Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати тарбияи насли ҷавон


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба муносибати Иди Қурбон, ба зарурати тарбияи насли ҷавон таъкид кард.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷумла гуфтааст, пешрафти ҷомеа, тараққӣ ва шукуфоии миллат ба тарбияи солим ва таълими дуруст вобаста аст:
«Саҳифаҳои таърих гувоҳӣ медиҳанд: милатҳое, ки фаъолиятҳои камназир, диловариҳои бемисол ва илму ҳикмати пурифтихорро ба ҷаҳониён ба ёдгор гузоштанд, масъулияти ҷиддии тарбияи насли наврасро ба дӯш гирифта буданд. Онҳо медонистанд, ки тарбияи солим ва таълими дурусти насли наврас минбаъд боиси ифтихори аҷдодон хоҳад шуд.»

Ҷаноби Раҳмон, хитоб ба онҳое, ки дар тарбияи ҷавонон масъулият доранд гуфтааст, ки яке аз рисолатҳои муқаддаси онҳо, тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ мебошад: «...ҳамаи онҳое, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавононро ба ӯҳда доранд, муроҷиат карда гуфтаниам: шумо, ки мураббиёни имрўзу ниёгони ояндаед, яке аз рисолатҳои муқаддас ва ҳатмии мо тарбияи солим ва дур аз фитнаву фасоди ахлоқӣ, шахсияти хушахлоқу нексиришт, ороста бо ахлоқи ҳамида, мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҳамқадами замон, омодаи хизмат ба ҷомеа ва миллат мебошад.»

Мардуми Тоҷикистон рӯзи якшанбеи шашуми ноябр Иди Қурбонро таҷлил хоҳанд кард.

Иди Қурбон яке аз ду иди мусулмонҳост ва онро ҳар сол мусулмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми зулҳиҷҷа, яъне баъд аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил мекунанд. Иди Қурбон дар Тоҷикистон аз соли 1991 ба ин сӯ расман таҷлил мешавад ва ин рӯз рӯзи таътил эълом шудааст.

Ҳамасола раисиҷумҳур аз тариқи радио ва телевизионҳои давлатӣ мардуми мусулмонро ба рӯзи ид табрик ва аз сокинон дархости кӯмак ба бенавоён мекунад.
XS
SM
MD
LG