Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои сӯиқасд ба сафири Саудӣ ва тамоси мустақими ИМА бо Эрон


Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико
Виктория Нуланд, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико

ИМА мегӯяд, ба хотири арзёбии тарҳи нокоми сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ, бо мақомоти эронӣ робитаи мустақим барқарор кардааст.

Ин музокироти рӯ ба рӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки қазияи асроромез боиси ҳамлаҳои лафзии тарафайн гардидааст.

Шоми панҷшанбе сухангӯи департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА хонум Виктория Нуланд гуфт, ки Вашингтон ба хотири арзёбии сӯиқасди хунсошуда ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ бо мақомоти эронӣ дар “тамоси мустақим” шудааст: “Мо бо Эрон тамоси мустақим дорем. Ман тафсилоти бештар намедиҳам, вале мехоҳам гӯям, ки мо масъаларо дар музокироти рӯ ба рӯ арзёбӣ кардем.”

Нуланд дар бораи макон ва сатҳи музокирот чизе нагуфта бошад ҳам, ҳамин қадарро илова кард, ки тамос рӯзи чоршанбеи 12-уми октябр ба вуқӯъ пайваст.

ИМА ва Эрон равобити дипломатӣ надоранд. Дар Эрон сафорати Швейтсария аз манфиатҳои Вашингтон ҳимоят мекунад.

Воқеан, дар иртибот бо ин тарҳи сӯиқасд Вашингтону Теҳрон ҳарфи зиёди гуфтанӣ доранд, вале, ин ки оё тарафҳо ба шунидани ҳамдигар ҳозир ҳастанд суолест, ки бисёриҳо ҷавоби онро надоранд.

"КИРДОРИ ХАТАРНОК ВА БЕМУЛОҲИЗА"

Рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Барак Обама тарҳи сӯиқасдро бахше аз кирдорҳои хатарнок ва бемулоҳизаи мақомоти Теҳрон номида, таъкид кард, ки раҳбарони ин кишвар бояд посухи онро диҳанд.

Вале Теҳрон айбномаро хандаовар унвон дода, исрор меварзад, ки Вашингтон онро ба хотири бадном кардани Ҷумҳурии исломӣ матраҳ кардааст.

Мансабдорони амрикоӣ мегӯянд, шояд айбнома ба нигоҳи аввал хандаовар бошад, вале вақте тафсилоти он дастрас мешавад, эътимод пайдо мешавад, ки тарҳи сӯиқасд воқеӣ мебошад.

Хабаргузории Рейтерс бо такя ба мансабдорони огаҳ аз қазия овардааст, ки ибтидо ҳатто дар ҳукумати ИМА шубҳа пайдо шуд, ки тарҳи сӯиқасд воқеӣ бошад.

Муттаҳам Мансур Арбобсайр шаҳрванди ИМА аст. Ӯ замоне ба ҳабс гирифта шуд, ки як намояндаи гурӯҳи мексикоии қочоқчиёни маводи мухаддирро барои куштани сафири Саудӣ Одил ал-Ҷубайр сафарбар кард. Аммо тарҳ хунсо шуд, зеро ин фард, яъне ин узви гурӯҳи мексикоӣ ҳамчунон кӯмакрасони пинҳонии хадамоти амниятии ИМА низ будааст.

Ҳамсояҳо ва дӯстони Арбобсайр зиёд бовар надоранд, ки ӯ ҷосус бошад. Дейвид Томша, ки бо Арбобсайр ҳамкорӣ кардааст, мегӯяд, “мақомот дар ҷустуҷӯи Ҷеймс Бонд Мистер Бинро дастгир кардаанд”. Яъне на ҷосус, балки масхараи ӯро боздошт намудаанд.

КОРИ МАҚОМОТ Ё ГУРӮҲҲОИ АЛОҲИДА?

Мансур Арбобсайр
Мансур Арбобсайр
Аммо Вашингтон таъкид мекунад, ки аввалан Арбобсайр шиносномаи эронии худро низ ҳифз намудааст ва сониян, шаҳодате дастрас шудааст, ки ӯ барои иҷрои ин сӯиқасд аз хориҷи кишвар беш аз 100 ҳазор доллар дарёфт карда буд.

Онҳо меафзоянд, яке аз наздикони Арбобсайр бо номи Абдулризо Шаҳлоӣ мақоми баландпояи Сипоҳи “Қудс” буда, дар як идда амалиёти зиддиамрикоӣ иштирок кардааст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти амрикоӣ умед доранд, ки тавассути музокироти мустақим бо Эрон ба ин муаммо рӯшанӣ меандозанд.

То ҳол наметавон гуфт, ки оё режими ҷумҳурии исломӣ ин тарҳи сӯиқасдро кашида буд ва ё ягон унсури ифротии он бидуни огаҳии дигарон ба ин амал даст задааст?

Он чизе, ки феълан возеҳ мебошад, ин аст, ки равобити Вашингтону Теҳрон ба қадри кофӣ муташанниҷ буда, бо ин сӯиқасди хунсошуда, ба марҳилаи ғайриқобили пешбинӣ дохил мешаванд.
XS
SM
MD
LG