Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ф. Аҳроров:"Карикатура дар Тоҷикистон харидор надорад"


Фаррух Аҳроров, рассоми тоҷик
Фаррух Аҳроров, рассоми тоҷик

Асари карикатурии рӯзноманигор ва рассоми тоҷик ба даври ниҳоии озмуни ҷаҳонии карикатура роҳ ёфт.

Ин озмунро созмони "Сenter for International Рrivate Enterprise", ки мақарраш дар Иёлоти Муттаҳида аст, эълон намудааст.

Дар ҳоли ҳозир асари Фаррух Аҳроров, хабарнигор ва рассоми тоҷик, ки дар шаҳри Хуҷанд зиндагӣ ва кор мекунад, аз байни 1000 карикатура дар қатори даҳ асари беҳтарин дар бахши "Democracy" қарор дорад.

Ин хабарнигор ва рассоми тоҷик соли гузашта низ филми "Аз намоз то намоз" пиромуни зиндагӣ ва кори мусулмонони Амрикоро ба навор гирифта буд.

Оқои Аҳроров он вақт дар як сӯҳбаташ ба "Озодӣ" гуфта буд, ки муҳтаво ва сужаи филми "Аз намоз то намоз" аслан аз таъсири ҳодисаи мудҳиши 11 сентябр ба зиндагӣ ва ҳуқуқи мусалмонони Амрико ва ҳамзамон муносибати намояндагони динҳои дигар ба ислом ва мусулмонон иборат аст.

Намунае аз ҳунари Фаррух Аҳроров
Намунае аз ҳунари Фаррух Аҳроров
Фаррух Аҳроров дар маҳофили Хуҷанд бештар ҳамчун раҳбари як созмони ҷамъиятии "MGM", ки дар самтҳои ислоҳоти демократӣ таҳқиқ мебарад, шинохта шудааст. Ӯ муддате вазифаи сардабирии нашрияи "Согдийская правда"-ро низ бар дӯш дошт. Оқои Аҳроров хатмкардаи факултаи рассомӣ ва ҳайкалтарошист.

Дар мусоҳиба Фаррух Аҳроров нахуст аз вай пурсидам, ки дар карикатураи ба даври ниҳоии озмуни ҷаҳонӣ раҳёфтааш киву чӣ тасвир шудааст, раиси парлумон дар минбар, овоздиҳӣ ва ё…

Фаррух Аҳроров: Не, ин сужет дар бораи вакилон ё мансабдорон нест. Дар миёни мардум ин гуна одамон ҳастанд, ки мехоҳанд сарриштаи идораи ҷомеа дар даст дошта бошанд, ҳама ба ҳарфи онҳо гӯш диҳанд, «гапи шумо - гап» гӯянд. Ва ин мавзӯъро ҳам худи одамон, ки байни онҳо мегардам, ба ман илҳом доданд. Чун мардум беҳтарин ҳаҷвнигор аст. Мо фақат он чӣ ҳасту мардум мегӯянд, тасвир мекунем.

Озодӣ: Чаро онро ба мавзӯи «Демократия»-и озмун пешниҳод намудед?

Фаррух. Аҳроров: Демократия танҳо дар сиёсат нест, ба назари ман, он бояд фарогирӣ ҳар як ҷузъи зиндагии ҷомеа бошад. Вақте, ки тафаккури мардум демокративу озод мешавад, ҷомеа ҳам ба самти беҳтар тағйир меёбад, зиндагӣ ҳам дигар мешавад, савдою тиҷорат ҳам.

Озодӣ: Яъне, демократия ин як роҳу равиши зиндагӣ аст. Хуб, ҳама асарҳое, ки ба озмун пешниҳод шудаст, беном аст, вале фаразан, ба асари пешниҳодкардаатон чӣ унвон мегузоштед?

Фаррух Аҳроров: Саволи аҷоиб. Беҳтар аст карикатура бе сарлавҳа ба сокинони гӯшаву канори ҷаҳон, хоҳ сокини Тоҷикистон бошад ё Австралия, фаҳмо бошад. Яъне, карикатура мавзӯяшро худ бозгӯ кунад.

Озодӣ: Ба ин озмун танҳо ҳамин як карикатура пешниҳод кардед?

Фаррух Аҳроров: Бале, ин аз шартҳои озмун буд.

Намунае аз ҳунари Фаррух Аҳроров
Намунае аз ҳунари Фаррух Аҳроров
Озодӣ: Шуморо дар Хуҷанд аслан чун рӯзноманигор ва раҳбари созмони ҷамъиятӣ мешиносем, ки дар самти таҳаввулоти демократӣ дар ҷомеа фаъолият мебарад. Аммо кам касон аз карикатуранигории шумо бохабаранд. Пештар низ карикатура мекашидед?

Фаррух Аҳроров: Ихтисоси аслии ман муаллими расм аст. Аммо ба карикатуранигорӣ шавқ дорам ва чизҳое рӯи коғаз меовардам. Аммо аз оғози солҳои навадум то охири асри гузашта карикатуранигорӣ дар Тоҷикистон аз равнақ афтода буд. Карикатура ба касе даркор набуд. Аввалҳои солҳои 2000 – ум як нашрияи ҳаҷвие дар Хуҷанд рӯи нашр омад, бо номи «Лаку Пак», сардабираш – Додохони Эгамзод, барои ҳунари худро гум накардан баъзе расмҳои карикатурӣ мекашидам ва дар ин нашрия ба нашр мерасонидам.

Озодӣ: Бештар ба чӣ мавзӯъҳо таваҷҷуҳ доред? Манзурам, мавзуъҳои хосе ҳам доред, ки бештар шуморо машғул медорад?

Фаррух Аҳроров: Мавзуъҳои хосе надорам ва мавзӯъҳоро ба ман ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон медиҳад.

Озодӣ: Ба нашрияҳои дигари Тоҷикистон низ чизҳои худро барои нашр пешниҳод кардед? Ва аслан карикатура дар Тоҷикистон харидору талабгор дорад?

Фаррух Аҳроров: Медонед, нашрияҳо бештар мақолаю расм мехоҳанд. Мутаассифона, ба карикатура он қадар аҳамият намедиҳанд.

Озодӣ: Чаро? Магар як карикатураи хуб барои хонандаву бинанда аз як мақолаи хушку беҷон ё расмӣ беҳтар диққатҷалбкунанда нест?

Фаррух Аҳроров: Ба ин гапи шумо мувофиқам. Аммо карикатуранигорӣ мушкил аст, манзурам – як чизи наву хуб офаридан ва ин кор вақти зиёд ҳам талаб мекунад. Ва на ҳар нашрияи Тоҷикистон имкони молӣ дорад, ки карикатурнигори худро дошта бошад ё асарҳои дигаронро харидорӣ кунад. Аз ин рӯ, нашрияҳо бештар моли интернетро бознашр мекунанд. Вақте, ки кас чанд рӯз заҳмат мекашад ва як асари карикатурӣ меофараду нашрияҳо онро ба нашр намерасонанд, ин касро рӯҳафтода мекунад.

Озодӣ: Шояд, ин ҷо сабаб сенсур ва худсенсур низ ҳаст? Яъне, нашрияҳо карикатураҳоро аз интернет мегиранд, ки гӯё мавзӯи онҳо ба Тоҷикистон дахл надорад, вале бинанда пай мебарад, ки ин мавзӯъ дар ҷомеаи тоҷик низ доғ аст.

Фаррух Аҳроров: Ба назари ман, аслан мушкили молӣ домангири нашрияҳост, на сенсур ва ё худсенсур. Онҳо моли рассомони худиро харидорӣ карда наметавонанд. Дигар, аслан худи бахши карикатуранигорӣ дар Тоҷикистон тақрибан вуҷуд надорад. Ва рассомон пойбанди мушкилоти худ ҳастанд, ки гуфтам, ба кори онҳо талаботи зиёд нест. Ва ба ҳукми аксар рассомони тоҷик аз мавзӯъҳои сиёсӣ низ дуранд, чун дар Тоҷикистон ин гуна асарҳо талабгори зиёд надорад. Аз ин рӯ, имрӯз, ба назари ман, сензура ва худсензура тақрибан як ё чанд дарсади мушкили рушди карикатуранигорӣ аст. Агар дар оянда карикатуранигорӣ равнақ ёбад, он гоҳ шояд, худсенсур ба вуҷуд ояд.

Озодӣ: Оё боз ба чӣ сабабҳо карикатуранигории тоҷик аз равнақ монд?

Фаррух Аҳроров: Аслан рассомони тоҷик аз нимаҳои солҳои ҳаштодуми асри гузашта, замони «бозсозӣ» - и горбачёвӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуданд. Ва бисёр рассомони хуби тоҷик ҳатто тарки ватан карданд ва ба кишварҳои пешрафта кӯч бастанд. Ҳол он, ки омӯзишгоҳи рассомии Душанбе на танҳо миёни мактабҳои рассомии кишварҳои Осиёи Миёна, балки шӯравӣ бо тарбияи рассомони хубу касбӣ маъруф буд. Аммо бисёр устодон ва шогирдони боистеъдоди мактабҳои рассомии Тоҷикистон ба Русияву Олмону Лаҳистон ва ғайра кӯч бастанд. Чун ба кори онҳо талабгор ками дар кам буд. Ин то солҳои 2002 – 2003 давом кард. Вале ҳозир ҳам вазъи моливу эҷодии рассомон чандон хуб нест ва ба ҳунари онҳо талабгор нест. Ман албатта, дар назар дорам ҳунар ва асарҳои ҳирфаии онҳоро.
XS
SM
MD
LG