Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳроб Шарифов. Вакили ошкоргӯ мешавад ё "хоболуд"?


Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов

ҲХДТ номзадии Сӯҳроб Шарифовро барои ширкат дар интихоботи миёндаврии порлумонӣ пешниҳод кард.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар конфронси худ дар ноҳияи Шоҳмансур Сӯҳроб Шарифовро ҳамчун номзади шоиста ба корзори интихоботӣ барои курсии Маҷлиси намояндагон пешниҳод кард.

Ҳарифони ӯ раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров, намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Сӯҳроб Оймуҳаммадов ва муовини ректори Донишгоҳи техникии ба номи Осимӣ Абдуқаҳор Турсунов мебошанд.

Ин ҳизбҳое, ки намояндагони худро дар муқобили Сӯҳроб Шарифов пешниҳод кардаанд, аслан ҳаводорони ҲХДТ дониста мешаванд. Ҳизбҳои дигар ба мисли ҲНИТ бо назардошти беадолатӣ ва тақаллубкориҳо дар ҷараёни интихобот зарур нашуморидаанд, ки вориди ин корзори интихоботӣ бишаванд.

Симои ҳафта
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:15:00 0:00
Линки мустақим


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби состсиал-демократи Тоҷикистон, ки ҳизбаш ин интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи Шоҳмансур-3-ро бойкот кардааст, мегӯяд, то охирин рӯзи сабти номи номзадҳо Кумиссюни марказии интихобот интизор буд, то аҳзоби мухолиф низ намояндаҳо пешниҳод кунанд. “Вале ин аҳзоб номзадҳои худро пешниҳод накарданд. Аз ин рӯ, ҷониби ҳукумат ба хотири ин ки Сӯҳроб Шарифов яккаву танҳо ба интихобот наравад, номзадҳои дигарро аз ҳисоби аҳзобу афроди ҳаводори ҳизби ҳоким сабти ном карданд”,-мегӯяд оқои Зоиров.

Ӯ афзуд: “Барои ин ки ҳизби ҳукумат нишон диҳад, ки интихобот демократӣ сурат мегирад ва алтернативӣ баргузор мешавад, се номзади дигарро сабти ном карданд. Барои он ки номзади онҳо Сӯҳроб Шарифов қонунӣ интихоб шавад, ҳамин шароитро фароҳам оварданд.”

"ВАКИЛӢ ОРЗУИ МАН БУД"


Курсии холишудае, ки барои соҳиби нави он интихобот сурат мегирад, курсии раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ Сафаралӣ Раҷабов мебошад, ки моҳе қабл ба иллати сактаи қалбӣ даргузашт.

Аммо Сӯҳроб Шарифов, раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд саҳнаи корзор холӣ ба назар расад ҳам, вале дар асл номзадҳо барои дарёфти курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон талошу мубориза хоҳанд кард. Вай мегӯяд, ки интихоби фаъолияти вакили мардумӣ дар порлумон низ хоҳиши худи ӯ будааст: “Ин хоҳиши худам ва интихоби худам ҳаст ва вакил шуданро кайҳо дар сар доштам. Имрӯз ин шароит пеш омад ва бо пуштибонии ҳамҳизбони худ номзадии худро пешинҳод кардам. Аъзои ҲХДТ, ки ман ҳам узви он ҳастам, номзадии маро пазируфтанд. Ин, албатта, хоҳиши шахсии худам аст.”

Вақте бо таҳлилгарон ва афроде, ки Сӯҳроб Шарифовро мешиносанд, ҳамсӯҳбат мешудем, дар бораи ҷаноби Шарифов на ҳамчун номзад, балки ҳамчун вакили маҷлис сӯҳбат мекарданд. Зеро интихоботҳои миёндаврии чаҳор соли ахир нишон додааст, ки ҳатман номзади ҳизби ҳоким пирӯз мешавад. Ин ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, мабодо агар намояндаи дигар ҳизб ҳам ғолиб ояд, ҳатман бо машварату маслиҳати пешакӣ бо ҳизби президент дар курсии Маҷлиси намояндагон хоҳад нишаст.

“БОЗЁФТ”-И ҲХДТ

Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов
Бо ин вуҷуд, таҳлилгари мустақили тоҷик Рустами Самеъ мегӯяд, пешинҳоди Сӯҳроб Шарифов ба ҳайси номзади курсии порлумон як бозёфти Ҳизби халқӣ-демократӣ мебошад. Ба қавли ӯ, дар миёни вакилони ҳизби ҳоким дар порлумони феълӣ Сӯҳроб Шарифов нафари шоиста аст: “Фикр мекунам, дар чанд соли ахир агар як номзади хубе, ки аз тарафи ҲХДТ пешниҳод шудааст, ҳамин Сӯҳроб Шарифов аст ва сарфи назар аз он ки интихобот чӣ тавр сурат мегирад, Сӯҳроб Шарифов вакил хоҳад шуд ва бовар дорам, ки дар миёни 10 вакили беҳтарин ва фаъоли Маҷлиси намояндагон қарор хоҳад гирифт, ки воқеан дар порлумон кор мекунанд.”

Имрӯз ба қавли журналистҳо ва таҳлилгарон интизориҳо аз Сӯҳроб Шарифов ба унвони шахсе, ки вориди масоили сиёсию иҷтимоии ҷомеаи кишвар ва минтақа аст, бештар мебошад. Ба қавли онҳо, Сӯҳроб Шарифов дар ин ниҳоди таҳлилӣ тайи чанд соли ахир тавонистааст аз вазъи амалии Тоҷикистон огоҳ бошад ва акнун бо ин огоҳиҳо ба порлумон қадам мегузорад.

ҲУКУМАТӢ, ВАЛЕ ОШКОРГӮЙ

Бархе аз микрофони рақами “6”-и порлумони солҳои 90-ум, ки дар он депутатҳои озодбаён ва огоҳ ба мисли зиндаёд Тоҳири Абдуҷаббор ва дигарон сӯҳбат мекарданд, ёдоварӣ намуда ва мегӯянд, ки шояд Сӯҳроб Шарифов дар баҳсҳои вакилони Маҷлиси намояндагон мавзеъи ошкорбаёниро бигирад. Ва сарфи назар аз мавқеи Ҳизби халқӣ-демократӣ назари худ ва воқеиятро баён дорад.

Ошкоргӯии Суҳроб Шарифов пас аз баргузори нишастҳои хабарие, ки Маркази стратегии назди президенти Тоҷикистон барои хабарнигорон медод, рӯшантар дида мешуд. Дар баробари суолҳои хабарнигорон оид ба авзои сиёсию низомӣ ва иқтисодии кишвар ва дар баробари масоили минтақавӣ ҷаноби Шарифов хомӯш намеистод ва мавқеи худро сарфи назар аз мавзеъгирии ҳукуматдорон баён медошт.

Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори тоҷик
Абдуазими Абдуваҳҳоб, хабарнигори тоҷик
Абдуазими Абдуваҳҳоб, рӯзноманигори тоҷик мегӯяд, Сӯҳроб Шарифов ҳамеша суолҳои хабарнигоронро беҷавоб намегузошт ва ба ҳар пурсиш посухи ошкору дақиқ медод: “Вай амалкардҳои мақомоти ҳукуматро баҳо дода, аз ҷумла дар робита ба вазъи Рашт масъулони Вазорати дифоъро танқид карда буд. Баъдан фаъолияти IRS-ро танқид кард. Ҳамчунин, дар бораи ҳузури марзбонони Русия ва бозгашти онҳо мавзеъгирӣ карда, ин бозгаштро нодуруст шуморид. Хешу таборбозии мансабдорони ҳукуматиро танқид кард ва фикр намекунам, ки дар ин ҳама масъала ҳукумат бо изҳори назарҳои вай мувофиқ буд. Вай ягона сиёсатмадоре дар ҳукумати Тоҷикистон буд, ки ҳукуматро бо мавқеъгириҳояш дар ҳолати ногувор қарор медод.”

ВАКИЛИ ДАРДОШНО?

Ҳоло ҳамин шинохте, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар бораи Сӯҳроб Шарифов дорад, оё вай метавонад ба унвони як сиёсатшинос дар баррасии қонунҳо ва баҳси масоили ҷомеа дар порлумон ба унвони як вакили дардошно дурахш дошта бошад?

Ба назари хабарнигорони порлумонӣ феълан дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон чанд депутати фаъоле ҳастанд, ки теъдоди онҳоро мешавад бо ангушт баршумурд. Ба қавли хабарнигорони порлумонӣ, инҳо Шодӣ Шабдолов раиси Ҳизби коммунист ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошанд, ки дар баррасии масъалаҳо огоҳона ва бо далел пешниҳоду баррасӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, бахши аъзами вакилони мардумии феълӣ ё карахт ҳастанд ё ба масоили муҳим бепарвоӣ зоҳир мекунанд.

Дӯстони наздик ва шахсоне, ки Сӯҳроб Шарифовро хуб мешиносанд ва бо ӯ тайи чанд сол дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ кор кардаанд, мегӯянд, бо он салиқае, ки ӯ дорад, ба ҳеҷ ваҳҷ дар канори вакилони хоболуда қарор нахоҳад гирифт. Сиёсатшинос Исмоил Раҳматов, ки тайи чанд соли ахир дар ин Марказ фаъолият дошт, чунин мегӯяд: “Ин ки мегӯянд, Сӯҳроб Шарифов ба депутатҳои камфаъолу ором монанад хоҳад шуд, бовар намекунам. Бархӯрди Сӯҳроб ба масъалаҳои муҳими ҷомеа нишон медиҳад, ки вай асло бетараф нест. Вай фаъол аст ва ба чунин депутатҳои хоболуда ҳам монанд шуданӣ нест. Дар конфронсҳои дохиливу байнулмилалӣ ва дар мунозираҳои телевизионӣ ҳамеша назари худро бидуни тамаллуқ ба ҷонибе ва ё тарафе баён медорад. Ман бо фаъолияти илмии эшон ошноӣ дорам, эшон доктори илми сиёсатшиносӣ ҳастанд. Ва ин ҳама имкон намедиҳад, ки вай ба як депутати камфаъол ва бепарво монанд шавад.”

“БО ХАБАРНИГОРОН ОШКОР ХОҲАМ БУД”

Сӯҳроб Шарифов низ мегӯяд, ки ҳарчанд узви ҳизби ҳоким аст ва дар порлумон вориди фраксияи ин ҳизб хоҳад буд, аммо дар баҳсу баррасиҳо назари шахси худро ҳам баён хоҳад дошт. Вай мегӯяд, собиқаи кор дар як маркази муҳими стратегӣ иҷоза намедиҳад, ки дар ҳар мавзӯъ ва гуфтугӯҳо маҳдуд ба мавқеи танҳо як ҳизб бимонӣ.

Ӯ афзуд: “Ман инсон ҳастам, олим ҳастам ва як мавқеи хоси худ ва назари шахсии худро ба ин ё он масъала дорам. Дар баъзе мавридҳо дар баҳсҳои порлумон ман метавонам фикри худро дошта бошам. Ман принсипи худро дорам ва медонам, ки принсипҳои ҳизбӣ низ ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем, ки ин принсипҳо ҳамзистӣ дошта бошанд, агар не, ман назари худро дорам. Пешниҳодоти худро дорам. Албатта, бо журналистҳо чун ҳамеша ошкор хоҳам буд ва ба ҳама суолҳои онҳо посух хоҳам дод.”

“РАҲБАРИ ДЕМОКРАТ”

Фаррух Умаров, таҳлилгари тоҷик
Фаррух Умаров, таҳлилгари тоҷик
Онҳое, ки Сӯҳроб Шарифовро беҳтар мешиносанд, мегӯянд, ки вай ба фарқ аз баъзе афроди мансабдор маҳалгаро нест ва дар муносибат бо ҳамкору мутахассисон усули шоистасолорӣ дорад. Фаррух Умаров, яке аз дӯстони наздики оқои Шарифов, ки бо ӯ дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ кор мекард, чунин мегӯяд: “Яке аз вижагиҳои Сӯҳроб Шарифов он аст, ки вай маҳалгаро нест ва ба кормандон аз дидгоҳи лаёқати тахассусии онҳо муносибат мекунад. Ӯ бисёр демократ аст, озодандеш аст. Ба ҳама баробар муносибат мекард. Дигар ин ки вай як шахси прагматик аст ва барҷомондаву шахшуда нест. Дар ҳар вазъияту ҳолат, чӣ вобаста ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон ва оид ба вазъи сиёсати ҷаҳонӣ ҳамеша фикри муносиб ва дуруст баён медорад. Омадани чунин шахс дар порлумон ба фоидаи ҷомеа аст.”

Дар рӯзҳое, ки мақомоти ҳукумати Тоҷикистон хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмоновро, ки дар ҳамкорӣ бо ҳизби мамнӯъи Таҳрир мутаҳам мешуд, танҳо Сӯҳроб Шарифов буд, ки дар як нишасти хабарӣ амали мақомоти амниятиро иштибоҳ донист ва зарурати санҷиши ҳирфаии кормандони Кумитаи амнияти миллиро таъкид кард.

ТАНҚИДИ НАЗДИКОНИ ПРЕЗИДЕНТ

Гузашта аз ин, Сӯҳроб Шарифов муаллифи Консепсияи ислоҳоти сиёсӣ ва конститутсионӣ низ мебошад, ки мувофиқи ин санад пешниҳод кард, ки баъзе аз ваколатҳои Президент ба нафъи порлумон ва нахуствазир кам карда шавад. Ин санад ба қавли Сӯҳроб Шарифов феълан дар дасти раисиҷумҳур қарор дорад ва изҳори умедворӣ мекунад, ки ба порлумон пешниҳод карда хоҳад шуд.

Дар яке аз нишастҳои хабарии дигар ҷаноби Шарифов мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла наздикони президент Эмомалӣ Раҳмонро ба хешутаборбозӣ ва маҳалгироӣ танқид карда буд.

Дар акс: Сайфулло Сафаров ва Сӯҳроб Шарифов
Дар акс: Сайфулло Сафаров ва Сӯҳроб Шарифов
Сӯҳроб Шарифов дар як сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ дар ин хусус чунин гуфта буд: “Пеш аз ҳама ҳамон хешу табору ақрабову ҳамон фарзандони президент дар ин бора фикр кунанд. Худашон фикр кунанд. Вақте назди ягон вазир ё ягон раиси ноҳия писар ё ягон хешу табори президент меояд, ман инро ба унвони мисол мегӯям, намепурсад, ки падарат иҷозат дод ё иҷозат надод, аз омадани ту хабар дорад ё надорад. Ин хислати мо аст. Кадомашро нагирем, ҷавон ё пир фарқ надорад, ҳамин гуна қабул мекунад хешу табори сарватмандонро. Ё худ масъалаи маҳалгароиро мегирем. Тарафҳои манфӣ ва мусбат дорад. Манфиаш дар он аст, ки ба корҳои давлатдорӣ омезиш пайдо кунад. Вале дӯст доштани маҳал бадӣ надорад. Аммо аз рӯи меъёри касбият ва тахассус ба кор бигиранд, дигар асту аз рӯи хешу таборӣ чизи дигар. Ба ҳар сурат давоми як–ду сол ин гуна афрод маълум мешавад, ки истеъдоди роҳбарӣ дорад ё на.”

МУБОРИЗА БО ФАСОДИ МОЛӢ


Сӯҳроб Шарифов мегӯяд, ӯ мубориза бо ришвату фасод дар ниҳодҳои ҳукуматӣ ва ғайридавлатӣ, масъалаи вуҷуди маҳалгароӣ дар сатҳи баланди ҳукуматӣ ва сиёсати кадрӣ ва чанд масъалаи ҷиддии ҷомеаи Тоҷикистонро дар порлумон низ дар миён хоҳад гузошт: “Ман гуфта будам, ки масъалаи мубориза бо коррупсия ва хешутаборбозӣ ва вуҷуди маҳалгароӣ дар сиёсати имрӯз аз шумори масоиле ҳастанд, ки дар қонунгузориҳо ҷой дода шавад. Хусусан масъалаи ришваситонӣ як принсипи барномаи депутатии мо мебошад.Мо тайи се соли ахир дар Маркази таҳқиқоти стратегӣ роҳҳои мубориза бо коррупсияро нишон додем, ки ҳоло ниҳодҳои қудратӣ ба мисли додситонӣ, умури дохила ва дигарҳо худ иқдом мекунанд, ки аз ин амали ношоиста дар ҷомеа ҷилавгирӣ шавад.”

ЯК ОВОЗ

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, сарфи назар аз озодбаёнӣ ва ошкоргӯӣ гумон аст, ки Сӯҳроб Шарифов бо доштани ҳамагӣ як овоз алорағми мавқеи Фраксияи ҳизби ҳоким кӯшиши дигаре зоҳир кунад: “Фраксияи ҲХДТ бидуни ширкати ҳеҷ кадом намояндаи дигари аҳзобу вакилон метавонад аз рӯи манофеи худаш амал кунад. Яъне, дар порлумони Тоҷикистон амалан яккаҳизбӣ вуҷуд дорад. Ва ин фраксия аз рӯи дастуру амри як нафар, яъне президенти Тоҷикистон амал мекунад. Танҳо ба як нафар гӯш медиҳад. Дар чунин шароти омадани Сӯҳроб Шарифов ба порлумон ҳеҷ натиҷае ба самар оварда наметавонад.”

Дарвоқеъ, вакилони аҳзоби дигар дар Маҷлиси намояндгон низ инро тасдиқ мекунанд, ки ҳангоми пешниҳоди масъалаи ҷиддӣ ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳо бинобар камшумор будани раъй пешинҳоди онҳо намегузарад.

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ва Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ мегӯянд, агар пешниҳодҳои дуруст ва бо далелу санҷидашудаи муҳими онҳо ба манофеи ҲХДТ созгор наояд, бо се чаҳор овозе, ки доранд наметавонанд барои ислоҳ ва ё қабули қонунҳо муваффақ шаванд. Ба гуфтаи онҳо, калиди ҳалли масъала ба 80 дарсад раъйи вакилоне, ки аз ҳизби ҳокиманд ва ё ҳаводори он, бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG