Дирӯз (9 ноябр) Исроил аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ки Эронро барои даст бардоштанаш аз барномаи ҳастаӣ маҷбур созад. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил мегӯяд, ҷаҳон бояд вориди амал шавад ва аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ ҷилавгирӣ кунад.
Дар вокуниш ба гузориши нави Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон, Бенямин Нетаняҳу гуфтааст, “ҷомеаи байналмилалӣ бояд монеи талошҳои Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ шавад, ки барои амният дар ҷаҳон ва Ховари Миёна хатар эҷод кардааст.”
Рӯзи сешанбе Оҷонси байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ё МАГАТЭ дар гузориши худ таъкид кард, ки дар бораи талошҳои Теҳрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ иттилоъ зери даст дорад.
Навори зер аз Ютюб аст:
Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ мегӯяд, Эрон болои сохти бомби атомӣ кор карда ва дар ҳамин иртибот пажӯҳишу озмоишҳоеро анҷом додааст. Юкиа Амано, мудири оҷонс гуфт, гузориши нав доир ба барномаҳои атомии Эрон нишон медиҳад, ки “Эрон фаъолиятҳои вобаста ба абзори таркандаи атомиро” анҷом додааст.
Дар гузориш омадааст, баъзе аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон аҳдофи сулҳомез доранд, аммо бархе аз фаъолиятҳои дигари кишвар ба таври мушаххас ба ҳадафи сохти силоҳи атомӣ анҷом мешаванд. Ба гуфтаи Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ мумкин аст, ки ингуна фаъолиятҳо ҳанӯз ҳам идома дошта бошанд.
Аммо Теҳрон ин гузоришро бетавозун ва дорои ангезаи сиёсӣ номид. Маҳмуди Аҳмадинажод, раисиҷумҳури Эрон, дар ҷамъи сокинони Шаҳри курд, як шаҳри воқеъ дар маркази кишвар, изҳор намуд, ки Эрон ниёзе ба силоҳи ҳастаӣ надорад. Вай аз ҷумла гуфт, Юкиа Амано, раҳбари МАГАТЭ "чаҳор қоғазеро пешкаш мекунад, ки мақомоти Амрико ба ӯ додаанд."