Мақомоти Туркманистон дар моҳи августи соли равон бо судури як қарор идомаи сафари донишҷӯёни худ ба Тоҷикистон ба манзури идомаи таҳсилро мамнӯъ карда буд. Ва аз оғози соли хониши 2011 донишҷӯёни туркман дар донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳузур наёфтаанд.
Акнун Хадамоти муҳоҷирати Туркманистон ин монеаро барои сафари донишҷӯён ба Тоҷикистон лағв кардааст. Аммо бархе аз манобеъ гуфтаанд, танҳо донишҷӯёни солҳои охири таҳсил ҳаққи бозгашт ба Тоҷикистон ва идомаи таҳсилро пайдо кардаанд. Хабаргузории REGNUM низ менависад, донишҷӯёни курсҳои аввал ҳамоно иҷозаи хуруҷ аз марзи Тукманистон ба қасди Тоҷикистонро надоранд.
Беш аз ҳазор донишҷӯи туркман дар донишгоҳҳои мухталифи Тоҷикистон таҳсил мекарданд. Аз ҷумла бештари ин донишҷӯён муҳассилини Донишгоҳи омузгорӣ ҳастанд. Маблағи таҳсили ҳар донишҷӯи туркман солона ҳудуди 2 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Вазорати маорифи Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки интизори тасмими мақомоти Туркманистон хоҳад нишаст ва фармони ихроҷи ин донишҷӯёни туркманро ба ин зудӣ содир нахоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, бархе манобеи дигар низ хабари иҷозаи хатми донишгоҳҳоро ёфтани ҷавонони туркманро тайид мекунанд ва мегӯянд, танҳо донишҷӯёни соли охир имкони бозгашт ва идомаи таҳсилро ёфтаанд.
Туркманистон дар гузашта низ идомаи таҳсили донишҷӯёни худ дар донишгоҳи байнулмилалии Бишкекро мамнӯъ карда буд. Дар моҳи августи соли равон ҳам вақте аз сафари донишҷӯён ба Душанбе ҷилавгирӣ шуд, падару модарони донишҷӯён ба назди идораҳои зидахл, аз ҷумла ба Хадамоти муҳоҷират омада, муроҷиат намуданд. Аммо мақомот сабаби манъи сафари донишҷӯён барои таҳсил ба Тоҷикистонро шарҳ надодаанд.
Вале хабаргузории REGNUM аз қавли худи донишҷӯён менависад, бо эҳтимоли қавӣ мақомот аз гароиши ҷавонони туркман ба ҳаракатҳои ифротӣ ва тундгарои мазҳабӣ нигаронанд. Ба ин далел аз идомаи таҳсили онҳо дар Тоҷикистон мехоҳанд ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳоло ду моҳи соли таҳсил пушти сар шуд ва ба навиштаи хабаргузориҳо дар ин муддат бархе аз падару модарон аз идомаи таҳсили духтаронашон дилсард шуда ва онҳоро ба шавҳар додаанд. Ва бархе аз ҷавонписарони донишҷӯи туркман дар мавсими тирамоҳии давъат ба хидмати сарбозӣ рафтанд.