Владимир Путин дар нахустин мусоҳибаи муфассали телевизиониаш баъд аз эълони номзадии ӯ барои давраи севвуми раёсатҷумҳурӣ гуфт, ин ҳарфи мунтақидонаш, ки вазъи Русия аз ин бадтар шуда наметавонад, дуруст нест: “Ман аз задани чунин ҳарф, ки аз ин бадтар нахоҳад шуд, эҳтиёт мекардам. Ду ё се қадами иштибоҳӣ кофист, ки мо ҳанӯз хабар наёфта, ончӣ дар гузашта буд, бошаст моро пахш кунад.”
Владимир Путин аз ҷумла вуҷуди мушкилот дар Қафқози шимолӣ-як минтақаи ба маҳзи ошӯбу хушунатҳояш дарди сари Маскавро эътироф кард ва гуфт, ин қаламрав “дар баҳри ҷиноёт ва фасод” ғарқ шудааст.
Сарвазири Русия худро “пуркортарин” раҳбари Русия аз замони ҷанги дуввуми ҷаҳон ба ин тараф номид ва гуфт, раҳбарони даврони коммунистӣ азм ва ҳам тавони ҷисмонии идораи умур ба он шеваеро, ки ӯ бар Русия раҳбарӣ мекунад, аслан надоштанд.
ПУТИН: "ИНТИХОБ ДАР ДАСТИ МАРДУМ АСТ"
Раисиҷумҳури кунунии Русия Дмитрий Медведев, ки бисёриҳо ӯро аз ибтидо як навъ нигаҳбони курсии Путин барои 4 сол мехонданд, рӯзи 24 сентябр дар анҷумани ҳизби ҳокими Русияи воҳид номзадии Путинро ба интихоботи моҳи март пешниҳод кард. Ин ибтикор дар маҳофил ба маънои аз байн бурдани ҳаққи интихоби мардум дар интихоботи моҳи марти соли 2012 талаққӣ шуд. Аксар мутмаинанд, ки ширкати Путин ин райъгириро амалан ба як проседураи хушку холӣ табдил медиҳад, чунки ғолибаш аз қабл маълум аст - Путин ва фақат Путин.
Аммо Владимир Путин гуфт, азми ӯ барои давраи севвуми раёсат ба чунин маъно нест, чунки интихоб боз ҳам пеши мардум мемонад, ки оё ӯро хоҳанд пазируфт ё на: “Мо инро ҳамчун як масъалаи ҳалшуда пешниҳод накардаем. Ин масъала байни ҳардуи мо ҳал шудааст, вале ҳанӯз шаҳрвандони мо фикри худро нагуфтаанд. Мо чунин равишро пешниҳод мекунем ва мардум дар қитъаҳои интихоботӣ назари худро хоҳанд гуфт, ки бо ин пешниҳод розӣ ҳастанд ё на. Ҳама чӣ дар интихобот ҳал мешавад.”
Аммо ба ақидаи нозирони умур, бо ин фазои ҳоким бар саҳнаи сиёсии Русия, ки оппозитсияи воқеъӣ комилан аз майдон рӯфта шуда, ҳизби ҳоким танҳо ба аҳзоби розӣ бо қоидаҳои нави бозӣ дар ин саҳна ва амалан ҳамроҳаки худ иҷозаи амал ва ширкат дар интихоботҳоро медиҳад, баъид аст, ки дар интихоботи моҳи март як рақиби билқуввае битавонад дар муқобили Владимир Путин майдондорӣ кунад. Онҳо мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб, чун дар дастикам се интихоботе, ки аз поёни соли 1999 – аз замони ба қудрат расидани Путин дар Русия доир шуд, фақат барои алтернативӣ нишон додани интихобот чанд номзади заиферо дар муқобили ӯ номнавис хоҳанд карду бас.
ПУТИН - ДИКТАТОРИ НАРМТАР АЗ СТАЛИН ВА БРЕЖНЕВ
Владимир Прибиловский, таҳлилгари маркази “Панорама” дар Маскав мегӯяд, як мухотаби Путин дар ин сӯҳбати тӯлонӣ Ғарб буд ва ӯ мехост ҳамчунон бо ин чормағзи пӯч, ки дар Русия ҳадди ақал дар зоҳир демократия ҳаст, домани ҷомиаҳои демократии Ғарбро пур кунад: “Ҷаҳон, албатта, аз як тараф, хуб медонад, ки асли гап чист. Вале аз сӯи дигар ба ин тазминҳои хушкухолӣ ҳам ниёз дорад, ки заминае барои мулоқотҳову муомилаҳои баъдӣ бо Русияро дошта бошад. Онҳо манфиатдоранд ба ин ва худро баъди суханони ӯ таскин ҳам медиҳанд то ҷое, ки Путин ҳадди ақал шеваҳои ғайридемократии раёсатро радд мекунад ва дам аз демократия мезанад, ба ҳар сурат. Ғарб маҷбур аст, қоидаҳои бозӣ бо низоми ӯро бипазирад. Албатта, Путин Сталин ё Брежнев нест, балки бештар ба як диктатори нисбатан нармтари Амрикои лотинӣ мемонад.”
Дар воқеъ, ба кадом самту сӯ кашидани сиёсатҳои дохиливу хориҷии Маскав дар аҳди Путини ҷадид низ дар ин сӯҳбати тӯлониаш бо 3 шабакаи телевизионии Русия матраҳ шуд. Алорағми нигаронии онҳое, ки мегӯянд, бозгашти Владимир Путин шояд насими нарми вазида дар равобити Русияву Амрикоро аз байн бубарад, Путин ҳамаро итминони хотир дод, ки ӯ ҳамчунон равобити хуби ҳамсоягиву дӯстонаро бо тамоми шарикони Русия дунбол хоҳад кард.