Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷасади Қаззофӣ ба хок супурда шуд"


Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия мегӯяд, ҷасади Муаммар Қаззофӣ рӯзи сешанбе дар маҳале маҳрамона ба хок супурда шуд.

Ба навиштаи шабакаи хабарии Ал-Ҷазира, қабилаи Муаммар Қаззофӣ хостори дафни ӯ дар Сирт шуда буд, аммо Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия ин дархостро рад кард.

Муддати чаҳор рӯз ҷасади Қаззофӣ ва писараш Муътасим дар сардхонае дар Мисрота нигоҳ дошта мешуданд.

Қаззофӣ панҷшанбеи гузашта ба дунболи асорат дар наздикии зодгоҳи худ шаҳри Сирт дар шароити номаълуме ҷон бохт ва раҳбарони нави Либия ваъда додаанд таҳқиқоте дар ин хусус анҷом диҳанд.

Видеои бештар дар бораи боздошти Қаззофӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:08 0:00
Линки мустақим

Созмони дидбони ҳуқуқи башар низ аз пайдо шудани ҷасади 53 нафар аз ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ дар Сирт хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳоди мудофеи ҳуқуқи башар, ки мақараш дар Ню-Йорк аст, далоиле вуҷуд дорад ки нишон медиҳад, эҳтимолан нерӯҳои «инқилобӣ» онҳоро эъдом кардаанд. Яке аз пажуҳишгарони ин созмон мегӯяд, бахше аз нерӯҳои мухолифи Қаззофӣ худро болотар аз қонун медонанд ва даст ба ғорат ва куштор мезананд.

Шӯрои миллӣ-интиқолии Либия якшанбе расман озодсозии тамоми сарзамини Либияро аз низоми 42 солаи Муаммар Қаззофӣ эълон кард. Бо ин тартиб, даврони пас аз Қаззофӣ дар Либия ба раврӣ расмӣ оғоз шуд.

Мустафо Абдуҷалил, рӯзи якшанбе дар суханоне дар ҷашни эъломи озодсозии Либия тамоми қонунҳои мухолиф бо шариати исломиро ботил донист. Ӯ дар ин бора гуфт: «Мо ба унвони кишвари исломӣ шариати исломиро ба унвони манбаи аслии қонунгузории худ интихоб кардаем, бинобар ин ҳар қонуне, ки мухолифи омӯзаҳои ислом ва шариати исломӣ бошанд, тибқи қонун ботил аст ва лағв хоҳад шуд.»
XS
SM
MD
LG