Вай субҳи имрӯз (31 октябр) ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат карданд.
Дар сурати такмил, ин пули 162-метрӣ ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон хоҳад пайваст. Ин тарҳро, ки 3 миллиону 100 ҳазор доллар ҳазина дорад, Бунёди Оғохон бо кӯмаки молии ҳукумати Олмон амалӣ мекунад.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ низ як пули иртиботӣ дар минтақаи Бадахшон, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам пайванд медиҳад, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин пул бо 2 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағи Бунёди Оғохон оид ба рушд сохта шудааст. Қаблан чунин пулҳо дар навоҳии Дарвозу Ишкошим ва маҳалли Теми Хоруғ сохта ва мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Танҳо як пули иртиботӣ миёни Тоҷикистону Афғонистонро, ки дар минтақаи Панҷи Поён ҷойгир аст, давлати Амрико сохта ва соли 2007 ба истифода дод. То ба ҳол пулҳои иртиботии байни Тоҷикистону Афғонистонро дар минтақа ҳудуди 20 ҳазор нафар убур карда, тавассути онҳо болиғ бар 6 миллион доллар молу коло интиқол шудааст.
Дар ҷараёни сафари Шоҳзода Карим Оғохони IV ҳамчунин қарор аст, меҳмонхонаи панҷситорадори “Душанбе-Серена”, ки сохтмонаш дар остонаи таҷлил аз бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон анҷом пазируфта буд, ифтитоҳ шавад.
Сафари Шоҳзода Оғохони чаҳор, пешвои исмоилиён ба Тоҷикистон пайравони ин мазҳаб дар кишварро ба истиқболи ӯ кашондааст. Шоми дирӯз (30 октябр) дар назди фурудгоҳи шаҳри Душанбе даҳҳо пайрави мазҳаби исмоилия бо шӯру шавқ ба истиқболи пешвои худ баромада буданд. Ҳамчунин, як гурӯҳи онҳо дар наздикии меҳмонхонаи “Серена-Душанбе” ҷамъ омада буданд. Оғохони IV эмоми чилу нуҳуми исмоилиён аст, ки аз соли 1959 ба ин сӯ роҳбарии ин ҷамъиятро бар дӯш дорад.
Пайравони исмоилия дар Тоҷикистон аз кӯмакҳои Оғохони IV дар давраи ҷанги Тоҷикистон ҳамеша сипосгузорӣ мекунанд. Вале ин ҳам бояд гуфта шавад, ки Оғохон ҳамин гуна кӯмакҳоро дар он давра ва дар давраи баъдиҷангӣ ба мардуми бисёре аз дигар манотиқи Тоҷикистон низ расондааст, махсусан, ба мардум водии Рашт, Ванҷу Дарвоз ва Тавилдара.
Бо ин ҳол, дар Тоҷикистон бештар аз 200 ҳазор пайрави исмоилия ба сар мебаранд, ки қисмати бештари онҳо дар вилояти Бадахшон ва гурӯҳҳои дигар дар баъзе аз навоҳии вилояти Хатлон, Душанбе ва Хуҷанду Роғун ҷой гирифтаанд.
Дар навори зер: Ифтитоҳи маркази исмоилиён дар Душанбе, моҳи октябри соли 2009
Ҳоло дар Душанбе бузургтарин Маркази исмоилиён, ки дар 25 ҳазор метри мураббаъ ва дар маркази шаҳр қомат афрохтааст, низ фаъол мебошад. Пойдевори ин биноро ҳанӯз дар соли 2003 Карим Оғохони IV ва Эмомалӣ Раҳмон гузошта буданд, вале сохтмони он то соли 2009 идома кард. Ин бино бо сармояи Бунёди Рушди Оғохон сохта шуда ва нахустин чунин як марказ дар тамоми Осиёи Марказӣ дониста мешавад.