Раҳбарони панҷ созмони хабарнигории Тоҷикистон дар номаи худ ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, аз тақдири ҳамкасби худ - Муҳаммадюсуф Исмоилов, ки даҳ моҳ боз дар боздошт ба сар мебарад, нигароннад.
Ба гуфтаи онҳо, ин амр таҳдиди ҷиддӣ ба озодии сухан дар кишвар аст, ки ба обрӯи байлулмилалии Тоҷикистн ҳам латма хоҳад зад.
Аз ҷумла дар ин баёнияи раҳбарони созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон омадааст: "Созмонҳои журналистии Тоҷикистон аз талаби айбдоркунандаи давлатӣ ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум кардани хабарнигори рӯзномаи "Нури зиндагӣ" Муҳаммадюсуф Исмоилов изҳори ташвиш мекунанд. Чунин ҷазо, ки бо амалҳои рӯзноманигор қиёснашаванда аст, ба озодии васоити ахбори умум хатар эҷод карда, ба эътибори Тоҷикистон ҳамчун давлати пешгирифтаи роҳи рушди демократия зарари ҷиддӣ мерасонад."
Ҳамин тавр, раҳбарони созмонҳои хабарнигорӣ дар баёнияи муштараки худ аз раисиҷумҳур ба унвони кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандандон тақозо кардаанд, ки ки қазияи Муҳаммадюсуф Исмоиловро зери назорати шахсии худ бигирад.
Зери ин баёния, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон, Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Зинатулло Исмоилов, раиси Шӯрои оид ба ВАО, Хуршед Ниёзов, раиси Медиа-Алянси Тоҷикистон ва Адолати Мирзо, раиси Анҷумани байнулмилалии рӯзноманигорони форсизабон - "АФРӮЗ" имзо гузоштаанд.
Муҳаммадюсуф Исмоилов, хабарнигори нашрияи “Нурӣ Зиндагӣ” дар ноҳияи Ашт 10 моҳ боз дар боздоштгоҳ аст ва ӯ барои паст задани шаъну эътибори мақомдорон ва барангехтани маҳалгароӣ ба додгоҳ кашида шудааст. Аммо вакилони дифои ӯ ин иттиҳомотро бепоя медонанд ва мегӯянд, ки Муҳаммадюсуф Исмоилов бояд аз толори додгоҳ озод ва ҳамзамон "сафед" карда шавад.
Вале Амирҷон Ғафуров, ёрдамчии додситони шаҳри Табошар, дар ҷараёни баррасии парвандаи рӯзноманигор дар додгоҳ гуфтааст, бар асоси таҳлили забоншиносии мақолаҳои рӯзноманигор, ҷурми ӯ исбот шудааст ва биноан айбдоркунандаи давлатӣ аз додгоҳ хостааст, ин хабарнигори тоҷик ба мӯҳлати 14 сол аз озодӣ маҳрум карда шавад.
Дар пайи ин дархости додситон ду созмони бонуфузи байнулмилалӣ, Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон (CPJ ) ва Гузоришгарони бидуни марз (RSF) аз муҳокимаи хабарнигори тоҷик Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ ва дархости ҳабси дарозмуддати ӯ башиддат ибрози нигаронӣ карданд.
Рӯзи душанбе (3 октябр) бояд додгоҳ ҳукми худро дар баробари Муҳаммадюсуф Исмоилов эълон мекард. Вале намояндагони додгоҳ гуфтанд, ки ба далели маризии ёвари қозии парвандаи Исмоилов мурофиаи ӯ боз ба таъхир гузошта шудааст.