Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲНИТ ва ҲКТ: "Ислоҳи қонуни интихоботро мехоҳем"


Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби коммунист тарҳи ислоҳот ба қонуни интихоботро пешниҳод хоҳанд кард.

Ду ҳизби сиёсии Тоҷикистон дар порлумони кишвар, ҲНИТ ва ҲКТ тасмим гирифтаанд, ба хотири роҳ ёфтани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба ҳайси узви минтақаҳо ва ҳавзаҳои раъй, тарҳи ҷадиди тағйиру иловаҳои худро ба қонуни интихобот пешниҳод ва таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба ин масъалаи калидӣ дубора ҷалб кунанд.

Тайи ду даҳсолаи ахир аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ҷиҳати дигар намудани технологияи интихобот, аз ҷумла тағйир додани наҳваи баршумурдани варақаҳои раъй дар қитъаҳои овоздиҳӣ пешниҳодҳои худро ба ҳукумати ин кишвар ироа кардаанд, аммо бенатиҷа анҷомидааст.

Чӣ гунагии шумориши варақаҳои раъй ва муҳимтар аз ҳама аз тарафи намояндагони кадом ҷониб шумурдани варақаҳо дар ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ, марҳилаи калидие мебошад, ки сарнавишти маъракаи сиёсӣ маҳз дар ҳамон ҷо ҳал карда мешавад.

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон
Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҲНИТ ва узви порлумони Тоҷикистон
Саидумар Ҳусайнӣ, вакили Ҳизби наҳзати исломӣ дар порлумони кишвар, мегӯяд, ки ин ҳизб бо назардошти шаффоф сурат гирифтани мароҳили раъйдиҳӣ дар интихобот зарур мешуморад, дар кумиссюнҳои интихоботӣ ва минтақаҳои раъйдиҳӣ намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳамчун узв пазируфта шаванд.

Ба назари ҷаноби Ҳусайнӣ, интихоботи гузашта нишон додааст, ки дар минтақаҳои раъй азбаски намояндагони танҳо ҳукумати кишвар ҳузур доранд ва онҳо варақаҳои раъйро бармешумуранд ва рӯи қуттиҳо муҳр мезананд, натиҷаи дилхоҳ ба даст намеояд: “Яке аз пешниҳодҳои муҳимтарини мо ворид намудани намояндагони аҳзоби сиёсӣ ҳамчун аъзои кумиссюнҳо ва қитъаҳои интихоботии раъй мебошад. Ҳоло фурсати муносибро интизор ҳастем.”

Вакилони ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар порлумон мегӯянд, ки тарҳи пешинҳоди ҳизб дар мавриди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот омода аст ва дар ҳафтаҳои наздик онро ба муҳокимаи депутатҳо пешниҳод хоҳанд кард. Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунист мегӯяд, се сол қабл аҳзоби сиёсӣ, аз ҷумла ҳизби комунист ҳамроҳ бо созмонҳои байнулмилалӣ дар баррасии тарҳи қонуни интихобот маҳз масъалаи ҳузури намояндагони ҳизбро дар минтақаҳои раъй дар миён гузошта буданд.

Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва узви Маҷлиси намояндагон
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ ва узви Маҷлиси намояндагон
Ба назари Шодӣ Шабдолов дар ҳукумати кишвар афроде ҳастанд, ки махсус намехоҳанд барои аз даст надодани курсӣ ҳузури аҳзоби сиёсӣ дар кумиссюнҳои раъйро иҷоза диҳанд: “Ҳамаро дар ҳукумат дар назар надорам, вале баъзе мансабдороне ҳастанд, ки аз шаффоф сурат гирифтани интихобот метарсанд. Зеро агар интихобот мунсифона сурат гирад, онҳо аз курсиҳои худ маҳрум мешаванд. Ин ҳолат хеле бисёр аст.”

Аммо Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон дар расидагӣ ба ин суол, ки чаро ҳукумати Тоҷикистон намехоҳад, намояндагони аҳзоби сиёсӣ ба узвияти қитъаҳои раъй иҷоза дода шавад, посухи мушаххас надод, вале афзуд, агар ин масъала ҳал карда шавад, ҳатман ба шаффофияти интихобот мусоидат мекунад.

Ӯ афзуд: “Ин ки гӯиё ҳукумат намехоҳад, намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар кумиссюнҳои интихоботӣ роҳ ёбанд, чандон дуруст нест. Аммо ба назари шахсии ман, мехоҳам, ки натанҳо як намоянадаи ҳизби ман бошад, албатта, намояндагони дигар аҳзоб низ бошанд, то овозҳое, ки ҳизби ман аз мардум мегирад, дақиқ бошанду ҷанҷолӣ не.”

Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Сайфулло Сафаров, муовини раҳбари Маркази таҳқиқоти стратегии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ба назар мерасад, ки сарфи назар аз ин ки ҳукумати Тоҷикистон ворид намудани намояндагони аъзои аҳзоби сиёсиро дар минтақаҳои раъй хуш надорад, вале нерӯҳои сиёсии Тоҷикистон зарурати тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботро дар ин маврид ҳатмӣ мешуморанд. Зеро ҳамаи нерӯҳои сиёсӣ ва ҳам раъйдиҳандагон дар интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон аз пеш медонанд, ки натиҷаи интихобот чӣ хоҳад буд. Ва ин пеш аз ҳама мардумро ноумеду дилсард мекунад.

Ҳамсӯҳбати мо Саидамоҳ, яке аз сокинони шаҳри Душанбе, мегӯяд, дар интихоботи порлумонии гузашта дидааст, ки ҳамсояҳояш аслан ба минтақаҳои раъй нарафтаанд ва аз пеш медонанд, ки овози додаи онҳо ба суди номзадашон шумурда нахоҳад шуд: “Аксари ҳамсоягони ман ба интихобот нарафта буданд ва бовар ҳам надоранд, ки раъйи онҳо дақиқ баршумурда мешавад. Ҳатто аксари мардум медонанд, ки агар ба тарафдории номзади шоиста, хоҳ дар порлумон хоҳ номзад барои курсии президентӣ овоз диҳанд, ба эътибор гирифта намешавад.”


Дар ҳоли ҳозир дар саросари Тоҷикистон ҳудуди чаҳор ҳазор минтақаҳои раъй вуҷуд дорад, ки узви аслии онҳо намояндагони ҷамоатҳои маҳаллӣ мебошанд. Бархе аз лидерони бонуфузи сиёсии Тоҷикистон дар суҳбатҳои алоҳида ишора мекунанд, ки агар намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар дар ҳавзаҳои раъй ҳамчун узв роҳ дода шаванд, дар интихоботи президентии Тоҷикистон, ки қарор аст дар соли 2013 баргузор шавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG