Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳамла ба Эрон паёмадҳои ҷиддӣ дар пай дорад"


Вазири дифои Амрико хушдор додааст, ҳамла ба Эрон метавонад барои минтақа паёмадҳои ҷиддӣ дар пай дошта бошад.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Леон Патетта, ки дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбат мекард, гуфтааст: «Шумо инҷо бояд муроқиби паёмадҳои нохоста бошед.»

Вазири дифои Амрико изофа кард: «Чунон паёмадҳое на фақат воқеан наметавонад монеи дастёбии Эрон ба ончӣ, ки мехоҳад бишавад, балки бисёр муҳимтар аз он, паёмадҳои ҷиддӣ барои минтақа дар пай дошт бошад ва метавонад таъсири ҷиддӣ бар нерӯҳои ИМА дар минтақа дошта бошад.»

Тибқи ин гузориш, ҷаноби Панетта гуфтааст, ки бо Роберт Гетс, вазири дифои пешини Амрико ҳамақида аст, ки ҳамлаи низомӣ ба Эрон фақат метавонад дар ҳудуди се сол барномаи ҳастаии Эрон ба таъхир биандозад.

Вазири дифои Амрико гуфтааст, кишвараш бо ҳалли дипломатӣ дар баробари ин қазия таъкид дорад ва ҳамакун дар ҳоли гуфтугӯ бо муттаҳидони худ барои «афзоиши таҳримҳо» алайҳи Эрон аст.

Вай ҳамчунин гуфтааст, ин муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ дар канори якдигар таҳримҳое алайҳи Эрон эъмол кунанд ва ин масъаларо барои онҳо рӯшан кунанд, ки дар сурати идомаи ин роҳ, бояд баҳои сангине бипардозанд.

Ҷаноби Панетта изҳори умедворӣ кардааст, ки Эрон бо тағйири сиёсати худ бо ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкорӣ кунад.

Дар ҳоле вазири дифои Амико дар хусуси стратегияи Вошингтон дар баробари Эрон сӯҳбат кардааст, ки тайи рӯзҳои ахир гузориши мудири кулли Оҷонси энержии атомӣ дар хусуси «паҳлӯҳои низомии эҳтимолӣ»-и барномаи ҳастаии Эрон, боиси афзоиши таниш бо Ҷумҳурии Исломӣ шудааст.

Дар ин гузориш, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, гуфта шудааст, ки Эрон озмоишҳои махфиёна дар хусуси тарроҳии бомбаи атомӣ анҷом додааст.
XS
SM
MD
LG