Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нави Узбакистон. Боз дар бораи Роғун


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Нашрияи давлатии Узбакистон навишт, ки бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалӣ шудани тарҳи Роғун ҷилавгирӣ намояд.

Рӯзномаи давлатии Узбакистон “Правда Востока” ҳушдор додааст, ки Тоҷикистон бидуни он ки натиҷаи ташхиси тарҳи нерӯгоҳи Роғунро интизор шавад, зимистони имсол ба бунёди ин нерӯгоҳ шурӯъ мекунад.

Ба ақидаи ин нашрия, ки баёнгари мавқеи ҳукумати Узбакистон аст, “муносибати таҷовузгаронаи тарафи Тоҷикистон дар эҳдоси ин тарҳ ва беэътиноӣ ба пешниҳоди Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки раҳбарияти Тоҷикистон талош дорад, пайомадҳои фоҷиабори онро барои миллионҳо нафар ба эътибор нагирад ва дар пайи расидан ба андешаи часпидаи худ бошад.”

Муаллифи ин матлаб дар нашрияи “Правда Востока” ҳушдор додааст, ки чунин талошҳо оқибати нек нахоҳанд дошт. Вай афзудааст, барои пур кардани обанбори Роғун ба камияш ҳашт сол зарур аст, ки дар тӯли ин муддат Узбакистону Туркманистон ва ҳам Афғонистон ба камбуди шадиди об мувоҷеҳ мешаванд.



“Правда Востока” менависад, дар сурати камбуди об заминҳои кишт хушкида, ба камшавии ҳосили пахтаву гандум оварда мерасонад. “Бино ба ҳисоби коршиносон дар тӯли панҷ сол хисорот аз ҳисоби кам шудани кишти пахтаву гандум ба 20,6 миллиард доллар хоҳад расид. Дар ин сурат, буҷаи хонаводаҳо низ зиён дида, зиндагии 18 миллион нафар дар Узбакистону Туркманистон ба мушкил мепечад”,-омадааст дар рӯзномаи давлатии Узбакистон.

Бино ба навиштаи “Правда Востока” яке аз авоқиби ваҳшатноктарини сохтмони Роғун “тағйири манфии генофонди мардуми бумӣ, коҳиши ҷангалзорҳо, маҳви баъзе аз навъи гиёҳу ҷонварон” будааст. “Барои ҷилавгирӣ аз ин, ҷомеаи байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ бояд назари худро дар бораи андешаҳои “хом”-и раҳбарони Тоҷикистон, ки мехоҳанд ба ҳар қимате тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғунро амалӣ кунанд, баён созанд",-таъкид шудааст дар матлаби "Правда Востока".

Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ натоиҷи ниҳоии ташхиси фанниву иқтисодӣ ва зистмуҳитии тарҳи нирӯгоҳи Роғунро дар тобистони соли оянда ироа хоҳад кард. Ин мавзӯъ дар мулоқоти мудири Бонки ҷаҳонӣ дар умури кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Теодор Алерс бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр баррасӣ шуда буд.

Мухолифати кишварҳои поёноби минтақа ба тарҳи Роғун боис шуд, ки Душанбе анҷоми ташхиси ин тарҳи барояш ҳаётан муҳимро ба Бонки ҷаҳонӣ бисупорад. Бонки ҷаҳонӣ аз маблағгузорони умда ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, феълан дар ин кишвар 16 барнома ба маблағи умумии 220 миллион долларро иҷро мекунад.
XS
SM
MD
LG