Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоқипӯшии ҷавонони тоҷик. Ҳувияти миллӣ ё маҳаллӣ?


Тайи чор-панҷ сол бад-ин сӯ мондани кулоҳ ё ба истилоҳ тоқӣ миёни ҷавонони тоҷик муд шудааст.

Бисёре аз ин ҷавонон, ки зодаи минтақаҳои гуногун ҳастанд, тоқии маҳалли худро ба сар мекунанд. Ба андешаи аксари онҳо, ин амал ихтиёри ҳар яки онҳост, ки мехоҳанд тоқӣ ба сар намоянд.

ТОҚИПӮШӢ - ИФТИХОР БА ГУЗАШТА?

Аммо Фарҳод, як ҷавони дигар мегӯяд, дар асл ин ҳамон меҳру муҳаббат ба гузаштаи аждодӣ мебошад, ки онҳоро ба мондани тоқӣ водор намудааст. Ба қавли Фарҳод, ба ҷуз ин ҳар як ҷавони тоҷикро дар хурдӣ модар ё бибиаш тоқӣ медӯзад, ки чун бузург шуд, онро ҳамчун рамз ба сар биниҳад. Фарҳод афзуд: "Дар баробари оне, ки ҳар кас ихтиёри худашро дорад, ки кепка ё тоқӣ дар сар намояд, мо ҳам хоҳиш дорем, ки тоқӣ ба сар кунем. Вале тоқимонии мо аз ифтихору миллатдӯстии мо дарак медиҳад."

Дар ҳамин росто Матлуба Ҳалимова, як фурӯшандаи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ мегӯяд, назар ба солҳои пеш бозори тоқифурӯшӣ миёни духтарону писарони ҷавон хеле гарм буда, тоқиҳои минтақаҳои Хатлону Бадахшон, Суғду Зарафшон ва Фарғона харидори бештар доранд. Ба қавли хонум Ҳалимова, тоқиҳои фурӯшгоҳ вобаста ба дӯхт ва ранҷи корашон аз 35 то 140 сомонӣ нарх доранд, ки дар баробари ҷавонони дохили кишвар, ҷавонони тоҷики хориҷ аз кишвар низ аз онҳо харидорӣ менамоянд. Хонум Ҳалимова гуфт: "Харидорони мо бачаҳое ҳастанд, ки ба Русия ё дигар ҷои хориҷа мераванд, чи қадар ёди ватан мекунанд. Барои ҳамин тоқӣ ё ягон чизи миллӣ харида ба худ мебаранд."


РУШДИ ФАРҲАНГӢ МИЛЛӢ


Ба қавли Нуралӣ Мирзоалиев, як масъули вазорати фарҳанги Тоҷикистон, пас аз истиқлолият бисёре аз ҳунарҳои мардумӣ ба монандӣ тоқидӯзӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рушд намуданд, ки дар муаррифии он минтақаҳо саҳми амиқ гузошт. Аммо дар посухи ин суол, ки оё тоқипӯшии ҷавонони минтақаҳои гуногун ҳувияти миллӣ ҳаст ё маҳаллӣ Мирзоалиев гуфт, ин амали ҷавононро бо далелҳои зиёд метавон, ҳувияти миллӣ номид. Зеро ба андешаи Мирзоалиев нақшҳое, ки дар ин тоқиҳо гулдузӣ шудаанд, бозгӯкунандаи фарҳангӣ миллӣ мебошанд, ки бо усулҳои гуногуни бадахшиву кӯлобӣ, суғдиву фарғонӣ ва дигар усулҳои минтақаҳо дӯхта шудаанд ва ана ҳамин рушди ҳунарҳои мардумӣ ба ҷавонон таъсир расондааст, ки онҳо ингуна тоқиҳоро ба сар мениҳанд: «Ин тоқиҳо тоқиҳои маҳаллӣ нестанд. Ин тоқиҳо тоқиҳои миллати тоҷиканд ва ифтихор дорем, ки миллати тоҷикро бо ана ҳамон гулдӯзиҳо ва ана ҳамон шерозиҳое, ки медӯзанд, дар ҳама хориҷ мешиносанд

ТОҶИКОН КӮЛОҲИ ЯГОНА НАДОРАНД...

Ин дар ҳолест, дар бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ монанди Туркманистону Қирғизистон мондани кӯлоҳ ё ба истилоҳ тоқии ягона ба таври расмӣ буда, аз намояндагони ҳукуматӣ сар карда, то шахси оддӣ онро ба сар мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон то кунун ин амал расмӣ нашудааст ва танҳо ҷавонон тоқии марбут ба маҳалли худро ба сар мекунанд. Вале бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки ба таври расмӣ мондани кӯлоҳ ё ба истилоҳ тоқӣ дар сатҳи ҳукумат ғайриқобили қабул аст.


Зафар Мирзоён, коршиноси масоили фарҳангӣ афзуд, ин амал метавонад боз оташи ҷудоиандозиро миёни намояндагони минтақаҳои гуногун аланга диҳад: "Боз ин ҷо баъзан вокунишҳо ва ҷудоиандозиҳо ба миён меояд. Шумо тасаввур намоед, ки миёни кулоҳи хуҷандӣ, кӯлобӣ ва бадахшонӣ тафовутҳои гуногун аст. Агар як намояндаи кӯлобӣ кулоҳи кӯлобӣ ба сар монаду ба расмиёт равад, мегӯянд, бубинед, чаро кулоҳи ӯ ба гунаи кулоҳи кӯлобӣ аст."

Бо вуҷуди ин, имрӯз ҷавонони тоҷик мекӯшанд, бо пӯшидани тоқии маҳалли худ аз ҷавонони маҳалҳои дигар фарқ бикунанд. Ва ҳатто барои пурра фарқ кардан, дар кулоҳи худ бештар номи маҳал ё исми хешро сабт мекунанд.
XS
SM
MD
LG