Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Улуғбек: "Писарам бозичаи дасти тундравҳо шуд"


Улуғбек Қодиров, шаҳрванди Узбакистон, ки ба сӯиқасд ба ҷони Барак Обама муттаҳам мешавад...
Улуғбек Қодиров, шаҳрванди Узбакистон, ки ба сӯиқасд ба ҷони Барак Обама муттаҳам мешавад...

Зарифа Қодирова, як модари узбак, ки писараш ба иттиҳоми барномаи сӯиқасд ба ҷони президент Барак Обама дар Амрико боздошт шудааст, гуфт, ки тундравҳо писари ӯро бозичаи дасти худ карданд.

Зарифа Қодиров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Тошканд гуфт, моҳи гузашта вақте бо писараш Улуғбек Қодиров телефонӣ гуфтугӯ дошт, писараш гуфтааст, ки ҳеҷ гоҳ нияти сӯиқасд ба ҷони Обамаро надоштаст.
Улуғбек Қодирови 22-сола аз ҷониби шӯрои мунсифаи Иёлоти Муттаҳида ба таҳдиди куштани президент муттаҳам шудааст.

Ӯ ҳамчунин ба иттиҳомоти дигар, доштани силоҳи оташфишон ва норинҷак ва будубоши ғайриқонунӣ дар қаламрави Амрико рӯ ба рӯ аст. Ӯ моҳи июни соли 2009 бо раводиди донишҷӯӣ вориди Амрико шуда, моҳи июли соли равон, пас аз талоши харидории силоҳи автоматӣ аз шахси номаълум дар яке аз мусофирхонаҳои Алабама боздошт шуд.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида гуфтаанд, раводиди Қодиров бинобар идома наёфтани таҳсилаш дар моҳи апрели соли 2010 лағв шуда буд. Додситонҳо ҳамчунин мегӯянд, таҳдиди Қодиров ба ҷони президент Обама қабл аз боздошти ӯ, дар чаҳор мавриди мухталиф садо додааст. Қарор буд, мурофиаи ӯ рӯзи душанбеи 7 ноябр идома ёбад. Аммо додситон барои тарҷума кардани навори 35-дақиқагии гуфтугӯи Қодиров бо гумонбаршудаи дигар вақти бештар дархост кард.

Зарифа Қодирова, модари Улуғбек Қодиров, мегӯяд, ӯ мутмаин аст, ки писараш мавриди сӯистифодаи тундравони исломӣ қарор гирифтааст: “Писари ман аз тоифаи бачаҳое нест, ки битавонад касеро бикушад ва ё ба рӯи касе силоҳ бардорад ва оташ кушояд. Ӯ хеле бачаи хуб буд. Ман мутмаинам, ки ӯ мавриди истифодаи касе қарор гирифт.”

Қодироваи 56-сола гуфт, худи ӯ писарашро ба таҳсил дар Амрико ташвиқ кардааст, чун Улуғбек Қодиров ҳам дар мактаби миёна ва ҳам дар донишгоҳ талабаи хуб буд. Зарифа Қодирова гуфт, аз суханони писараш, ки мегуфт, мусулмонҳои хуберо дар Амрико пайдо кардааст, хушнуд буд. Зеро бовар дошт, ки дӯстӣ бо мусулмонҳои асил метавонад писарашро аз ҳар балое нигаҳбон шавад.

“Ӯ аз буду бошаш дар Амрико хеле хушнуд буд. Ӯ боре гуфт, ки дар масҷид ибодат мекунад. Ман гуфтам, хуб аст, ки ба масҷид меравӣ, мусулмонҳо дар атрофат. Баъди ин ҳеҷ фикри баде ба сари ман наомад. Баъди кӯчиданаш ба Алабама ӯ ба ман гуфт, ки ҳоло як устод дорад, ки бо ӯ Қуръонро тиловат мекунад. Гуфтам, ки ин хеле хуб аст. Ман воқеан ҳам фикр мекардам, ки ин хуб аст ва намозгузорӣ дар он ҷо чӣ бадӣ дорад? Аммо акнун фахмидам, ки баъзе арабҳо мағзи писарамро “шустушӯй” доданд ва аз ӯ истифода карданд”,-афзуд ӯ.

Дар сурати маҳкумият Улуғбек Қодиров барои ҳар мавриди таҳдид 5 соли зиндон ва барои доштани силоҳ 10 соли зиндон хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG