Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазироии бесобиқа аз "Небо Содружества"


Ҷашнвораи дуввуми байналмилалии мусиқии «Небо Содружества» шоми 27 октябр дар кохи «Борбад» доир гардид.

Ба ин фестивали мусиқӣ оҳанги симфонии «Шодӣ-шодӣ»-и бастакори маъруфи тоҷик, Шарофиддин Сайфиддинов ҳусни оғоз бахшид, ки дар солҳои шӯравӣ ин оҳанги зебову дилнишин идҳо ва фестивалу ҳамоишҳоро зеби хоса мебахшид.

Сипас оғози фестивали мазкурро вазирони фарҳанг ва маорифи Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Абдуҷаббор Раҳмонов ба ҳозирин шодбош ва меҳмонони фестивалро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.

Дар ин ҷашнвора Максим, Юлия Савичева аз Русия, Айк Каспаров аз Арманистон, Серан Исмоилхонов аз Озарбойҷон, Алена Ланская аз Беларус, гурӯҳи “Роҳат Луқум” аз Қазоқистон, Ҷанета Бобкова аз Қирғизистон ва гурӯҳи “Real О” аз Украина иштирок ва ҳунарнамоӣ карданд. Тоҷикистонро имсол дар дуввумин ҷашнвораи мусиқии «Осмони Иттиҳод» се ҳунарманди ҷавону умедбаш - Меҳрнигор Рустамова, Нозияи Кароматулло ва Зикриоллоҳ Ҳакимов намояндагӣ карданд.

Нозия Кароматулло бо таронаи тозае бо номи «Ту танҳо, ту» сазовори истиқболи гарми ҳозирин гардид. Зикриоллоҳ бошад бо таронаи «Ватан» бар матни шоири саршиноси тоҷик Гулрухсор қалби мизбонон ва меҳмонони фестивали байналмилалии «Осмони Иттиҳод»-ро тасхир намуд.

Тамошобинон ҳунарнамоии меҳмонони фестивали «Небо Содружества»-ро хеле гарм истиқбол намуданд. Сурудҳои Серан Исмоилхонови озарӣ ва Айк Каспарови арманӣ ва гурӯҳи овозхонони қазоқро сокинони пойтахт, хусусан ҷавон бо кафкӯбиҳо ва дастафшониҳои тӯлонӣ истиқбол намуданд.


Ҷавонтарин меҳмони ин фестивали дӯстиву ҳамгироӣ, Алена Ланскаяи 18-сола аз Белорус буд, ки сурудҳояш бо садои форам ва ҳаракатҳои зебову саҳназебаш ҳамовозии пуршӯри ҳозирини толорро дарёфт намуд.

Ҳунармандони дигаре, ки саҳнаи толории консертиро бо таронаҳои шӯх ва рақсиашон гулборон ва ҷавондухтарону писарони зиёдаро ба рақс дароварданду ба барнома ҳусни анҷом бахшиданд, ҳунармандони кишвари Русия, Максим ва Юлия Савич буданд.

Дуввумин ҷашнвораи мусиқии «Небо Содружества» бо ибтикори вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва пуштибонии молии бунёди гуманитарии Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор гардид. Ҷашнвораи байнулмилалиии “Небо Содружества” бори аввал моҳи сентябри соли 2010 дар Душанбе баргузор шуда буд. Вале ба далели баргузор нашудани озмуни "Интервидение. Панҷ ситора" дар соли 2009, Тоҷикистон бори дигар ҷашнвораи "Небо Содружества"-ро мизбонӣ мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Таҳмина Ниёзова, набераи овозхони зиндаёд Боймуҳаммад Ниёзов соли 2008 дар озмуни "Интервидение. Панҷ ситора" Тоҷикистонро намояндагӣ карда соҳиби Шоҳ-ҷоизаи озмун шуд. Тибқи муқаррарот, бояд ин озмун соли 2009 дар Тоҷикистон баргузор мегардид. Вале Вазорати фарҳанги Тоҷикистон эълом дошта буд, ки ба далели мушкили молӣ ин кишвар наметавонад мизбони озмуни "Интервидение. Панҷ ситора"-бошад.

Ҷашнвораи мусиқии "Небо Содружества" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:52 0:00
XS
SM
MD
LG