Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози бунёди пули нав бар фарози дарёи Панҷ


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Санги таҳдоби боз як пули иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ, воқеъ дар маҳалли Шоҳони Шӯрообод, гузошта шуд.

Дар ин маросим раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳкарим Оғохони 4, сафирони кишварҳои аврупоӣ ва вулусволи ноҳияи Хоҳони Афғонистон ширкат карданд.

Дар сурати такмил, ин пули 180-метрӣ ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон хоҳад пайваст. Ин тарҳро, ки 3 миллиону 100 ҳазор доллар ҳазина дорад, Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон амалӣ мекунад. Ин панҷумин пули иртиботӣ бар фарози рӯди Панҷ аст, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро дар минтақаи Бадахшон бо ҳам мепайвандад.
Оғози сохтмони пули нав миёни Тоҷикистону Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:54 0:00
Линки мустақим

Ҳамзамон раиси ҷумҳури Тоҷикистон зимни ин сафари худ ба минтақа, тарҳи сохмони роҳи Шӯрообод-Дарвоз ба маблағи 92 миллион долларро ифтитоҳ кардааст. Ин тарҳ бо сармояи созмонҳои молии байналмилалӣ ва давлати Тоҷикистон бунёд мешавад, ки 8 миллион доллари онро ҷониби Тоҷикистон мепардозад.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ низ як пули иртиботӣ дар минтақаи Бадахшон, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин пул бо 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи Бунёди Оғохон оид ба рушд сохта шудааст. Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвоз, Ишкошим, Ванҷ ва маҳалли Теми Хоруғ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Танҳо як пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро, ки дар минтақаи Панҷи Поён ҷойгир аст, давлати Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дод. То ба ҳол пулҳои иртиботии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақа ҳудуди 20 ҳазор нафар убур карда, тавассути онҳо болиғ бар 6 миллион доллар молу коло интиқол шудааст.
XS
SM
MD
LG