Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон


Дар Душанбе ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон, таҳти унвони «Ҷавонон моро ба ҳам меоранд" идома дорад.

Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон аз 2 то 15 ноябри давом мекунад ва ба гуфтаи маркази фарҳангии «Бохтар», яке аз мутасадиёни ин маърака, дар ҷараёни он сокинони Тоҷикистон бо фарҳангу суннатҳои мардуми Аврупо ошно мешаванд.

Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ бахшида ба оғози ин ҳафта гуфт, дар ҷараёни он ба пажуҳишгарони ҷавон, ки ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд, ҷоизаҳо супурда мешаванд: «Ҳамчунин дар доираи ин ҳафта баҳсу мунозираҳо таҳти унвони» Насли наврас: стратегияҳои нави ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ» гузаронида мешавад, ки барои баҳсу мунозираҳо ва мубодилаи фикру ақидаҳои ҷавонон имконияти хуб медиҳад.»

Ҳамзамон Тревор Мур, сафири Британия Кабир дар Тоҷикистон гуфт, дар доираи ин маърака барномаҳои таҳсилотӣ дар Аврупо, назири "Эразмус Мундус" ва "Темпус" ба намоиш гузошта мешавад. Сафири Британия гуфт: «Бар замми барномаҳои умумиаврупоӣ, ҳамчунин ҳукумати Британия низ якчанд бурси таҳсилотӣ барои ҷавонони тоҷик ихтисос додааст, ки дар рафти ин ҳафта онро бораи ҷавонон муаррифӣ хоҳем кард.»

Ҳудудан ду ҳафта ҳам сокинони Тоҷикистон ва ҳам меҳмонони аврупоӣ дар нишастҳои мурбут ба бостоншиносиву фарҳангӣ иштирок мекунанд, то аз таъриху тамаддуни якдигар иттилои бештар дарёфт кунанд.

Аз ҷумла Анри Пол, бостоншиноси фаронсавӣ дар мавзуи «Тамаддуни асри биринҷӣ дар Осиёи Миёна- Саразм» маърӯза ва Паскал Деле раққоси қиёфабози фаронсавӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Аз ҳама бештар бахти гуруҳи рақсии “Падида” баландӣ кардааст, зеро онҳо имкон доранд аз Паскал Деле дарси рақс бигиранд. Баъдан ин гуруҳ рақси навро дар Душанбе манзури тамошобинон мегардонанд.

Ҳафтаҳои Аврупо дар Тоҷикистон ҳамасола баргузор мегарданд, вале имсол ба фарқ аз солҳои гузашта, бештар бештар ҷалби таваҷҷуҳ кардаанд.

Амал Хонум Ҳоҷиева, коршиноси масоили фарҳангӣ баргузории чунин ҳафтаҳо барои ҷавонони Тоҷикистонро хеле муфид арзёбӣ мекунад: «Дар ин фестивал беҳтарин киноҳои синамогарони Аврупо, намоишномаҳо ва маърӯзаҳо пешкаши тамошобинон гардонида мешаванд. Махсусан ҷавонон бояд дар ин чорабиноҳо фаъолона иштирок кунанд, чунки имконияти тамошои чунин асарҳои баландмазмуни саҳнавӣ ва мубоҳисаҳои байналмилалӣ ба онҳо даст медиҳад.»

Ҷавонҳои тоҷик ба фарҳангу тамаддуни аврупоӣ таваҷҷуҳи хоса доранд ва бисёри онҳо дар суҳбат бо мо гуфтанд, ки мехоҳанд филмҳои аврупоиро бубинанд ва дар баҳсҳои фарҳангиву иҷтимоӣ иштирок кунанд. Аммо он чӣ таваҷҷуҳи онҳоро бештар ба худ ҷалб кардааст, ин барномаҳои таҳсилотиест, ки дар ин ҳафта муаррифӣ мешаванд.

Тибқи иттилои намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, танҳо соли гузашта 90 шаҳрванди Тоҷикистон барои таҳсил дар кишварҳои Иттиҳодия Аврупо роҳхат дарёфт кардаанд.
XS
SM
MD
LG