Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷопон дарвозаи Тоҷикистонро голборон кард


Бозии миёни тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ҷопон дар варзишгоҳи "Нагай"-и шаҳри Осака ба поён расид.

Дақиқаи панҷуми бозӣ. Ҳанӯз ҳисоб боз нашудааст. Вале футболбозони ҷопонӣ бештар ба тарафи дарвозаи футболбозони тоҷик ҳамла мекунанд.

Дар дақиқаи дувоздаҳуми бозӣ футболбози ҷопонӣ Мики Ҳавенаар ҳисобро боз кард. Голи нахустин ба дарвозаи футболбозони тоҷик.

Дақиқаи 16-уми бозӣ. Боз як зарбаи бозигарони тими миллии Ҷопон. Вале дарвозабони тими мунтахаби Тоҷикистон ин зарбаро баргардонд.

Хушҳолии футболбозони Ҷопон
Хушҳолии футболбозони Ҷопон
Дар дақиқаи 19-уми бозӣ голи дуввуми ҷопониҳоро бозигари тими миллии ин кишвар Синдзи Оказаки, тақти рақами 9, ба самар расонд.

Дақиқаи 34-уми бозӣ. Голи севуми ҷопониҳо низ вориди дарвозаи тими мунтахаби Тоҷикистон шуд. Ин голро Юити Комано зад.

Дақиқаи 39. Ба ҷои Фатҳулло Фатҳуллоев Дилшод Восиев ба майдон баромад.

Дақиқаи 42-юми бозӣ. Голуми чаҳоруми ҷопониҳо зада шуд.

Қисми аввали бозӣ бо як дақиқаи иловагӣ ба поён расид. Ин қисмати бозӣ бо футболбозони ҷопонӣ барои тими мунтахаби Тоҷикистон чандон осон набуд. Дар ин чилу панҷ дақиқаи гузашта ҷопониҳо ҳамеша ба дарвозаи тими мунтахаби Тоҷикистон ҳамла бурда, чаҳор голро ба самар расониданд.



ҚИСМИ ДУВВУМИ БОЗӢ

Дар дақиқаҳои аввали қисми дуввуми бозӣ (47) Мики Ҳавенаар (ин голи дуввуми ӯст) хеле ба осонӣ голро ворид дарвозаи футболбозони тоҷик намуд.

Оказаки, бозигари тими миллии Ҷопон
Оказаки, бозигари тими миллии Ҷопон
Дақиқаи 55-уми бозӣ. Ҷопониҳо голи шашуми худро вориди дарвозаи футболбозони тоҷик намуданд. Ин голро футболбозони ҷопонӣ Накамур ба самар расонд.

Дақиқаи 66-уми бозӣ. Ба ҷои Хуршед Маҳмудов ба майдон Иброҳим Рабимов баромад. Хуршед Маҳмудов, капитани дастаи тими мунтахаби Тоҷикистон аст.

Дақиқаи 67-уми бозӣ. Кагава бо зарбаи зебои худ ҳисоби голи ҷопониҳоро афзуд. Акнун ҳисоб 7:0 бар фоидаи тими миллии Ҷопон. То ҳол футболбозони тоҷик ягон гол ба дарвозаи ҷопониҳо назадаанд. Торнамои "Истиқлол" менависад, агар дарвозабон Алишер Тӯйчиев намебуд, шояд ин ҳисоб алакай ба 15:0 мерасид.

Дақиқаи 78-уми бозӣ миёни тимҳои Тоҷикистону Ҷопон. Боз як голи Накамур ва боз ҳам бар фоидаи ҷопониҳо. Ҳисоб 8:0.


Дақиқаи 85-уми бозӣ. Ба ҷои Комил Саидов ба майдон Фаррух Чориев мебарояд.

Қисми дуввуми бозӣ бо изофаи 3 дақиқаи дигар ба поён расид. дар тӯли ин муддат футболбозони тоҷик натавонистанд ба дарвозаи рақибони худ як гол ворид кунанд. Пас аз бозӣ бо Узбакистону Куриёи Шимолӣ ин бузургтарин бохти тими мунтахаби Тоҷикистон буд.

Лаҳзаҳои душбор барои Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон
Лаҳзаҳои душбор барои Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, Манучеҳр Султонов, як донишҷӯи тоҷик дар Ҷопон, ки ҷараёни бозиро дар варзишгоҳи "Нагай" тамошо дорад, мегӯяд, "ҳарчанд донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои гуногун ва дар ҳар гӯшаву шаҳрҳои Ҷопон ба таҳсил машғул ҳастем, вале имрӯз барои мухлисии гурӯҳи футболбозони тоҷик аз шаҳри Кобе, қисмати ғарбии Ҷопон ба шаҳри Осака омадаем."

"Майдони футбол барои 50 ҳазор нафар омода шуда ва дар он қариб 45 000 мухлис ҷамъ омадааст ва дар баробари мардуми Ҷопон мо танҳо ҳудуди 15 тоҷик ҳастем",-гуфтааст ӯ.

Қабл аз бозӣ шореҳони ҷопонӣ дар интернет ҳадс мезаданд, ки бозӣ бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи Ҷопон ба поён хоҳад расид. Вале сармураббии тими миллии Ҷопон дар нишасти хабарии худ, ки рӯзи 10-уми октябр баргузор шудааст, гуфта, ки тими мунтахаби Тоҷикистонро чандон заиф намешуморад.


Ӯ афзудааст, “футболбозони тоҷик бо тими миллии Узбакистон ва Куриёи Шимолӣ бозии хуб анҷом доданд. Аз ин рӯ, рӯ ба рӯ шудан бо тими мунтахаби Тоҷикистон барои мо ҳам чандон саҳл нест. Вале дар ҳар сурат, ба мунтахаби Тоҷикистон пирӯз хоҳем омад.”

Cармураббии тими миллии Ҷопон ба ин суол, ки бозӣ бо кадом ҳисоб анҷом хоҳад пазируфт, посух надодааст. Вай гуфтааст, “дар ҳоли ҳозир посух додан ба ин суол хеле мушкил аст.”

Дар навбати худ Олимҷон Рафиков, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуфтааст, бозӣ бо тими мунтахаби Ҷопон барои онҳо як таҷриба хоҳад буд. Зеро ба қавли ӯ, “тими мунтахаби Ҷопон солҳост, ки ба дар майдонҳои бузург қувваозмоӣ мекунад. Гузашта аз ин, аксари бозигарони тими Ҷопон дар клубҳои Аврупо ҳастанд.”

Оқои Рафикоф дар идомаи сӯҳбаташ афзудааст, “бисёр хуб мешуд, агар мо бо ҳисоби камтарин бозиро мебохтем.”

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон то ин, ки бо дастаи миллии Ҷопон рӯ ба рӯ бишавад, дар бозии аввали сабқати интихобӣ дар майдони худ аз тими миллии Узбакистон ва дар сафар аз мунтахаби Куриёи Шимолӣ бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб гашта буд.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо – Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»), Миралӣ Муродов («Энергетик»), Владимир Сисоев («Регар-ТадАЗ»);

Ҳимоятгарон – Давронҷон Эргашев, Эраҷ Раҷабов, Умед Ҳабибуллоев, Акмал Сабуров, Соҳиб Сувонқулов (ҳама – «Истиқлол»), Фаррух Чориев («Регар-ТадАЗ»);

Нимҳимоятгарон – Ҷаҳонгир Ҷалилов, Иброҳим Рабимов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Маҳмадалӣ Содиқов (ҳама – «Истиқлол»), Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»), Илҳомҷон Ортиқов (ССКА «Помир»);

Ҳамлагарон – Комил Саидов (ССКА «Помир»), Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Вале легионер Фарҳод Восиев, ҳимоятгари «Шинник»-и Ярославли Русия, ки 2-юми сентябр дар бозӣ бо мунтахаби Узбакистон ширкат дошт, дар бозӣ бо Ҷопон иштирок карда наметавонад.

Ҳамчунин Юсуф Рабиев, Фарҳод Тоҳиров, Одил Эргашев (ҳарсе – «Истиқлол»), Алишер Додов, Сафаралӣ Каримов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов (ҳарсе – «Регар-ТадАЗ») ин дафъа ба дастаи мунтахаби кишвар даъват нашуданд.

Тақвими бозиҳои минбаъдаи дастаи Тоҷикистон чунин аст:

11-уми ноябр: Тоҷикистон - Ҷопон

15-уми ноябр: Узбакистон - Тоҷикистон

29-уми феврали соли 2012: Тоҷикистон - Кореяи Шимолӣ
XS
SM
MD
LG