Николай Бордюжа дар сӯҳбат бо нашрияи "Комсомолская правда" афзудааст, тааҳҳудот дар ҳалли масоили марзӣ, гидроэнергетика ва нақлиёт дар миёни кишварҳои СПАД-ро ин созмони амниятӣ бар дӯш дорад ва он барои расидагӣ ба ин мушкилот миёнҷигарӣ
хоҳад кард.
Генерал Бордюжа дар робита ба мухолифатҳои мавҷуд миёни Тоҷикистону Узбакистон ва Қирғизистон роҷеъ ба захоири об гуфтааст, на танҳо ин мухолифтаҳо, балки танишҳо миёни ин ҷумҳуриҳо дар бахши нақлиёт низ амиқ шуда, равобити онҳоро бадтар кардааст.
Юрий Биалӣ, коршиноси рус бо дар назар гирифтани ҳадафҳои ин созмон ва амният дар минтақа мегӯяд, Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (СПАД) метавонад, замина барои ҳалли ин мухолифатҳоро фароҳам кунад. Вале ба гуфтаи ин коршинос, сухани ниҳоӣ дар ин мавзӯъҳо аз кишварҳои алоҳидаи минтақа аст.
"Ҳалли ин мухолифатҳо пеш аз ҳама ба иродаи сиёсии кишварҳо ва ба гузашту гуфтугӯ моил будани онҳо бастагӣ дорад. Агар иродаи сиёсӣ ва майл ба гуфтугӯ набошад ва ҳар як кишвар дар мавқеи худ пофишорӣ кунад, ҳеҷ созмоне наметавонад дар ҳалли ин мухолифатҳо даст ёбад",-афзуд ҷаноби Биалӣ.
Аммо Абдулғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон, ҳалли ин мушкилот аз сӯи СПАД -ро баъид медонад. Ба гуфтаи вай, масъалаи истифодаи захоири об ва тавони энержии Тоҷикистону Қирғизистон ба сиёсати геополиткӣ гиреҳ хӯрдааст ва дар ин масъала манфиати кишварҳои абарқудрат, аз қабили Амрико, Чин, Русия дар ин минтақа бархӯрд мекунад.
Ӯ гуфт: "Дар дигар минтақаҳои ҷаҳон Русияро хуш қабул намекунанд ва ба ин далел Маскав талош дорад, ки мавқеи худро дар Осиёи Миёна аз тариқи СПАД-и кишварҳои ҳамсуд пурзӯр кунад. Вале ман баъид медонам, ки Русия тавонад ин мухолифатҳоро рад намояд."
Ба гуфтаи мусоҳибони мо, Русия, ки саъй дорад, бозори энержии Осиёи Марказиро дар қабзаи худ нигаҳ дорад ва ба насибаҳои бузурге дар нерӯгоҳҳои барқи обии Қирғизистону Тоҷикистон соҳиб шавад, ҳоло аз роҳи ғайримустақим, яъне СПАД, барои амалӣ кардани ин орзуяш талош мекунад.
Ба гуфтаи ҳамин коршиносон, мухолифати Узбакистон ба бунёди нерӯгоҳҳои тавонои барқи обӣ дар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳидояти Русия сурат мегирад, ки мехоҳад, саҳмияҳои зиёди нерӯгоҳҳои ба мисли Роғунро дар даст бошад, вале Тоҷикистону Қирғизистон ба ин чиз моил нестанд. Зеро ҳар кишваре, ки дар сохтмони ин ду нерӯгоҳ саҳми воқеӣ бигирад, захоири оби минтақаро дар оянда контрол хоҳад кард, ки як василаи муҳими стротегӣ ва фишор ба кишварҳои минтақа хоҳад буд.
Агар иродаи сиёсӣ ва майл ба гуфтугӯ набошад, ҳеҷ созмоне наметавонад дар ҳалли мухолифатҳо даст ёбад