Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон аз Каримов эҳтироми ҳуқуқи башарро тақозо кард


Ислом Каримов ва Ҳилларӣ Клинтон
Ислом Каримов ва Ҳилларӣ Клинтон

Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқот бо Ислом Каримов ба риояи ҳуқуқи инсон дар Узбакистон таъкид намуд.

Зимни боздид аз охирин нуқта дар сафари Осиёи Марказиаш, вазири умури хориҷаи Амрико дар Тошканд тақрибан ҳамон нигарониҳоеро, ки дар Тоҷикистон дар мулоқот бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баён карда буд, такрор кард.

Хонум Клинтон дар дидору мулоқоташ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, эҷоди маҳдудият дар озодиҳои мазҳабӣ боиси ифротӣ гардидани гурӯҳҳо ва ба фаъолиятҳои зеризаминӣ гузаштани онҳо мешавад, ки метавонад ба амнияти минтақа ҳам таҳдид бикунад. "Мо намехоҳем коре кунем, ки боиси парвариши ифротгароӣ шавад",-таъкид намуд ӯ дар Душанбе.

Як мақоми амрикоӣ, ки нахост номаш бурда шавад, дар суҳбат бо чанд хабаргузории ғарбӣ гуфтааст, Ҳилларӣ Клинтон дар мулоқоташ бо Ислом Каримов роҷеъ ба зарурати анҷоми ислоҳоти демократӣ дар амри риояи ҳуқуқи башар, ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон ва кори кӯдакон дар мазореи пахта сӯҳбат кардааст. Бино ба навиштаи хабаргузориҳо, раисиҷумҳури Узбакистон дар суҳбат бо хонум Клинтон омодагияшро ба анҷоми ислоҳоти демократӣ баён карда, дар ин бора ба вазири хориҷаи Амрико ваъда супурдааст.

Дар навори видео: Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо ҷомеаи мадании Тоҷикистон

Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:12 0:00

Ислом Каримов гуфтааст, мехоҳад ба наслҳои ояндаи Узбакистон кишвари пешрафтаеро ба мерос бигузорад. Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида изҳороти Каримовро истиқбол карда ва гуфтааст, "бунёди зербинои ояндаи ҳамкориҳо бо Узбакистонро пуштибонӣ хоҳад кард."

Барак Обама ва Ислом Каримов
Барак Обама ва Ислом Каримов
Вале ин ҳама дар гузориши телевизиони давлатии Узбакистон шоми шанбе садо надод. Дар пораи садои пахшшуда аз забони Ислом Каримов танҳо ин суханҳо ба гӯши мардуми Узбакистон расиду халос: "Мехоҳам дар бораи суҳбати телефонии мову ҷаноби Обама ёдовар шавам, ки чанде пеш сурат гирифт. Ин гуфтугӯ бисёр масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои миёни давлатҳои моро мушаххас кард. Хонум Клинтон, мехоҳам бори дигар саҳми шахсан Шуморо дар рушд ва тақвияти равобити миёни Узбакистон ва ИМА таъкид намоям. Ман сафари Шуморо чун имкони дигаре барои баррасии масъалаҳои мавриди арзёбии миёни давлатҳоямон ва ҳамчунин, шонсе барои таъйини дурнамои ҳамкориҳои миёни давлатҳои мо мебинам."

Назар ба иттилои мақоми амрикоӣ, хонум Клинтон ва Каримов роҷеъ ба ояндаи Афғонистон, зарурати мусоидат ба эътидоли сулҳу субот дар ин кишвар ва рушди иҷтимоиву иқтисодии он сӯҳбат кардаанд. Ин мақоми амрикоӣ гуфтааст, Ҳилларӣ Клинтон Ислом Каримовро барои мусоидаташ дар интиқоли маводи икмолотӣ ба сарбозони амрикоӣ дар Афғонистон аз роҳи Мазори Шариф сипосгузорӣ кард. Аммо, ӯ гуфтааст, Клинтон дар заминаи тавсеаи интиқоли борҳо аз роҳи ба истилоҳ Шабакаи шимолии тронзити бор ҳарф назад, ба он хотир ки роҳи Покистон "арзонтару кӯтоҳтар" аст ва роҳи шимолӣ тавассути давлатҳои Балтик ва Русияву Қазоқистон убур мекунад.

"Аммо бо ин вуҷуд, хуб аст, ки роҳи шимол вуҷуд дорад", овардааст суханони мақоми давлати Амрикоро хабаргузории Франс-Пресс. Аз рӯи иттилои ӯ, ҳоло 50 дарсади борҳои ғайринизомӣ аз роҳи шимол ба Афғонистон интиқол мешаванд.

Камолддин Рабимов, таҳлилгари мустақили узбак
Камолддин Рабимов, таҳлилгари мустақили узбак
Аз назари сиёсатшиноси узбаки муқими Фаронса, ки диду боздидҳои Клинтон дар Тошкандро мушоҳида мекунад, ҳадафи аслии сафари котиби давлатии Амрико баррасии вазъи амниятии минтақа ва дурнамои Афғонистон буд. Камолиддин Раббимов мегӯяд: "Амрикоиҳо тасмим гирифтанд, ки тадриҷан хоки Афғонистонро тарк кунанд. Ин масъулияти азими таърихӣ дар баробари пеш аз ҳама кишварҳои минтақа, мисли Тоҷикистон ва Узбакистон аст. Бо фаъолтар шудани Толибон солҳои охир вазъият воқеан ҳам хеле мушкил ва пешгӯинашаванда аст. Аз ин хотир, ба назари ман, ҳадафи аслии сафари Ҳилларӣ Клинтон ба Тошканд баррасии масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа мебошад."

Радиои Озодӣ: Яъне ба бовари Шумо, тааҳҳудоти Каримов барои анҷоми ислоҳоти демократӣ сухане беш нест?

Камолиддин Раббимов: "Вале мо ҳадду ҳудуди Каримовро медонем. Вай ҳамеша шиорҳое дар бораи демократия ба забон меорад, вале ҳамон лаҳзае, ки ислоҳоти воқеӣ ба режими Каримов таҳдид мекунанд, онҳоро иҷро нахоҳад кард. Вазъ дар дохили Узбакистон хеле вазнин аст. Каримов пойгоҳи қонуниро барои демократияву ислоҳот заминасозӣ карда, вале дар амал онро татбиқ намекунад, зеро режим медонад, ки демократия ва озодиҳои воқеӣ ба худи режим таҳдид мекунанд."

Сафари Котиби давлатии ИМА ба Тошканд нахустин бор лағви таҳримоти ҳафтсолаи Узбакистон дар заминаи ироаи кӯмакҳои иҷтимоиву низомӣ анҷом мегирад. Кишварҳои ғарбӣ Тошкандро дар саркӯби хунини эътирозгарони зиддиҳукуматӣ дар рӯйдодҳои соли 2005 дар Андиҷон айбдор карда, пайваста ин кишварро барои нақзи ҳуқуқи башар интиқод мекарданд.

Рӯзи шанбе баъди анҷоми сафари Клинтон ба Тошканд, ки ба навиштаи Ассошейтед-Пресс, "бистуяку ним соат" давом кардааст, ба саволи яке аз хабарнигорони ғарбӣ дар бораи ҳамкориҳои Амрико бо режими поймолкунандаи ҳуқуқи башар мақоми амрикоӣ гуфт: "Агар шумо равобит надошта бошед, Шумо нуфузи худро аз даст медиҳед ва давлатҳои дигар, ки дар масоили ҳуқуқи башар ва озодиҳои бунёдӣ парво надоранд, ин халоро пур мекунанд. Аз ин хотир, беҳтар аст, ки дар чунин мулоқоти пурчолиш масоили номуносибе бо ҳадафи фишор барои тағйирот матраҳ шаванд, назар ба ин ки ин кившар пурра дар канор гузошта шавад, то ки давлатҳои дигар танҳо барои гирифтани суди сиёсиву тиҷоратӣ ба ин ҷо биёянд."
XS
SM
MD
LG