Дар ин нишаст як харитаи роҳ барои Афғонистон таҳия мешавад, ки дар он таҳкими амнияти ин кишвар баъди хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ ҷои асосиро ишғол мекунад.
Дар нишасти Истанбул ҳайатҳои 14 кишвари калидии минтақа иштирок намуда, эҳтимол бори дигар дар бораи эҳтироми истиқлоли Афғонистон, раванди оштии миллӣ дар ин кишвар ва пуштибониашон аз ҳукумати Афғонистонро иброз намоянд. ИМА, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, ҷамоҳири Осиёи Марказӣ ва баъзе аъзои СММ ва паймони НАТО ба хотири ширкат дар конфронс ба Истанбул ҳайат фиристодаанд.
Пешбинӣ мешавад, ки ин гурӯҳи кишварҳо як ниҳодеро барои назорати чораҳои марбут бо бунёди эътимод ва тақвияти ниҳодҳои интизомӣ танзим кунад.
Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ муовини вазири умури хориҷии Афғонистон Ҷовид Лудин гуфт, ки ҳамкории кишварҳои минтақа яке аз шартҳои муҳими пойдории сулҳи Афғонистн аст: "Мулоқоти Истанбул замоне сурат мегирад, ки Афғонистон худро ба шароити нав омода мекунад. Соли 2014-ум нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар берун мешаванду масъулияти таъмини назму субот бар дӯши нерӯҳои афғон хоҳад гузашт."
Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай умед дорад, ки дар ин муддат нерӯҳои афғон вазъро ба тасарруфи худ гирифта имкон медиҳанд, ки воҳидҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ ба ватан баргарданд. Тибқи нақша, баъди соли 2014-ум шумори начандон бузурги нерӯҳои хориҷӣ танҳо бо ҳадафи тамрини сарбозону афсарони полису артиши Афғонистон дар қаламрави ин кишвар боқӣ мемонанд.
Феълан нерӯҳои афғон назорати амнияти ҳафт вилояти ин кишварро бар дӯш доранд.
Ваҳид Мужда, собиқ сухангӯи Толибон бар ин назар аст, ки ҳатто бештар аз таҳкими артиш Афғонистон ба пешбурди раванди сулҳ эҳтиёҷ дорад.
Ба қавли Мужда, ҳизбҳои сиёсии Афғонистон бояд сари мизи м узокирот нишаста ҷараёни сулҳро ҳаллу фасл кунанд.
Устоди донишгоҳи Кобул Ҳомид Форуқ мегӯяд, ҳамоиши иқтисодии кишварҳои минтақа дар таҳкими назму субот ва рушди Афғонистон саҳми бузург дошта метавонад. Ӯ ба аҳамияти Афғонистон ба ҳайси кишвари транзитии минтақа ишора мекунад.
Ҷои ёдоварист, ки дар пайи нишасти Истанбул, кишварҳои манфиатдор моҳи декабр дар Олмон ҷамъ шуда, зери парчами СММ вазъи Афғонистонро баҳс мекунанд. Пешбинӣ мешавад, ки дар ин нишаст ҳайатҳои 90 кишвари олам иштирок мекунанд.