Сарвазири ҳукумати муваққати Либия Маҳмуд Ҷибриил марги раҳбари барканоршудаи ин кишвар Муаммар Қаззофиро тасдиқ кард. Ӯ дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Троблус гуфт, Қаззофӣ ҳангоми ишғоли шаҳри Сирт кушта шудааст.
Фармондеҳони Шӯрои давраи гузариш иттилоъ дода буданд, ки Қаззофӣ дар зодгоҳаш шаҳри Сирт боздошт шудааст. Яке аз мансабдорон ба хабаргузори Ройтерз гуфт, Қаззофӣ аз сар ва пойҳояш ҷароҳат бардошт ва ин захмҳо боиси марги ӯ шудаанд.
Телевизионҳои мухталиф акси ҷасади саршор аз хуни Қаззофиро намоиш додаанд. НАТО мегӯяд, субҳи панҷшанбе (20 октябр) ҳавопаймоҳои ин паймон корвони иборат аз ду мошини низомиро мавриди оташ қарор додааст. Вале сухангӯёни НАТО нагуфтаанд, ки оё ин корвони Қаззофӣ буд ё хайр.
Дар сӯҳбат бо хабаргузории Би-би-сӣ Маҳмуд Шаммом сухангӯи Шӯрои давраи гузариши Либия гуфт: “Сирт озод ва мардуми Либия аз ситами Қаззофӣ раҳо шуд.”
Сарвазири Италия Силвио Берлусконӣ мегӯяд, бо марги Қаззофӣ ҷанг дар Либия ба поён мерасад. Дар Брюссел раҳбарони Иттиҳодияи Аврупо иброз доштанд, ки марги Қаззофӣ “поёни як давраи зулм” аст. Дар Вашингтон сенатори амкриоӣ Ҷон Маккейн гуфт, қатли Қаззофӣ хатми аввалин марҳилаи инқилоби Либӣ мебошад.
Табибон мегӯянд, рӯзи панҷшанбе бар асари бархӯрдҳои мусаллаҳона дар Сирт камаш се сарбози нерӯҳои вафодор ба ҳукумати муваққат кушта ва 30 каси дигар маҷрӯҳ шудаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Фарзанди "биёбонӣ" дар арши қудрат
Қаззофӣ гуфт, "то пирӯзӣ ё шаҳодат меҷангам"
Шӯрои миллии гузор: "Ҳукумати 42-солаи Қаззофӣ поён ёфт"
Бо ин ҳама сару садоҳо саволи матраҳ ин аст, ки оё бо марги Қаззофӣ мушкили мардуми Либия ва шеваи салтанати режими худкома дар кишварҳои арабӣ аз байн хоҳад рафт?
Худойбердӣ Холиқназаров аз Маркази таҳқиқоти стратегии назди президент ва собиқ вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар посух ба ин суол гуфт: “Дар ҳоли ҳозир як хушҳолӣ аз сӯи неруҳои мухолифи Муаммар Қаззофӣ дар ин кишвар эҳсос мешавад. Лекин мушкили зиёде дар пеш аст, зеро ин неруҳо яклухт нестанд. Дар миёни аҳзоби сиёсӣ, ки дар дохили ин неруҳо ҳастанд, аз ҷумла аҳзоби исломӣ, демократхоҳ ва миллии озодихоҳ, ки дар миёнашон таззоди амиқи идеологӣ вуҷуд дорад. Ба ин далел ташкили давлате дар ин ҷумҳурӣ дар оянда ба мушкилҳои зиёде рӯ ба рӯ хоҳад шуд.”
Саъдии Юсуфӣ, коршиноси минтақа мегӯяд, марги Қаззофӣ барои ояндаи Либия ду паҳлу дорад. Якум натиҷаи мусбати он аст, ки Қаззофӣ аз қудрат рафту кушта шуд ва як хонаводае, ки дороиҳои як кишварро дар даст дошт, пош хӯрд ва ин занҷира канда шуд. Ҷаноби Юсуфӣ паҳлуи дувумро чунин тавзеҳ дод: “Аммо паҳлуи дигари ин қазия ҳоло норӯшан аст ва бояд мунтазир шуд. Ин суол матраҳ аст, ки оё ин неруҳо метавонанд шахсиятҳо ва чеҳраҳои миллиро, ки манфиати мардумро нисбат ба манфиати шахсии худ боло гузоранд, сари қудрат меоранд? Бо вуҷуди ин ҳама мардуми ин ҷумҳурӣ аз худ як ҷасорат нишон додаанд, ки он гувоҳи пухтагии онҳо дар роҳи шикасти режим ва озодихоҳӣ аст, ки дигар низомҳои худкомаро қабул надоранд.”
Сарҳанг Муаммар Қаззофӣ, ки беш аз чиҳил сол дар Либия ҳукумат рондааст, дар моҳи феврали соли ҷорӣ ба мухолифати мардумаш рӯ ба рӯ гардид. Вай соли 1969 дар синни 28-солагӣ бо гурӯҳе аз афсарон дар як табадуллоти давлатии бехунрезӣ шоҳи Либия Идриси аввалро барканор карда, ба қудрат расида буд.
Моҳи август нерӯҳои вафодор ба Шӯрои давраи гузариш шаҳри Троблус ё Триполӣ, пойтахти Либияро ишғол намуданду Қаззофӣ ҳамроҳ бо аъзои хонаводааш аз пойтахт фирор кард. Дар ин муддат баъзе хешовандони Қаззофӣ ба хориҷи Либия ҳиҷрат намудаанд.
Раҳбарони Шӯрои давраи гузариш қаблан мегуфтанд, ки фақат баъди ишғоли Сирт онҳо, кишварро озод эълон намуда, барномаи интихоби ҳукумати нави ин кишварро матраҳ хоҳанд кард.