Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқи башар ё тиҷорати сиёсӣ?


Тоҷикистон дар баҳси вазъи ҳуқуқи ин кишвар, ки рӯзи душанбе дар Женева оғоз хоҳад ёфт, зоҳиран маҷбур хоҳад шуд, ба суолҳои тунду нобобе посух бигӯяд.

Интизор меравад, баҳсҳо дар Женева масоили фаровон ва доғи Тоҷикистон: аз сарнавишти сиёсатмадори зиндонӣ Муҳаммадрӯзӣ Искандаров гирифта, то манъи пӯшидани ҳиҷоб ва ҳузури наврасон дар масҷид ва ҳам фишорҳо ба матбуот, аз ҷумла боздошту мурофиаи хабарнигори маҳаллӣ Муҳаммадюсуф Исмоилов ва хабарнигори Би-би-сӣ Урунбой Усмоновро доман кашад.

ОЁ ГУЗОРИШҲО БОЗГӮИ ВОҚЕИЯТ АСТ?

Соҳибназарон мегӯянд, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон бештар зоҳирӣ аст ва гузоришҳое, ки барои СММ оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар пешниҳод мешаванд, усулан аз ҷониби мақомоти давлатӣ таҳия мегарданд, ки вазъи воқеии ин масъаларо бозгӯӣ карда наметавонад.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:26 0:00
Линки мустақим


Раҳматулло Валиев, коршинос ва муовини пешини раиси Ҳизби демократ ба радиои Озодӣ гуфт, дар тамоми
Раҳматулло Валиев

самтҳои ҳаёти ҷомеаи кунунии Тоҷикистон, дар мақомоти додгоҳӣ, дар масъалаи озодиҳои мазҳабиву динӣ, интихобот ва дигарандешиву мансубият ба аҳзоби сиёсӣ, ҳуқуқи инсон поймол мешавад.

Ҷаноби Валиев бо ишора ба сарнавишти Маҳмадрӯзӣ Искандаров гуфт, аз боздошт то муҳокима ва нигаҳдорӣ дар маҳбас, ҳуқуқҳои Искандаров дағалона вайрон карда шудааст: «Ҳама инро медонад, ки Маҳмадрӯзӣ Искандаровро аз Маскав дуздида оварданд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон суди Маҳмадрӯзӣ Искардаровро ноадолатона номид ва гуфт, бояд ӯ аз зиндон озод шавад. Вале ҳанӯзам ӯ дар маҳбас аст. Ман фикр мекунам, ки мисли Маҳмадрӯзӣ Искадаров дар Тоҷикистон бисёр касоне ҳастанд, ки ҳуқуқҳояшон поймол шудааст. Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки ҷои кор дошта бошад, ҳуқуқ ба таҳсил дошта бошад, ҳуқуқ ба интихоботи мунсифона дошта бошад. Озодии баёни андешаро дошта бошад ва дар кадом ҳизби сиёсие бихоҳад шомил шавад. Вале дар кишвари мо аз ҳама ин ҳуқуқҳо бархӯрдор нестанд одамон. Надоштани ҷои кори худ ва маоши ночизе, ки ба зиндагии онҳо намерасад, ин ҳам поймолшавии ҳуқуқи инсон аст. Бояд ҳамаи ин масъалаҳо дар он нишасти Женева воқеъбинона ба баррасӣ гирифта шавад».

"ТИҶОРАТИ СИЁСӢ..?"


Ва аммо Раҷаби Мирзо, коршиноси мустақил бар он, ки дар Женева вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ба таври воқеъбинонаву мунсифона баррасӣ мешавад бовар надорад. Вай бар ин аст, ки баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар созмонҳои байналмиллӣ ба як тиҷорати сиёсӣ табдил ёфтааст ва намешавад бовар кард, ки ин баҳс ҳам мисли ҷаласаҳои пешини СММ ягон натиҷаи дилхоҳ диҳад: "Масъалаи поймолшаваи ҳуқуқҳои Маҳмадрӯзӣ Искандаров борҳову борҳо дар ҳамон созмонҳои байналмиллӣ баррасӣ
Раҷаби Мирзо, коршиноси тоҷик

шудаст, вале куҷост натиҷа. Боз ҳам масъла ин аст, ки кӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад дар Женева? Нафароне, ки тавонанд ин масъалаи муҳимро рӯшану возеҳ ва мунсифона пешниҳод кунад, ба онҷо рафта наметавонанд. Ва онҳое, ки мераванд, ба ин масъалаҳо оҳанги сиёсӣ медиҳанду ҳаллу фасл мекунанд. Ман шахсан чизи муҳимеро аз ин нишасту баррасиҳо интизор нестам, чун медонам, ки ин масъалаҳо ҳатто дар созмонҳои бонуфузи байналмиллӣ ҳам ба тиҷорати сиёсӣ табдил ёфтааст".

АФЗОИШИ ФИШОР БА ОЗОДИҲОИ СИЁСӢ ВА МАЗҲАБӢ

Вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсиву мазҳабӣ дар Тоҷикистон аз ду сол ба ин ҷониб, аз замони қабули қонуни нави дин ва қонуни масъулияти волидайн бештар шиддат гирифт. Давлати Тоҷикистон ба далели маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ, сиёсӣ ва фишор болои матбуот ва озодии баён зарфи қариб ду соли ахир пайваста зери танқиди созмонҳои байналмилалӣ ва дохилӣ будааст.

Намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, ки озодиҳои сиёсӣ низ дар ин кишвар маҳдуд аст ва интихоботҳо таври хостаҳои ҳукумат доир мешаванд. Ахиран ИМА низ аз қонуни масъулияти волидайн, ки озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунад ва танқид намуда ва гуфта буд, ки манъи рафтани афроди то 18-сола ба масҷид бар хилофи озодиҳои мазҳабӣ ва қонуни асосии Тоҷикистон аст.

Мақомоти Тоҷикистон аз посухи билофосила ба ин танқидҳо худдорӣ варзида гуфта буданд, ки посухи худро аз минбарҳои нбайнулмилалӣ хоҳанд гуфт.
XS
SM
MD
LG