӢ ГУФТАНД?

Ва аммо ба дунболи ин нишасти хабарии Додситони кулли Тоҷикистон, шоми ҳамон рӯз Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон доир ба ин масъала бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард. Бино ба иттилои Дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар ин
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон
Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон
мулоқот Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки ин қазияро аз роҳи қонунӣ ҳал хоҳанд кард, вале барои ин Тоҷикистон намехоҳад, ки муносбаташро бо Русия тира кунад. Аммо ин дидори дипломати Русия бо президенти Тоҷикистон нишон медҳад, ки ҳукумати Тоҷикистон сарфи назар аз роҳи ҳалли ҳуқуқӣ моил ба роҳҳи ҳалли ғайриҳуқуқии масъала низ ҳаст.

Аммо дар робита ба гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон бо сафири Русия ба ҷуз ин хабари расмӣ чизе дигаре гуфта намешавад. Ва паёми аслии президент Раҳмон ба Маскав чӣ ҳаст, чизе дар даст нест.

Аммо тавре ба назар мерасад, Душанбе мукарраран роҳи ҳалли ҳуқуқии ин масъаларо таъкид мекунад. Ва ҳамин мавқеъро дуруст мешуморад.

АММО МАСКАВ...

Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло фурсат ҳаст ва давраи овардани шикояти касатсионӣ вуҷуд дорад ва ҳуқуқдонҳои Русия метавонанд аз тарафи сафорати Русия ширкат кунанд ва аз ҳуқуқи халабонҳо пуштибонӣ кунад.

Аммо тавре ба назар мерасад, дар Маскав садоҳое баланд мешаванд, ки гӯё ин ҳукми маҳкумияти 8,5 солаи халабонҳо як «шаппотӣ» ба сурати Русия ё «обирӯрезии» Русия», ё «таҳқир»и Русия бошад.

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршиноси тоҷик
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, ки Тоҷикистон роҳи дигари ба ҷуз ҳалли ҳуқуқии ин масъаларо надошт: «Шумо тасаввур кунед, ки ҳавопаймо хари борбар нест, ки онро дар роҳ бубинеду инонашро гардонед, ин мошин нест, охир ду самолёте, ки дар ҳеҷ куҷо дар қайд нестанд ва боз аз кишваре меоянд, ки минтақаи ноором аст, метавонад фазои амниятиро хароб кунанд, ман аз ин лиҳоз мавқеъ ва сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро тарафдорӣ мекунам. Ва ҷонибдори ин ҳастам, ки аз дидгоҳи ҳуқуқӣ ҳалли худро пайдо кунад.»

Хонум Бобоназарова меафзояд, ҳар вақте ки Русия бо кишварҳои собиқ шӯравӣ ё ҳамшарикони стратегии худ қаҳр кунад, ҳатман нуқтаҳои заъфи онҳоро суроғ мекунад. Чуноне бо Гурҷистон вақте, ки мухолифат дошт ворид кардани чой ва винои гурҷиро ба дохили кишвар манъ карда буд ва ё бо Украина низ ҳамин хел рафтор кардааст.

Баа қавли Ойниҳол Бобоназарова, мусаллам аст, ки Русия нуқтаи заъфи Тоҷикистон, яъне масъалаи буду боши муҳоҷирини кории тоҷикро дар миён мегузорад. Ва тайи панҷ рӯз аст, ки сиёсатмадорони Русия ба ин паҳлӯи масъалаи такрор ба такрор таъкид мекунанд.

«МУНОСИБАТИ БАД БАДТАР МЕШАВАД»

Абдулоҳ Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифои Тоҷикистон мегӯяд, ки Тоҷикистон ҳамшарики стротегии Русия ҳаст ва инро доимо Душанбе таъкид мекунад ва намебоист, ки барои як масъалаи кӯчак кор ба инҷо кашонида мешуд: «Ба рости, ки ин амал дар Русия хеле гапҳои зиёдро нисбати тоҷикистониён ва муҳоҷирини корӣ ба вуҷуд овардааст.
Абдулло Ҳабибов, коршиноси тоҷик
Абдулло Ҳабибов, коршиноси тоҷик
Соли гузашта Толибон як самолёти Русияро боздошт карданд ва бо чӣ азобе, ки ин масъала ҳалли худро пайдо карда буд. Пас фарқи Афғонистону Тоҷикистон дар муносибат бо Русия чӣ аст? Акнун вазъи муҳоҷирин бисёр бад хоҳад шуд. Зеро хабар ба гунае пахш шуда истодааст, ки ҳар шаҳрванди Русия онро қабул мекунад. Оқибати ин кирдор ҳамин аст, ки лётчикҳои Русияро раҳо мекунанд, вале муносибати бад бадтар мешавад.»

«ТОҶИКРО БИКӮБ...»

Тайи ду рӯзи ахир чанд нафар аз муҳоҷирини корӣ ба Дафтари радиои Озодӣ дар Душанбе занг заданд ва пурсиданд, ки фазои тоҷикбадбинӣ дар Русия авҷ гирифтааст.

Мурод Холиқов, яке аз муҳоҷирини корие, ки дар минтақаҳои назди Маскав ба соҳибкорӣ машғул будааст мегӯяд, ки субҳи рӯзи 11-уми ноябр дар назди ФМС Хадамоти муҷоирати округи онҳо, ки «Юго Западная» ном доштааст, шоҳиди теъдоди зиёди тоҷикҳо шудааст, ки бояд аз қаламрави шаҳри Маскав берун карда шаванд: «Ба мо гуфтанд, ки мо фармони махсус дар соати 11 шаби гузашта дарёфт кардем, ки 11 ҳазор тоҷикро дар зарфи 15 рӯз аз Маскав берун кунем. Субҳи ҷумъа бисёре аз тоҷикҳоро гуфтанд, ки ба Идораи суд мебаранд ва аз онҷо депортатсия мекунанд. Шабошаб тақрибан 60 нафар кормандони полис бо мошинҳо буданд, ки аллакай истирдодро оғоз карданд. Тоҷикҳо санади иҷозати кор доштанд, муҷаввиз доштанд, лекин сарфи назар аз ин, онҳоро депортатсия мекунанд. Милисаҳое, ки бо мо робитаи наздик доранд, мегӯянд, ки фармон аз боло шудааст ва беҳтараш ба кӯчаҳо набароед.»

Дар робита ба масъалаи истирдод ва таъқиби муҳоҷирини кории Тоҷикистон, расонаҳои хабарӣ ва рӯзномаҳои Русия низ навиштаанд.

Аммо Залина Корнилова, сухангӯи Хадамоти Федеролии Русия гуфтааст, «ҳар каси бекору коргар ба додани чунин баёнияҳо шурӯъ кардааст», ки ба гуфтаи ӯ як навъ «иғвоангезона» аст. Вале айни замон аз қавли созмонҳои ҷамъиятии Русия аз ҷумла «Русияи дурахшон» навиштаанд, ки дар шаҳри Маскав гурӯҳе аз муҳоҷирони ғайриқонунии тоҷику қирғизро дастгир кардаанд ва масъалаи рондани онҳо аз қаламрави Русия баррасӣ мешавад. Рӯзномаи “Московский Комсомолетс” аз боздошти 50 муҳоҷири тоҷик дар дили Маскав гузориш дода ва гуфтааст, “зоҳиран дар Русия идеяи нави миллӣ, яъне “Тоҷикҳоро бикӯб” пайдо кардаанд.

ФАРЗИЯҲОИ ДИГАРИ РАСОНАҲОИ РУСӢ...

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон бо ҷурми қочоқ, вайрон кардани марз ва мавозини ҳавонавардӣ халабонҳои ширкати «Ролкан»-ро ба маҳкама кашида ва ба қавли Додситони кулли Тоҷикистон як амали муқаррарии ҳуқуқӣ аст, расонаҳо ва рӯзномаҳои чопи Маскав бо такя ба масъулини ширкате, ки ҷаноби Руденко ва Садовничий талаалуқ доштаанд, фарзияҳои дигареро пешниҳод мекунанд, ки сабаби аслии ба маҳкама кашида шудани ин халабонҳо шудааст.

Рӯзномаи маъруфи «Известия», чопи Маскав бо масъули ширкати «Ролкан инвестмент ЛТД» Сергей Полуян дар робита ба ин қазия ҳамсуҳбат шудааст.

Масъули ин ширкат мегӯяд ки: «Масъулони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мехостанд, ки ҳар ду ҳавопаймои борбари АН- 72 дар Тоҷикистон бимонанад. Ва рӯзе, ки халабонҳо боздошт шуданд, дафъатан фармондеҳи Горди миллии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ пешниҳод кардааст, ки ҳарду ҳавопаймо дар Тоҷикистон мемонанд ва Руденкою Садовничий озод карда мешаванд.»

Масъули ин ширкат Сергей Полуян ҳамчунин афзудааст, ки дар муддати баррасиии парванда Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Горди милии Тоҷикистон 8 маротиба бо халабонҳои Русия вохӯрдааст. Ва сабти аудиоӣ ва визиуалии ин суҳбатҳо дар дасташ маҳфузанд.

Аммо як намояндаи мақоми қудратии Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, ки дар ду рӯзи ахир ба ин мазмун дар саҳифаҳои матбуоти Русия даҳҳо мақолаҳо ба нашр расидаанд ва онҳо сохта ва монтажшуда ҳастанд. Инҳо мехоҳанд, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон диҳанд, ки Тоҷикистон худ даъвои ҳуқуқии ин масъаларо мекунад, беҳуда аст.

АММО КОРШИНОСОНИ ТОҶИК ЧӢ НАЗАР ДОРАНД...?

Дар дохили Тоҷикистон аслан мардум тарафдори хусумат бо Русия нестанд. Сарфи назар аз парванда, онҳо мехоҳанд муносибати дӯстонаи Душанбеву Маскав ҳифз шавад. Бо вуҷуди он, ки дар Тоҷикистон фирқаи 201-уми Русия ҳузур дорад ва дурбини стротегии «Окно» вуҷуд дорад, вале мардум бо назардошти сарнавишти садҳо ҳазор муҳоҷирини корӣ, мехоҳанд ин масъала бо хушӣ роҳи ҳалли худро пайдо кунад.

Исмоил Раҳматов, устоди Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ба ин аст, ки бахши аъзами мардуми Тоҷикисон ҷонибдори равобити нек бо Русия ҳастанд. Вай меафзояд, масъалаи халабонҳо бисёр бузург нест ва инро нашояд ба як мушкили сартосарӣ табдил дод. Ба қавли ӯ, ҳарчанд ин қазия сирф масъалаи ҳуқуқӣ аст, вале аз роҳҳои дипломатӣ бояд кор гирифт: «Бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ва аз дидгоҳи муносибатҳои дӯстона мешуд, ки ин масъларо ба хубӣ ҳал намуд. Набояд онро зиёд муташанниҷ кард. Ман дирӯз аз тариқи расонаҳо дидам, ки дар як пурсиши иҷтимоӣ 92 дар сади аҳолии Тоҷикистон тарафдории худро аз сиёсати Русия дар Тоҷикистон баён кардааст. Ин 92 фоиз дар Русия одам дорад, ки пул мефиристад. Ман фикр намекунам, ки барои дӯстона ҳал кардани ин қазия обрӯи Тоҷикистон мерехта бошад.»

Ташаннуҷ пайдо кардани муносибати Душанбеву Маскавро таҳлилгарони масоили ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба ҳар сурат ба манфиати Тоҷикистон намедонанд. Зеро интиқомҷӯии Маскав барои Тоҷикистон бисёр гарон хоҳад буд.

Султони Ҳамад, коршиноси мустақил
Султони Ҳамад, коршиноси мустақил
Коршиноси мустақили тоҷик Султони Ҳамад бар ин аст, ки шиддат гирифтани ин масъала на ба манфиати Тоҷикистон аст ва на ба манфиати Русия мебошад: «Албатта ин ба на ба манфиати тарафи Русия ҳасту на ҷониби Тоҷикистон. Албатта вазъият муташанниҷ аст ва бубинед дар онҷо наздики як миллион тоҷик кор мекунад. Давлатмардони тоҷик, масъулини давлат набояд ба эҳсосот дода шаванду мунтазири ҳалли ниҳоии масъала шаванд. Бубинанд, ки аз лиҳози ҳуқуқӣ ин парванда ба куҷо мерасад. Зеро мумкин аст, ки дар ин парванда камбудиҳо ҳам бошад. Вале мутаассифона аз ҷониби Русия ба эътибор гирифта нашудааст.»

Ин ду ҳавопаймои АН-72-и ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-и Русия дар моҳи марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа нишаста ва халабонҳо гуфта буданд, ба далели камбуди маводди сӯхт барои бозгашт ба Афғонистон ва ҷилавгирӣ аз суқути эҳтимолии ҳавопаймо маҷбур шудаанд, дар майдони ҳавоии Қӯрғонтеппа фуруд оянд.

Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, тибқи қарордод дар Афғонистон ба ҳамлу нақли маводди ғизоӣ машғул будаанд.
XS
SM
MD
LG