Онҳо исбот карданд, ки коинот ба суръати ҳарчӣ афзоянда рӯ ба густариш дорад.
Раиси Кумитаи ҷоизаҳои Нобели Академияи салтанатии Шведсия дар соҳаи физика Борйе Йоҳансон мегӯяд, “ин кашфиёт як марҳилаи наве дар омӯзиши кайҳон аст ва на танҳо дар бораи ташаккули коинот, балки фарҷоми эҳтимолии он маълумот медиҳад,”
Йоҳансон гуфт, худи факти густариши коинот аллакай дар солҳои 1920 кашф шуда, аммо баҳс бар сари суръат ва дараҷаи густариш идома дошт. Ақидаи умумӣ ин буд, ки густариш ба энержӣ бастагӣ дорад ва бино бар қувваи ҷозиба суръати он тадриҷан коҳиш хоҳад ёфт. Кашфиёти тоза ин ақидаро беасос баровард.
Зимнан ин кашфиёт ҳамзамон дар ду коргоҳи ҷудогона ба даст омадааст. Гурӯҳе аз олимони амрикоӣ таҳти сарварии Сол Перлмуттер ва гурӯҳи дувум бо раҳбарии олими австралӣ Брайан Шмидт, ки дар он Адам Рисс узви аршад буд, бо мушоҳидаи рӯйдодҳои муҳим дар фосилаи 6 миллиард соли рӯшанӣ ба натиҷае расиданд, ки суръати густариши кайҳон, баръакс рӯ ба афзоиш дорад. Ин натиҷа, тавре намояндагони Кумитаи ҷоизаҳои Нобел гуфтаанд, барои маҳофили илмии ҷаҳон чизи комилан нав аст.
Рӯзи 3-юми октябр Кумитаи ҷоизаҳои Нобел номи барандагони ҷоиза дар тиб ва физиологияро эълом дошт. Ин ҷоиза ба олими амрикоӣ Брюс Бойтлер,
пажӯҳишгари зодаи Люксембург Жюл Хофман барои кашфиёт дар риштаи фаъол гаштани масунияти бадан ва ҳамчунин муҳаққиқи канадаӣ Ралф Стайнман барои кашфи ҳуҷайраҳои дендритӣ ва нақши онҳо дар масунияти мутобиқшаванда тақдим гашт.
Номи Стайнман дар сафи барандагони Ҷоизаи Нобел дар ҳоле эълон шуд, ки вай 30-юми сентябр дар синни 68-солагӣ дар бемористони Донишгоҳи Рокфеллери Иёлоти Муттаҳида фавтид.
Бино бар қоидаҳои Кумитаи Нобел ҷоиза танҳо ба онҳое дода мешавад, ки дар қайди ҳаётанд. Ба ин сабаб дар гузашта номи даҳҳо ашхоси сазовори Ҷоизаи Нобел аз феҳрасти кумита афтодааст. Аммо ин бор Кумитаи ҷоизаҳои Нобел гуфт, аз қоидаҳои худ андаке сарфи назар мекунад ва қарори он бознигарӣ намешавад.