Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шуд


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико соати 8 шоми рӯзи ҷумъа вориди Душанбе-пойтахти Тоҷикистон шуд.

Хонум Клинтонро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон истиқбол кард.

Ҳамчунин дар маросими истиқболи Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии ИМА, Роберт Блейк-фиристодаи вижаи ИМА дар Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ва Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ҳилларӣ Клинтон вориди Душанбе шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00

Ин дар ҳолест, ки соате қабл Департаменти давлатии ИМА аз сафари Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ин кишвар ба Тоҷикистон ва Узбакистон хабар дода буд.

Сафорати Амрико дар Душанбе бо пахши изҳороти Виктория Ҳуланд, сухангӯи Котиби давлатии ИМА гуфт, ки Ҳилларӣ Клинтон рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ва Узбекистон сафар мекунад.

Бар пояи ин изҳорот, хонум Клинтон дар ҷараёни сафараш дар Тоҷикистон бо президент Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот мекунад.

Интизор меравад, дар ин мулоқотҳо масоили мухталифи марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва ИМА ва ҳамкориҳои минтақаӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигиранд. Ҳамчунон мулоқоти котиби давлатии ИМА бо намояндагони ҷомеаи мадании Тоҷикистон дар назар аст.

Хонум Клинтон аз Исломобод ба Тоҷикистон сафар мекунад ва ба дунболи он ба Узбакистон хоҳад рафт.

Дар изҳороти сухангӯи котиби давлатии ИМА омадааст, ки Ҳилларӣ Клинтон дар Узбакистон бо раиси ҷумҳур Ислом Каримов ва вазири корҳои хориҷӣ Элёр Ғаниев дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

Ҳамчунон Ҳилларӣ Клинтон аз корхонаи ҷадиди "Ҷенерал Моторз Пауертрейн" дар Тошканд дидан намуда, оғози "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълон мекунад.
XS
SM
MD
LG